wrapper

Хабарҳо

Хизматрасониҳои электронӣ ва фаъолияти терминалҳо

Имрӯз дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 ва аз 30 декабри соли 2019, №642 тасдиқ шудааст, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандону андозсупорандагон ва бештар намудани намудҳои хизматрасониҳои электронӣ 40 адад номгӯи хизматрасониҳои электрониро пешниҳод намудааст, ки андозсупорандагон ва шаҳрвандон аз онҳо истифода карда истодаанд.

Муфассал ...

Самараи фаъолияти терминалҳои хизматрасонӣ ба андозсупорандагон

Бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи андоз ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар аксари нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат толорҳои хизматрасонии электронӣ, яъне терминалҳо ташкил карда шудаанд. Дар ин терминалҳои хизматрасонии электронӣ андозсупорандагон имконият доранд, ки аз шабакаи Интернет ва барномаҳои компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо ройгон истифода карда, ҳисоботи андозии худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Муфассал ...

АНДОЗСУПОРАНДАИ БЕМАСЪУЛИЯТ

Имрӯзҳо ба унвонии идораи рӯзномаи “Боҷу хироҷ ва Шуъбаи иттилоотии Кумитаи андоз (Маркази тамос) бо истифодаи рақами содакардашудаи телефонии 151 аз ҷониби андозсупорандаҳо ва шаҳрвандон муроҷиатҳои зиёд ворид мешаванд. Онҳо оид ба масъалаҳои марбут ба андозу андозбандӣ ва соҳибкорӣ пурсон шуда, хоҳиш мекунанд, ки барояшон ҷавобҳои мушаххас диҳем. Аз ҷумла, чанд нафар хоҳиш кардаанд, ки дар бораи андозсупорандагони бемасъулият маълумоти муфассал диҳем.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, бо сармутахассиси Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмуддин Раҷабов суҳбате доир намудем, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Муфассал ...

АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ЧӢ ГУНА АНДОЗ АСТ?

Вобаста ба ин саволи андозсупорандагон бо сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров суҳбат доир намудем, ки он пешкаши хонандагон мегардад.

Муфассал ...

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ

Рӯзҳои 27-28 августи соли 2020 дар КВД Бозори “Деҳқон”, ҶДММ Бозори “Фаровон” ва ҶДММ Бозори “Сафариён” бо иштироки муовини сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Саъдулло Алимадов, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Зокирзода, нозирони мутасаддӣ ва роҳбарону масъулон ва соҳибкорони бозорҳои мазкур семинар-машварат доир гардид.

Муфассал ...

АНДОЗ АЗ ДАРОМАД: ОН ЧӢ ГУНА МАЪМУРИКУНОНӢ МЕШАВАД?

     Як гурӯҳ андозсупорандагон ба идораи рӯзнома муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки дар хусуси андоз аз даромад ва тартиби андозбандию пардохти он маълумот диҳем. Ба ин хотир, бо мутахассиси Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Барфиев оид ба ин мавзӯъ суҳбате доир намудем, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

Муфассал ...

САНАДИ МУҚОИСАВӢ: ТАРТИБ ДОДАНИ ОН ЧӢ ГУНА СУРАТ ГИРИФТА ИСТОДААСТ?

     Мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагон вазифадоранд, ки уҳдадориҳои худро дар назди давлат тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд. Ҳамчунин, дар доираи муқаррароти қонунгузории андоз, ҷиҳати муайян кардани ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти андоз сари вақт санади муқоисавӣ тартиб диҳанд.

Муфассал ...

БАҚАЙДГИРИИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН ДАР КАДОМ ВАЗЪ ҚАРОР ДОРАД?

   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти моддаи 20 (2)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2017, таҳти №533 “Дар бораи тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият”, тибқи Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 6 феврали соли 2020, таҳти №62 Комиссияи Кумитаи андоз барои хориҷ намудани субъектҳои бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ таъсис дода шудааст.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF