Афзоиши қарзҳо дар шаҳру ноҳияҳо
Дар ин давра бақияи қарзи андозҳо дар шаҳру ноҳияҳои Шоҳмансур 2,6 миллион сомонӣ, Исмоили Сомонӣ 510,0 ҳазор сомонӣ, Фирдавсӣ 594,0 ҳазор сомонӣ, Сино 585,0 ҳазор сомонӣ, Роғун 1,3 миллион сомонӣ, Турсунзода 1,5 миллион сомонӣ, Нуробод 356,0 ҳазор сомонӣ, Сангвор 38,0 ҳазор сомонӣ, Файзобод 118,0 ҳазор сомонӣ, Хуросон 854,0 ҳазор сомонӣ, Дӯстӣ 855,0 ҳазор сомонӣ, Ёвон 972,0 ҳазор сомонӣ, Восеъ 760,0 ҳазор сомонӣ, Фархор 682,0 ҳазор сомонӣ, Балҷувон 2,0 миллион сомонӣ, Деваштич 90,0 ҳазор сомонӣ, Хоруғ 183,0 ҳазор сомонӣ, Дарвоз 23,5 ҳазор сомонӣ, Ванҷ 34,0 ҳазор сомонӣ, Шуғнон 27,0 ҳазор сомонӣ, Роштқалъа 17,0 ҳазор сомонӣ, Ишкошим 16,0 ҳазор сомонӣ ва Мурғоб 45,0 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо дарназардошти таъкиду супоришҳои ҳамешагии роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ шумораи андозсупорандаҳои қарздор мебоист кам гардад. Аммо, сарфи назар аз ин, шумораи андозсупорандагони қарздор баракс рӯ ба афзоиш дорад, ки боиси нигаронии мақомоти андоз гардидааст.
Огоҳинома - чораи таъсиррасон
Яке аз чораҳои таъсиррасон ва ибтидоии маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсоли огоҳиномаҳо ба андозсупорандаҳои қарздор оид ба пардохти қарзи андоз мебошад. Вале, ҳарчанд таҳияи огоҳиномаҳо ба воситаи барномаи компютерии «Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо» роҳандозӣ шудаю фаъолияти мақомоти андоз дар ин самт осонтар гардидааст, боз ҳам, тавре мушоҳида мешавад, аз ҷониби кормандони шуъбаҳои хизматрасонӣ ба андозсупорандагон талаботи Кодекси андоз ва «Дастури методӣ дар бораи татбиқи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо» оид ба пешниҳоди огоҳинома ба андозсупоранда хуб риоя нагардидаанд.
Тадбирҳо
Аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз ва андешидани чораҳои пешбинишудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбати 3 839 андозсупорандаи қарздор 5 097 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 965,4 миллион сомонӣ қабул карда шудааст. Аз ҷумла 2 150 адад қарор дар бораи ситонидани қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби андозсупоранда ва дебиторони вай ба маблағи 877,0 миллион сомонӣ, 98 адад қарор дар бораи ситонидани қарзи андозҳо бо роҳи ҳабси молу мулк ва маҳсулоти тайёри андозсупоранда ба маблағи 22,0 миллион сомонӣ ва 2 849 адад қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда ба маблағи 66,0 миллион сомонӣ қабул гардидааст.
Зикр бояд кард, ки аз ҳисоби қарорҳои мазкур дар ин давра ба буҷети давлатӣ 761,8 миллион сомонӣ, аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2017 қабулгардида 73,4 миллион сомонӣ ворид шудааст. Маблағи умумии ба буҷет воридшуда, дар маҷмӯъ, 835,0 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 266,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи қарорҳои қабулгардида нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 -ум 1 147 адад зиёд аст.
Вазъи иҷрои қарорҳо
Тибқи гуфтаи сардори Раёсати ситонидани қарзи андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Қурбонов вазъи иҷрои қарорҳо дар ин самт чандон хуб нест. Дар ин давра ҳарчанд нисбати як қатор андозсупорандаҳои қарздор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қарорҳо қабул гардидаанд, аммо иҷрои онҳо пурра таъмин нашудаанд. Дар нозиротҳои андози як қатор шаҳру навоҳии кишвар маблағҳои аз ҳисоби қарорҳои воридгардида ҳамагӣ то 30 фоизи маблағи қарорҳои қабулшударо ташкил менамояду халос.
Масалан, ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои Шоҳмансур 71,0 фоиз, Исмоили Сомонӣ 82,0 фоиз, Сино 80,0 фоиз, Ваҳдат 60,0 фоиз, Роғун 66,7 фоиз, Ҳисор 60,0 фоиз, Рӯдакӣ 62,5 фоиз, Файзобод 81,8 фоиз, Исфара 86,7 фоиз, Конибодом 84,6 фоиз, Хуҷанд 71,4 фоиз, Истаравшан 66,7 фоиз, Истиқлол 71,4 фоиз, Ашт 82,4 фоиз, Мастчоҳ 62,5 фоиз, Спитамен 77,0 фоиз, Ҷаббор Расулов 75,0 фоиз, Шаҳристон 80,0 фоиз, бахшҳои шуъбаи Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд аз ҷумла: Бобоҷон Ғафуров 70,0 фоиз, Истаравшан 90,5 фоиз, Спитамен 75,0 фоиз, Хуросон 75,0 фоиз, Қубодиён 66,7 фоиз, Ҷайҳун 71,4 фоиз, Ёвон 76,2 фоиз, Кӯлоб 80,0 фоиз, Восеъ 77,0 фоиз, Данғара 72,7 фоиз, ва Балҷувон 80,0 фоизро ташкил додаанд.
Ҳабси молу маҳсулот
Таҳти ҳабс қарор додан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти тайёри андозсупоранда яке аз чораҳои таъсирбахш дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 78 адад қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз бо роҳи ҳабси маҳсулоти тайёри андозсупоранда ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ қабул гардидааст. Мутобиқи махзани маълумоти феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 148 ҳазор хоҷагии деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора зиёда аз 28 200 адади он ба санаи 01.10.2018 ба маблағи 57,4 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.
Вазифа ва масъулият
Ин аст, ки Раёсати ситонидани қарзи андозҳои Кумитаи андоз, раёсатҳои андоз дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи андоз вазифадор карда шуданд, ки оид ба таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки қарорҳои қабулгардида дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо чораҳои мушаххас андешанд, бо мақсади кам намудани бақияи қарзи андозҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ба мақомоти ҳудудии андоз гурӯҳҳои кориро сафарбар карда, самаранокии фаъолияти нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои кишварро таъмин созанд. Ҳамзамон, ба мақомоти андоз супориш дода шуд, ки ҷиҳати кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандаҳои қарздор, инчунин, роҳ надодан ба пайдоиши қарзҳои нави андозӣ талаботи қонунгузориро татбиқ намоянд.
Хуллас, ҳар як корманди соҳаи андоз бояд дарк кунад, ки танҳо ташкили дурусти кор, босифат анҷом додани корҳои назоратӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, хуб ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ миёни андозсупорандаҳо ва иҷрои дурусти уҳдадориҳои мансабӣ имкон фароҳам меорад, ки иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” хуб таъмин гардад.
Фирдавси АБДУРАҲМОН