wrapper

Хабарҳо

   Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи а н до з в а қа р о рҳо и ҳайати Мушовараи Кумитаи андоз дар самти кам намудан ва пешгирии ҳолатҳои зиёдшавии бақияи қарзи андозҳо, шумораи андозсупорандагони қарздор ва таъмини иҷрои қарорҳои қабулгардида доир ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо дар доираи ваколатҳои худ чораҳои мушаххас андешида истодааст.

   Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят, дар маҷмӯъ, маблағи 174,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 10,2 млн. сомонӣ кам шудааст.

   Бақияи қарзи андози иҷтимоӣ маблағи умумии 71,3 млн. сомонӣ, аз он ҷумла, буҷетӣ 7,8 млн. сомонӣ ва ғайрибуҷетӣ 63,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки мутаассифона, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, зиёдшавӣ аз ҳисоби андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 2,6 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби андози иҷтимоии буҷетӣ 732,8 ҳазор сомонӣ ба чашм мерасад. Аммо нисбат ба моҳи сентябр, дар маҷмӯъ, ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ (буҷетӣ 834,1 ҳазор сомонӣ ва ғайрибуҷетӣ 915 ҳазор сомонӣ) кам шудааст.

   Шумораи андозсупорандагони қарздор ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳамагӣ 23260 ададро дар бар гирифта, нисбат ба аввали сол ба миқдори 2887 адад, аз он ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 695 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 2192 адад кам гардидааст. Аммо дар 9 шаҳру ноҳия шумораи андозсупорандагони қарздор 1250 адад зиёд шудааст. Аз ҷумла, он дар шаҳру ноҳияҳои Кушониён 135 адад, Шаҳритус 430 адад, Ёвон 339 адад, Носири Хусрав 108 адад, Левакант 30 адад, Кӯлоб 34 адад, Восеъ 160 адад, Балҷувон 6 адад ва Норак 8 ададро ташкил медиҳад.

   Бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии 14808 андозсупоранда ба маблағи 225,1 млн. сомонӣ огоҳинома ирсол гардида, аз ин ҳисоб 102,4 млн. сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки 45 фоизи маблағи огоҳиномаҳоро ташкил медиҳад.

   Аз шумораи умумии 14808 адад огоҳиномаҳо 4376 адади он ба шахсони ҳуқуқӣ, 10432 адад ба соҳибкорони инфиродӣ (бо дарназардошти ХДФ) ирсол шудааст.

   Тибқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи мақомоти ҳудудии андоз дар давоми 9 моҳи соли 2018 дар сатҳи вилоят нисбати андозсупорандагони қарздор ба маблағи умумии 77,4 млн. сомонӣ 1677 адад қарор қабул ва аз ин ҳисоб ба даромади буҷет маблағи 43,1 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки 56%-и маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии 1677 адад қарор иҷрои 1102 адади он пурра таъмин гардидааст, ки 66%-и шумораи умумии қарорҳои мазкурро дар бар мегирад.

  Аз шумораи умумии 1677 адад қарорҳои дар соли 2018 қабулгардида 583 адади он ба маблағи 43,1 млн. сомонӣ дар бораи ситонидани қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисоби бонкӣ мавҷудбудаи андозсупоранда ва дебиторони он, 33 адад қарор ба маблағи 2,8 млн.сомонӣ дар бораи ситонидани қарзи андозҳо бо роҳи ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он, 1061 адад қарор ба маблағи 31,5 млн. сомонӣ дар бораи ситонидани қарзи андозҳо аз ҳисоби пули нақдии андозсупорандагон мебошад.

   Иҷрои 327 адад қарори қабулгардидаи соли 2017 ба маблағи умумии 49,3 млн. сомонӣ то ҳол идома дорад. Дар соли 2017 ба маблағи 12,7 млн. сомонӣ ва дар давоми 9 моҳи соли 2018 ба маблағи14,5 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки ин 55,2%-и маблағи умумии қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии 327 адад қарорҳои дар соли 2017 қабулгардида то имрӯз танҳо иҷрои 133 адади он пурра таъмин гардидааст, ки ин ҳамагӣ 40,7%-и шумораи умумии қарорҳои мазкурро дар бар мегирад.

   Ҳамин тариқ, дар миқёси вилоят дар соли 2018 тибқи тартиби ғайрисудии маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо аз ҳисоби қарорҳои амалкунандаи соли 2017 ва қарорҳои дар соли 2018 қабулгардида ба маблағи умумии 57,6 млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки 5 5 , 5 % - и маблағи умумии қарорҳои қабул гардидаро (солҳои 2017 - 2018) ташкил менамояд.

   Мутобиқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи мақомоти ҳудудии андоз доир ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар маҷмӯъ, иҷрои 121 адад қарори қабулгардидаи соли 2017 дар бораи ситонидани қарзи андозҳо бо роҳи ҳабси маҳсулоти тайёри андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он ба маблағи умумии 6 745,5 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ таъмин нашуда, иҷрои онҳо ба соли 2018 гузаронида шудааст. Аз ҳисоби қарорҳои мазкур дар соли 2017 маблағи 1 082,5 ҳазор сомонӣ ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1 209,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

   Маблағҳои дар соли 2018 аз ҳисоби қарорҳои ҳабс воридгардида асосан тариқи нақдӣ, яъне бидуни ҳабси маҳсулот ва ба фурӯш баровардани он аз ҷониби андозсупорандагон ба буҷет пардохт шудааст. Бақияи маблағи қарорҳои мазкур ба ҳолати 1 октябри соли 2018-ум 4 457,1 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

   Яке аз сабабу омилҳои пурра таъмин нагардидани иҷрои қарорҳои ҳабси маҳсулоти тайёр аз он иборат аст, ки дар баъзе мавридҳо аз ҷониби шахсони масъули нозиротҳои андоз ҳангоми омода ва пешниҳод намудани маълумот ба Кумитаи андоз ҷиҳати қабули қарор беаҳамиятӣ зоҳир гардида, ҳолатҳои воқеии фаъолияти андозсупорандагон ва ё эҳтимолияти иҷро гардидани қарорҳо пурра омӯхта нашудааст. Яъне дар асл мавҷуд будани молу мулк ва ё маҳсулоти кишоварзӣ ба инобат гирифта нашудааст, ки ҳолатҳои мазкур боиси то ҳанӯз таъмин нагардидани иҷрои қарорҳо гардидааст.

   Новобаста аз чораҳои андешидашуда ва сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта Раёсати андоз дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои ба зиммадошта баҳри таъмини иҷрои қарорҳои қабулгардида, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор тамоми чораҳои иловагиро меандешад.

Ш. САФАРЗОДА,

сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои

Раёсати андоз дар вилояти Хатлон

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF