Мутобиқи таҳлилҳо аз рӯи натиҷаи соли молиявии 2017 дар 901 ҳолат андозсупорандагон фаъолияти худро бо 2 млрд 385 млн. сомонӣ фоида ва дар 173 ҳолат бо 85,9 млн. сомонӣ зарар ҷамъбаст намудаанд. Инчунин, дар 81 ҳолат шахсони хуқуқӣ эъломияи андоз аз фоидаро тариқи сифрӣ пешниҳод кардаанд.
- Афзоиши даромади умумӣ дар соли 2017 нисбати соли 2016 маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ё ин ки 140 фоиз зиёд гардид. Ин нишондод дар нозиротҳои андоз 115,1 фоиз, Шуъбаи Суғдии Нозироти андозсупорандагони миёна 128,3 фоиз ва Шуъбаи Суғдии Нозироти андозсупорандагони калон 153,0 фоиз мебошад. Новобаста ба ин, то ҳол шахсони масъул ҳангоми қабули эъломияи андоз ба нишондодҳои асосии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, ки дар натиҷа шумораи зиёди андозсупорандагон фаъолияти худро бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намуда истодаанд. Шумораи бештари андозсупорандагони бо зарар ҷамъбаст намуда дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 11 адад , Конибодом 10 адад , Панҷакент ва Исфара 9-ададӣ ва Мастчоҳ 8 адад, Бахши НАМ Хуҷанд 46 адад, бахши НАМ Б. Ғафуров 18 адад, НАМ Истаравшан 14 адад ва ШСНАК 7 ададро ташкил додааст.
Таҳлили интихобии эъломияҳои андоз аз фоида барои 2017 дар шаҳру ноҳияҳое, ки гурӯҳҳои кории Раёсати андози вилоят фаъолият намудаанд, нишон медиҳад, ки ҳангоми қабули эъломияи андоз ба нишондодҳои асосии фаъолияти андозсупоранда, дурустии тартиби пур намудани замима ва сатрҳои эъломия, асоснокии тарҳи хароҷот, дурустии даромади умумӣ дар муқоиса бо нишондоди эъломияи андоз аз арзиши иловашуда қабул гардидааст. Камбудиҳои дигаре, ки ҳангоми гузаронидани таҳлил ва корҳои назоратӣ ошкор шудаанд, ин аз ҷониби шахсони масъул мавриди таҳлил ва муқоиса қарор надодани нишондоди эъломияи андоз аз фоида бо тавозуни муҳосибӣ махсусан дар қисмати бақияи молҳо, истеҳсолоти нотамом, афзоиш ва ё камшавии ӯҳдадориҳо ва дороиҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, тағйирёбии фоидаи софи тақсимнашуда, гардиши воситаҳои пулӣ ба аввал ва охири давраи ҳисоботӣ, ки тағйирёбии онҳо ба ҳисоби андоз аз фоида ва дигар намуди андозҳо вобастагии бевосита доранд. Дар ноҳияи Зафаробод аз 24 адад супорандагони андози фоида то ба имрӯз 5 нафари онҳо эъломияи фоидаи соли 2017-ро пешниҳод накардаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич 2 адад, Конибодом 4 адад, Мастчоҳ 2 адад, Кӯҳистони Мастчоҳ 4 адад, Истиқлол 2 адад ва Б.Ғафуров 2 адад эъломияи андоз аз фоида боқӣ мондааст. Шумораи бештари эъломияҳои пешниҳоднашудаи андози фоида дар бахши НАМ дар шаҳри Хуҷанд 26 адад, Бахши НАМ дар ноҳияи Б.Ғафуров 24 адад ва дар маҷмуъ дар Шуъбаи Суғдии НАМ 79 ададро ташкил медиҳад. Ин ҷо зарур аст, ки барои пешгирӣ намудани чунин хатогиҳо дар соли оянда ҳар як ҳолати пешниҳод нашудани эъломияи андози мазкур дар алоҳидагӣ омӯхта шуда, чораҷӯӣ шавад. Маблағи зарари зиёдтар дар эъломияҳои андоз аз фоида дар нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 11,1 млн. сомонӣ, Исфара 2,7 млн. сомонӣ, Конибодом 2,1 млн. сомонӣ, Бахши Хуҷандии НАМ 9,8 млн. сомонӣ, Бахши НАМ дар шаҳри Гулистон 3,0 млн. сомонӣ, Б.Ғафуров 16,3 млн. сомонӣ, Ҷ.Расулов 6,2 млн. сомонӣ мавҷуд аст.
Аз ин ҷиҳат, нозиротҳои андозро зарур аст, ки ба таҳлили эъломияи андоз аз фоида ва тавозуни корхонаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, дурустии нишондиҳандаҳои дар эъломияҳо сабтшудаи андозсупорандагон ва таркиби хароҷоти нишондодаи корхонаву ташкилотҳоро мавриди таҳлили дақиқ қарор диҳанд. Зеро аз дуруст ба роҳ мондани маъмурикунонии он ҳисоби пардохтҳои ҷории андоз аз фоида барои давраҳои минбаъда вобастагии калон дорад.
Натиҷаи корҳои таҳлиливу назоратӣ дар самти ҳисоб ва пардохти андоз аз суди саҳмияҳо аз тақсимоти фоидаи софи соли молиявии 2017 нишон медиҳад, ки аксарияти андозсупорандагон аз беназоратии мақомоти ҳудудии андоз истифода намуда, маълумотнома оид ба андоз аз суди саҳмияҳоро ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод накардаанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти андози вилоят барои нимсолаи соли 2018 ин масъала мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои ислоҳи камбудиҳо нозиротҳои андоз вазифадор гардида буданд. Инчунин аз тарафи Раёсати андоз аз нишондодҳои маҳзани барномаи компютерӣ ҳолати пешниҳоди саривақтии андоз аз суди саҳмияҳо ва тавозуни муҳосибии корхонаҳо дар алоҳидагӣ аз рӯи ҳар як субъекти хоҷагидор мавриди таҳлил қарор дода шуда, рӯйхати корхонаҳо дар асоси барқия барои корбарӣ ба нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида буд. Таҳлилу назорат дар самти корҳои анҷомдодашуда оид ба пешниҳоди маълумотномаи андоз аз суди саҳмия ва тавозуни муҳосибӣ баъди ирсоли рӯйхат ва барқияи супоришӣ нишон дод, ки аз тарафи нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Ҷ, Расулов, Исфара, Деваштич ва Б.Ғафуров нисбатан корбарӣ гардида бошад ҳам, аммо аз тарафи дигар шаҳру ноҳияҳо тағйироти назаррас дида намешавад.
Пешниҳоди тавозуни муҳосибӣ дар нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо (ба истиснои НАК ва НАМ) дар ҷамъбасти нимсолаи аввал 74,3 фоизро ташкил дода, ин нишондод ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ ба 82,0 фоиз баробар гардидааст. Фоизнокии нисбатан пасти пешниҳоди тавозуни муҳосибӣ дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 47,4%, Шаҳристон 47,4, Деваштич 72,0 % ва Панҷакент 74,1 фоизро ташкил додааст.
Дар ин асос, бо мақсади дар амал дуруст ва пурра татбиқ намудани муқаррароти моддаҳои 17 ва 126 Кодекси андоз оид ба ҳисоби андоз аз суди саҳмияҳо ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии маблағи андози мазкур мақомоти ҳудудии андозро зарур аст, ки нисбат ба истифодабарии фоидаи софи баъди андозбандӣ боқимондаи шахсони ҳуқуқӣ то охири соли ҷорӣ тамоми чораҳоро андешида, барои дуруст ҳисоб намудани маблағи андоз аз суди саҳмияҳо аз ҷониби андозсупорандагон назорат намоянд. Инчунин маблағҳои дар ҳисобварақаи андозсупорандагон оид ба суди саҳмияҳо ҳисобшуда сифатнок ва сари вақт баррасӣ карда шаванд.
Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
вилояти Суғд