wrapper

Хабарҳо

   Дар нуҳ моҳи соли 2018 нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар миқёси вилояти Суғд 104,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 353,8 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 16,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Мутаассифона, иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 дар сатҳи вилоят, ҳамагӣ 87,8% таъмин гардид. Дар натиҷаи иҷро нагардидани нақша аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 22,1 млн. сомонӣ маблағи андози иҷтимоии буҷетӣ ворид нагардид.

   Аз натиҷаҳои таҳлили анҷомдодаи мақомоти андози вилояти Суғд ва маълумоти СИА «Баҳисобгирии андозҳо» бармеояд, ки шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнат дар эъломияҳо пурра дарҷ карда намешаванд. Бинобар ин, дар миқёси вилоят андозҳои ҳисобшудаи ин намуди андоз нисбати ҳамин давраи соли гузашта танҳо ба андозаи 108,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондод дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Бахши НАМ Б.Ғафуров, Бахши НАМ Ҷ.Расулов, Бахши НАМ Хуҷанд ва Шуъбаи Суғдии НАК аз 101,9 то 106,7 фоизро ташкил медиҳад.

   Шумораи коргарони кироя ва музди меҳнат мувофиқи барномаи компютерӣ дар 1971 ҳолат ба миқдори 9070 нафар коргари кироя зиёд гардида бошад ҳам, дар 1929 ҳолат ба миқдори 8598 нафар аз ин ҳисоб музди меҳнат ба маблағи 87,0 млн. сомонӣ кам гардидааст, аз он ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд дар 284 ҳолат 782 нафар ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ, Конибодом дар 97 ҳолат 368 нафар музди меҳнат ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ кам, Панҷакент дар 104 ҳолат 378 нафар музди меҳнат ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ, Шуъбаи Суғдии НАМ дар 338 ҳолат 1431 нафар музди меҳнат ба маблағи 13,2 млн. сомонӣ, Гулистон дар 33 ҳолат 79 нафар музди меҳнат ба маблағи 532,0 ҳазор сомонӣ, Бӯстон дар 42 ҳолат 120 нафар музди меҳнат ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ, Истаравшан дар 132 ҳолат 270 нафар музди меҳнат ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Спитамен дар 109 ҳолат 439 нафар музди меҳнат ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ, Б.Ғафуров дар 149 ҳолат 351 нафар музди меҳнат ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ, Ҷ.Расулов дар 85 ҳолат 212 нафар музди меҳнат ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ, Зафаробод дар 115 ҳолат 271 нафар музди меҳнат ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ, Ашт дар 52 ҳолат 143 нафар музди меҳнат ба маблағи 972,7 ҳазор сомонӣ, Деваштич дар 52 ҳолат 190 нафар музди меҳнат ба маблағи 835,6 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ дар 128 ҳолат 436 нафар музди меҳнат ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ, дар Шуъбаи Суғдии НАК дар 49 ҳолат 2500 нафар музди меҳнат ба маблағи 42,5 млн. сомонӣ кам карда шудааст, ки яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани манбаи андозбандии андози даромад ва андози иҷтимоӣ гардидааст.

   Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.06.2016, №697 ҳадди ақали музди меҳнат дар ҷумҳурӣ 400 сомонӣ муқаррар гар­дида бошад ҳам, аммо субъектҳои хоҷагидор ҳангоми ба кормандони худ пардохт намудани музди меҳнат, пеш аз ҳама бояд музди миёнаи моҳонаи дар қаламрави шаҳр ё ноҳияи дахлдор амалкунанда ва музди меҳнати андозсупорандагони ба фаъолияти шабеҳ машғулбударо ба инобат гиранд. Яъне музди меҳнат бояд воқеъбинона ва бо дарназардошти шароити имрӯзаи бозорӣ муайян шавад. Аз маълумоти барномаи СИА “Баҳисобгирии андозҳо” аён мегардад, ки то ҳол баъзе аз андозсупорандагон музди меҳнати коргарони кирояро аз ҳадди ақали музди меҳнат кам ҳисоб менамоянд. Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ дар 28 ҳолат, Ашт 20 ҳолат, Б.Ғафуров 74 ҳолат, Деваштич 19 ҳолат, Зафаробод 28 ҳолат, Спита­мен 32 ҳолат, Ҷ.Расулов 55 ҳолат, Мастчоҳ 43 ҳолат, Бӯстон 19 ҳолат, Гулистон 12 ҳолат, Истаравшан 50 ҳолат, Исфара 31 ҳолат, Конибодом 32 ҳолат, Панҷакент 49 ҳолат, Хуҷанд 105 ҳолат музди миёнаи меҳнат аз 50 то 400 сомонӣ ҳисоб гардидааст.

   Аз ин лиҳоз нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки мунтазам тамоюли пастравии маблағи ҳисобшудаи ин намуди андозро мавриди назорат ва таҳлил қарор дода, бо истифода аз тамоми ваколатҳо баҳри афзоиши он дар моҳҳои минбаъда чораҷӯӣ намоянд.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,

вилояти Суғд

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF