wrapper

Хабарҳо

   Андешидани тадбирҳои судманд дар самти ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва сари вақт гирифтани пеши роҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо яке аз он омилҳоест, ки интизоми пардохти андозҳоро таъмин намуда, ба ҷорӣ гардидани тартиботи ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад ва дар баланд бардоштани фарҳанги андозсупории андозсупорандагон мусоидат мекунад.

   Назорати андоз, ки тибқи талаботи моддаи 37 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад, дар гирифтани пеши роҳи қонунвайронкуниҳои андоз мавқеи муҳим дорад. Аз ин нуқтаи назар назорати камералӣ қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳо маҳсуб меёбад.

   Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода ба масъалаи сифатнок гузаронидани назорати камералӣ ҳамеша диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд. Онҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар фаъолияти 47 нафар андозсупорандаи ҳуқуқию воқеӣ назорати камералӣ гузаронида, ба унвонии андозсупорандагон ба маблағи 4272288 сомонӣ огоҳинома пешниҳод карданд. Дар натиҷа, аз ҷониби андозсупорандагон ба маблағи 3021705 сомонӣ эъломияҳои иловагии андоз пешниҳод карда шуда, аз ҳисоби ҳақдорӣ 1185769 сомонии он пӯшонида шуд.

   Мутобиқи муқаррароти банди 4 қисми 3 моддаи 22, моддаи 37 ва қисми 4 моддаи 65, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Стан­дарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар фаъолияти воҳиди алоҳидаи ҶДММ “Нил-Сохтмон” дар шаҳри Турсунзода дар асоси омӯзиш, таҳлилу муқоисаи ҳисоботҳо - эъломияҳои андози ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи андозсупоранда, инчунин, дигар маълумоти дастрасшуда (андозсупорандагони шабеҳ ва фаъолияти якхела) назорати камералӣ барои давраи аз 01.02. 2017 то 31. 08. 2018 гузаронида шуд.

   Дар ҷараёни назорати камералӣ муайян шуд, ки воҳиди алоҳидаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Нил Сохтмон” дар маҳаллаи 3-и шаҳри Турсунзода аз моҳи феврали соли 2017 ба сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ машғул мебошад. Тибқи эъломияҳои аз тарафи андозсупоранда ба мақомоти ҳудудии андоз пешниҳодшуда андозсупоранда аз моҳи феврали соли 2017 то августи соли 2018 дар ҳисоботи ба мақомоти андоз пешниҳодкардааш 14 нафар корманди кироя нишон дода, дар ин давра ба ҳисоби миёна ба ҳар корманд дар як моҳ 775 сомонӣ музди меҳнат додааст. Чуноне ки аз таҳлилҳо бармеояд, андозсупоранда дар эъломияҳои ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи хеш шумораи кормандони кирояро кам нишон дода, мутобиқ ба маълумоти Агентии омор дар пардохти музди меҳнат низ ба таҳрифкорӣ роҳ додааст.

   Бояд қайд кард, ки мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи коргарони кироя аз рӯи соҳаи фаъолият ба ҳисоби миёна дар соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи сохтмон 2149 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бо дарназардошти тартиботи муқарраршуда тибқи моддаи 23 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шакли амалиёт (аҳд) бо мазмунаш мутобиқат накунад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад мувофиқи вазъи воқеӣ онро тағйир диҳад ва ё муайян кунад.

   ҶДММ “Нил Сохтмон” дар шаҳри Турсунзода тибқи талаботи моддаҳои 95-104 ва 212- 218 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандаи ан­доз аз даромад ва андози иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар асоси эъломияҳои ба мақомоти ҳудудии андоз пешниҳоднамудааш дар давраи фаъолияти хеш (аз моҳи феврали соли 2017 то 31 августи соли 2018) фонди музди меҳнатро 218704 сомонӣ нишон дода, аз он бо меъёри 8,13 % андози даромадро ба маблағи 27938 сомонӣ ҳисобӣ намудааст. Мувофиқи рақамҳои дар боло нишондодашуда музди миёнаи меҳнати моҳонаи ҳар як коргар дар як моҳ 588 сомониро ташкил додааст, ки ин хилофи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи кормандони кироя аз рӯи соҳаи фаъолият мебошад.

   Бинобар гуфтаҳои боло назорати камералӣ муайян намуд, ки дар объекти номбурда шумораи воқеии кормандони кироя 28 нафаррро ташкил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар фонди музди меҳнатро ба маблағи 311000 сомонӣ аз нав муайян намуда, маблағи андозро бо меъёри 8 фоиз иловатан 24880 сомонӣ ҳисобӣ намуд.

   Аз тарафи андозсупоранда дар асоси эъломияҳои ба нозироти андоз пешниҳоднамуда дар давраи таҳти назорати камералӣ қарордошта музди меҳнати кормандон 218704 сомонӣ ҳисоб карда шуда, аз он 54676 сомонӣ ҳамчун андози иҷтимоӣ пардохт шудааст. Санҷиши назорати камералӣ фонди музди меҳнатро ба маблағи 311000 сомонӣ аз нав муайян карда, маблағи андози иҷтимоиро бо меъёри 25 % ба маблағи 77750 сомонӣ муқаррар намуд. Фарқияти маблағи ҳисобишуда дар ин давра ҳамчун андози иҷтимоӣ 77750 сомонӣ ҳисобӣ шуд.

   Дар ҷараёни назорати камералӣ маълум шуд, ки ҶДММ “Нил Сохтмон” дар шаҳри Турсунзода дар давраи ҳисоботии моҳи феврали соли 2017 то августи 2018 талаботи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби дуруст ҳисоб намудани андозҳоро риоя накарда, бо ин амалаш ба буҷети мамлакат зарар овардааст.

   Назорати камералӣ дар асоси омӯзиши маводи парвандаи ҳуқуқӣ ва маълумотҳои дигари дастрасгардида кам ҳисоб карда шудани андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андози иҷтимоиро дар фаъолияти воҳиди алоҳидаи ҶДММ “Нил Сохтмон” дар ҳаҷми 102630 сомонӣ муқаррар намуд.

   Назорати камералӣ дар фаъолияти Муассисаи “Таълимии хусусии Гимназияи № 2-и шаҳри Турсунзода” низ пинҳонкунии маблағи калони андозҳоро ошкор намуд. Муайян шуд, ки муассиса дар асоси Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба фа­ъолияти таълимӣ машғул буда, мутобиқи талаботи мод даи 126 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 супорандаи андози суди саҳмияҳо мебошад.

   Муқоиса ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои муҳосибии муассиса нишон дод, ки даромади муассисаи таълимӣ дар соли 2017 мувофиқи эъломияҳои пешниҳодшуда 11749666 сомонӣ буда, фоидаи софи корхонаи резидентӣ 352400 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр дар рафти санҷиши назорати камералӣ маълум шуд, ки аз тарафи Муассисаи “Таълимии хусусии Гимназияи №2 дар шаҳри Турсунзода” дар давраи ҳисоботии соли 2017 талаботи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби дуруст ҳисоб кардани андози суди саҳмияҳо дағалона вайрон шудааст, ки он боиси ба буҷет ҳисоб ва пардохт нагардидани 42299 сомонӣ андозҳо гардидааст.

М. ТАБАРЗОДА

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF