wrapper

Хабарҳо

   Санҷишҳои андоз, асосан, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини воридоти саривақтии маблағи андози дар рафти санҷиш ошкоршуда ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни андозсупорандагон ҷиҳати минбаъд ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надодани андозсупорандагон гузаронида мешавад.

   Агарчи маданияти андозсупории андозсупорандагон нисбат ба давраҳои қаблӣ беҳтар гардида, сатҳи қонунунвайронкуниҳои андоз нисбатан коҳиш ёфтааст, аммо ҳоло ҳам дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ дар фаъолияти андозсупорандагони алоҳида қонунвайронкуниҳои андоз ошкор шуда истодааст.

   Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорон мақомоти андоз дар фаъолияти соҳибкорон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ мегузаронанд. Яке аз чунин корҳои назоратӣ ин гузаронидани санҷиши амалиётӣ ба ҳисоб меравад, ки мақсад аз ин амал боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорон ва пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз аз тарафи андозсупорандагон мебошад.

   Тавре сардори шуъбаи санҷишҳои амалиётӣ, муоинаи хронометражӣ ва пешгирии соҳибкории ғайриқонунии Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Маҳмадраҷабзода иттилоъ дод, аз тарафи мақомоти ҳудудии андоз дар нуҳ моҳи соли 2018 дар асоси 605 амрнома фаъолияти 22544 андозсупоранда, аз ҷумла, 2509 шахси ҳуқуқӣ, 16172 соҳибкори инфиродӣ таҳти санҷиши амалиётӣ қарор дода шудааст. Дар натиҷа, 3892 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор ва бо ҳуҷҷатҳои фаъолияти соҳибкорӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин, дар рафти санҷишҳои амалиётӣ дар фаъолияти 433 шахси ҳуқуқӣ ва 838 соҳибкори инфиродӣ, дар маҷмӯъ, 1271 мошини назоратӣ- хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-и дорои ТИЭ) насб шуд.

   Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷишҳои амалиётӣ ошкор шудааст, ки 2802 нафар коргари кироя бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шуда будаанд. Дар натиҷа, коргарони кироя бо шартномаҳои меҳнатӣ таъмин шуда, нисбати андозсупорандагони мазкур протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардид. Дар баробари ин, баъзе нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ коргарони кирояи ба кор ҷалбшудаи беқайдро ошкор ва пешгирӣ накардаанд, ки ҳолати мазкур ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, бахусус андози иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонидааст. Масалан, нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Норак, Кушониён, Муъминобод, Ховалинг, Турсунзода, Сангвор ва мақомоти андози ВМКБ дар рафти санҷишҳои амалиётӣ умуман коргарони кирояи беқайдро ошкор накардаанд. Ин дар ҳолест, ки нисбати ин нозиротҳои андоз дар ҷаласаи қаблан гузаронидашуда таъкид шуда буд, вале бо гузашти вақт дар самти ошкор ва ба қайд гирифтани коргарони кироя ягон чораи дахлдор андешида нашудааст.

   Номбурда гуфт, ки дар давраи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ нисбати 4433 нафар андозсупоранда барои риоя накардани қонунгузориҳои андоз ба маблағи 7950,2 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шудааст.

   Маблағи ҷаримаҳои татбиқгардида дар Раёсати санҷиши андозҳои Дастгоҳи марказии Кумитаи андоз 535 протокол ба маблағи 1803,1 ҳазор сомонӣ, Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе 397 протокол ба маблағи 610,6 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд 2026 протокол ба маблағи 2983,1 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 787 протокол ба маблағи 1143 ҳазор сомонӣ, ВМКБ 23 протокол ба маблағи 15,3 ҳазор сомонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 620 протокол ба маблағи 1138 ҳазор сомонӣ, Нозироти ан­дозсупорандагони калон (НАК) 14 протокол ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ ва Нозироти андозсупорандагони миёна (НАМ) 31 протокол ба маблағи 147,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

   Зимнан, ҳангоми гузаронидани санҷиши амалиётӣ 46 нуқта ба миқдори 872 адад молҳои беаксиз ва ё тамғаҳои аксизи қалбакӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Инчунин, дар рафти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ аз тарафи мақомоти ҳудудии андоз 727 ҳолати бе қайд дар мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул аз ҷониби шахсони воқеӣ ошкор шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби шуъбаи санҷишҳои амалиётии Дастгоҳи марказии Кумитаи андоз 26 нафар, шаҳри Душанбе 44 нафар, вилояти Суғд 356 нафар, вилояти Хатлон 218 нафар, ВМКБ 2 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 81 нафар шахсони бе қайд дар мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор гардид. Молу мулки ошкорнамудаи ба иҷорадодашуда дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, нисбати соҳибмулкон андозҳои иловагӣ ҳисоб ва пардохти маблағ ба буҷет ворид карда шудааст.

   Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷишҳои амалиётӣ 634 ҳолати бе доштани шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани коргарони кироя ва 61 ҳолати аз МНХ- дорои ТИЭ истифода накардан дар фаъолияти андозсупорандагон ошкор шуд, ки дар маҷмӯъ, дар нуҳ моҳи соли равон насбати 535 ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи умумии 1803,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳо татбиқ гардида, андозсупорандагон бо МНХ-и дорои ТИЭ таъмин шуданд. Мутаассифона, мақомоти ҳудудии андоз дар рафти корҳои назоратӣ ба таъмини МНХ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳудуди андоз дар вилояти Суғд 60 адад, мақомоти ҳудуди андоз дар шаҳри Душанбе 102 адад, НАК 39 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 54 адад МНХ кам таъмин намудаанд. Дар ин давра, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши амалиётӣ 16 шахси ҳуқуқӣ бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ, 992 нафар бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва 3742 нафар бо патент таъмин гардиданд.

   Азим Маҳмадраҷабзода илова намуд, ки дар асоси нишондоди натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андоз дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо захира ва имкониятҳои зиёде мавҷуд мебошад, ки ба андозбандӣ фаро гирифтани манбаъҳо аз ҳар як корманди мақомоти андоз масъулияти баланд ва иҷрои босифати уҳдадориҳои мансабиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, дар рафти санҷишҳои амалиётии гурӯҳҳои кории Кумитаи андоз нисбати андозсупорандагони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Вахш, Балҷувон ва Ёвон ба маблағи 4253,7 ҳазор сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб гардида, дар давраи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ 3942,2 ҳазор сомонӣ ва ё 92,7 фоизи он ба буҷет таъмин шудааст.

   Сарфи назар аз вуҷуд доштани қонунвайронкуниҳои андоз, бархе аз мақомоти ҳудудии андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санҷишҳои амалиётии андоз намегузаронанд ва ё онро дуруст ба расмият намедароранд. Маса­лан, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Шоҳмансур, Спитамен, Носири Хусрав, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Роғун, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Хоруғ, Ишкошим, Рушон, Ванҷ, Роштқалъа ва Дарвоз ҳамагӣ аз 1 то 5 санҷиши амалиётӣ гузаронидаанду халос.

   Санҷишҳои амалиётӣ самти афзалиятноки фаъолият буда, дар раванди иҷрои қисми даромади буҷет омили таъсиррасон мебошад. Аз ин рӯ, мақомоти ҳудудии андозро зарур аст, ки ба самти мазкур аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Мазҳаб ҶУМЪА

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF