Оид ба имтиёзҳо ва фаъолияти эҳсонкорӣ маълумот медодед.
Завқибек ШОДИЁН:
Ҳанӯз соли 2012 ҳангоми таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади аз имтиёзҳо бархӯрдор шудани корҳои башардӯстонае, ки шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ анҷом медиҳанд, ба моддаи 17 Кодекси андоз таҳти мафҳуми «Грантҳо» иловаи дахлдор ворид шуд. Яъне ҳангоме, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ корҳоро ба таври ройгон анҷом медиҳанд: иншоотҳо бунёд намуда, молҳоро ройгон ба шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ тақдим менамоянд, аз имтиёз бархӯрдор хоҳанд буд. Ин ҳамчун таҳти мафҳуми грант эътироф шуд ва дар ин баробар ба моддаҳои дахлдори Кодекси андоз вобаста ба низомҳои андозбандӣ ва манбаъҳои андозбандӣ тағйирот ворид карда шуд. Аз он ҷумла, ба моддаи 169 Кодекси андоз банди нав ворид гардида, ройгон супоридани молҳо ба мақомоти давлатӣ ҳамчун грант аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод пешбинӣ шуд.
Ҳангоми бунёди иншооти иҷтимоию зарурӣ ва бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои табиӣ расонидани кӯмакҳои башардӯстона, бунёд намудани иншоотҳои зарурӣ ва ройгон тақдим намудани онҳо ба шахсони қабулкунанда чунин хароҷот манбаи андозбандии андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард эътироф намешавад. Инчунин, бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 16 Кодекси андоз таҳти мафҳуми сармоягузорӣ - маблағгузориҳое, ки барои бунёд намудани иншоотҳои зарурӣ ва ройгон супоридани онҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ шахсони воқеӣ ва шахсони воқеие, ки чунин иншоотҳоро бунёд намуда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд, ҳамчун сармоягузорӣ эътироф мешаванд. Яъне, бо мақсади аз имтиёзҳои андозӣ бархурдор шудани чунин шахсон бояд ба феҳристи ягонае, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пеш бурда мешаванд, шомил шаванд. Ҳамчунин, ки бо мақсади бархурдор шудан аз имтиёзҳои андозӣ мутобиқ ба моддаи 16 Кодекси андоз, ҳамчун сармоягузорӣ эътироф шудани чунин фаъолият ва грант эътироф гардидани ройгон додани объектҳои бунёднамудаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба ҳокимияти дахлдори давлатӣ месупоранд, мутобиқ ба муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №211 аз 02.05.2013 аз андозоҳо озод карда мешаванд.
Қонунгузории андоз барои анҷом додани фаъолияти эҳсонкорӣ як қатор имтиёзҳои назаррасро аз қабили озод кардани воридоти молу ашё барои анҷом додани сохтмонҳо, аз андоз аз арзиши иловашуда, оид ба пардохти андоз аз фоида, имтиёз оид ба андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард пешбинӣ намудааст.
Ҳама гуна муносибатҳое, ки дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ҳастанд, бояд бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба танзим дароварда шавад. Дар ин хусус чӣ мегӯед?
Нарзулло МАЛИКЗОДА:
Боиси қайд аст, ки тартиби татбиқи имтиёзҳои андозҳои нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ройгон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ иншоотҳои дахлдорро бунёд карда месупоранд, тибқи талаботи моддаҳои 16, 17, моддаҳои 169 ва 269 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2013 №211 ба танзим дароварда шудаанд. Пеш аз ҳама, ҷиҳати татбиқи амалии имтиёзҳои қайдгардида шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бевосита аз ҷониби онҳо иншоотҳои дахлдор сохта ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ супорида мешаванд: ариза ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замима намудани нусхаи созишномаи дахлдор ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ё нусхаи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои ноҳиявию сметавии сохтмонии иншоотҳои мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои асоснок, ки бевосита дар оянда дар асоси он ҳуҷҷатҳои сохтмонҳои мазкур амалӣ мешаванд, бояд пешниҳод гарданд. Тартиби дигар, шахсоне, ки дар доираи созишномаҳои грантӣ таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳоро амалӣ менамоянд, низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда дар оянда озод карда мешаванд. Шахсони таҳқиқкунандаи лоиҳаҳои мазкур уҳдадоранд , ки таҳлилгарони молҳо, иҷрои кор ва хизматрасониҳои худро бо пешниҳоди ариза аз андоз аз арзиши иловашуда озод намоянд. Яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №211 аз 02.05.2013 шахсоне ки дар доираи чунин лоиҳаҳо таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳоро анҷом медиҳанд, ҳангоми пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ҳармоҳа ба мақомоти ҳудудии андоз дар баробари пешниҳоди эъломияи андоз аз арзиши иловашуда, инчунин, нусхаи аслии қарордодҳо, шартномаҳо ва аз он ҷумла аризае, ки бевосита дар асоси он минбаъд таҳвилгарони мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, пешниҳод менамоянд. Ҳамзамон, шахсони эҳсонкор мутобиқ ба талаботи банди 18-и қарори мазкур мутобиқ ба заминаи 3-и қарор уҳдадор мешаванд, ки нусхаи қарордодҳо ва созишномаҳоро оид ба иҷрои аҳдҳои дарназардошташуда на дертар аз санаи 10-уми моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли қайди худ пешниҳод намоянд. Шахсони эҳсонкор ҷиҳати татбиқи амалии имтиёзҳои мазкур баъд аз пурра сохтан ва ройгон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ супоридани иншоотҳои дарназардошташуда, уҳдадор мешаванд, ки ба мақомоти андоз нусхаи санади супориданро низ пешниҳод намояд.
Дар сурати пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои мазкур ва риоя гардидани тартиби дарназардошташуда, минбаъд шахсони эҳсонкор дар сурати низоми махсуси андозбандӣ қарор доштани онҳо аз пардохти андози тибқи низоми содакардашуда озод карда мешаванд. Дар сурате, ки чунин шахсон дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият мекарданд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод мешаванд.
Имрӯз мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сода намудани тартиби пешниҳоди ҳисобот ва риояи қонунгузории андоз, хусусан оид ба истифода аз имтиёзҳои муқарраркардаи қонунгузории андоз ҷиҳати анҷом додани корҳои эҳсонкорӣ модули нави хизматрасонӣ дар системаи иттиллоотии андоз таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Доир ба ин мавзӯъ муфассалтар ҳарф мезадед.
Завқибек ШОДИЁН:
Шахси эҳсонкор вобаста ба иншооти бунёдшаванда метавонад бо додани ариза шахси иҷрокунандаи корҳои сохтмониро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намояд. Инчунин, шахсони эҳсонкор метавонанд мутобиқ ба талаботи моддаи 113 Кодекси андоз ҳиссаи арзиши иншооти бунёднамударо аз манбаи андозбандишавандаи андоз аз фоида тарҳ намояд: ба андозае, ки то 10%-и ҳисаи фоидаро метавонанд ба чунин фаъолияти эҳсонкорӣ равона кунанд, яъне аз манбаи андозбандишавандаи андоз аз фоида хароҷоти умумии анҷомдодаро тарҳ намояд.
Нарзулло МАЛИКЗОДА:
Ҳамзамон, андозсупорандагон бояд дар назар дошта бошанд , ки ҳангоми бунёди иншоотҳои дарназардошташуда, кормандони кирояе, ки аз ҷониби онҳо ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ истифода карда мешаванд, ҳангоми ба чунин кормандони кироя пардохт намудани музди меҳнат, яъне даромад дар шакли музди меҳнат, уҳдадор мебошанд, ки дар доираи талаботи Кодекси андоз ҳамчун агенти андоз дар манбаи пардохти андоз аз даромад, андози иҷтимоиро аз ҳисоби кормандони кирояи худ ба буҷет пардохт намоянд. Умуман, мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми андозбандӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Аз ин рӯ, соҳибкорони мамлакат бояд ҳангоми фаъолияти худ қонунгузории андозро риоя намоянд,чунки пойдорӣ ва устувории иқтисодии давлат аз пардохти андозҳо вобастагии калон дорад.
Мусоҳиб
Маҳбуба УСМОНОВА
Последнее изменение Сешанбе, 04 Декабри 2018