Аз рӯи маълумоти барномаи компютерӣ шумораи умумии супорандагони ААИ дар миқёси вилоят ба санаи 01.10.2018-ум 1207 ададро ташкил менамояд. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти андози вилоят 112 адад андозсупоранда ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда, 67 андозсупоранда аз Феҳрести супорандагони андоз аз арзиши иловашуда хориҷ карда шудаанд.
Таҳлил ва омӯзиши маълумоти махзани барномаҳои компютерӣ оид ба маблағи ҳисобшудаи андоз аз арзиши иловашуда нишон медиҳад, ки маблағи ҳисобшудаи андоз аз арзиши иловашуда нисбати ҳамин давраи соли 2017, дар маҷмӯъ, дар миқёси вилояти Суғд 154,0 фоизро ташкил дода, ин нишондод дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич (405,6 ҳазор сомонӣ кам ё ин ки 53,1%), Мастчоҳ (1 033,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 59,5%), Истиқлол (2 879,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 54,8%), Ашт (458,4 ҳазор сомонӣ) ва бахшҳои шуъбаи Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд (аз ҷумла: шаҳри Бӯстон- 1638,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 59,0%), шаҳри. Гулистон 526,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 54,8%, Ҷаббор Расулов 705,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 54,9% ва ноҳияи. Спитамен 491,3 ҳазор сомонӣ, 85,5%) нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 кам гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба камшавии маблағи ба ҳисоби буҷет пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда омилҳои зиёд гардидани амалиётҳои озод ва махсусан маблағи хариди молҳо таъсири худро расонидааст. Ҳиссаи зиёди амалиётҳои озод ба фаъолияти корхонаҳои калони дар қайди Нозиротҳои андозсупорандагони калон ва миёна дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ ва Ашт рост меояд. Аз ҷумла, ҳиссаи амалиёти аз ААИ озод дар шуъбаи НАМ дар вилояти Суғд маблағи 244,1 млн. сомонӣ, шуъбаи НАК дар вилояти Суғд 3 294,8 млн. сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 23,7 млн. сомонӣ, Конибодом 36,2 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 56,5 млн. сомонӣ ва Ашт 39,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Омили дигаре, ки ба кам гардидани маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз арзиши иловашуда таъсир мерасонад, ин зиёд будани маблағи баҳисобгирифташудаи ААИ ҳангоми хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо аз дохили ҷумҳурӣ нисбат ба амалиётҳои андозбандишаванда мебошад.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар миқёси вилоят маблағҳои баҳисобгирифташудаи ААИ дар эъломияҳои андозсупорандагон дар нуҳ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 1 млрд. 424,1 млн. сомонӣ зиёд гардида, афзоиши он 124 фоизро ташкил медиҳад. Чунончи, ҳаҷми умумии маблағҳои баҳисобгирифташудаи ААИ дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 7 млр 323,2 млн. сомонӣ, ки он 60,1 фоизи амалиёти умумиро ташкил медиҳад, баробар гардидааст. Аз маблағҳои баҳисобгирифташудаи ААИ ҳиссаи хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо аз дохили ҷумҳурӣ 18,9 фоиз (1 389,0 млн. сомонӣ), хариди гумрукии воридоти молҳо 80,4 фоиз (5893,8 млн. сомонӣ) ва амалиётҳои хариди аз андоз аз арзиши иловашуда озод 0,5 фоизро (36,7 млн. сомонӣ) ташкил додааст.
Натиҷаи таҳлил ва омӯзиши маълумоти махзани барномаҳои компютерии СИА бо буриши корхонаҳо аз рӯи соҳаи фаъолият нишон медиҳанд, ки ҳиссаи бештари маблағҳои тарҳшаванда, асосан, ба фаъолияти корхонаҳое, ки ба хариду фурӯш ва воридоти мол аз хориҷи кишвар машғул мебошанд, рост меояд. Масалан, аз рӯи маълумот ки аз шумораи умумии (868 адад) субъектҳои хоҷагидори зертобеи шуъбаи Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд 583 адад ба соҳаи хариду фурӯш мансуб мебошанд, ки 67,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳиссаи калони зиёдшавии маблағҳои баҳисобгирифташаванда дар шуъба асосан аз ҳисоби корхонаҳои соҳаи хариду фурӯш мебошад. Чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич аз ҳисоби ЧДММ “Мерос и К”, ҶДММ “Машъал-01”, ҶДММ “Умед сохтумон-102”, Зафаробод аз ҳисоби ҶДММ “Шукрулло”, ҶДММ “Саидзода-63”, ҶДММ “Қуллаи меҳр”, ҶДММ “Шараф-1”, ҶДММ “Тавҳид ва ком”, шаҳри Истиқлол аз ҳисоби ҶДММ “Мирзо 2015”, ҶДММ “Ганҷи воридот”, ҶДММ “Нури манзил”, ҶДММ “Ҳаёти нав”, ноҳияи Ашт ҶДММ “Хушбахт-2015” мавҷуд мебошад.
Бояд қайд кард, ки роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғд барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалиётҳои моҳияти иқтисодинадошта ё аз ҷониби андозсупорандагон тибқи талаботи моддаи 186 Кодекси андоз бо таври ҳатмӣ ба расмият даровардани амалиётҳои андозбандӣ, яъне назорати навишти ҳатмии ҳисобнома – фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда супоришҳои қатъӣ дода мешаванд. Асосан мавҷудияти изофапулиҳои зиёди беасос маҳз ба фаъолияти воридот ва фурӯши молҳо рост меояд. Масалан, ҶДММ “Ганҷи воридот” ва ҶДММ “Нури Манзил”-и шаҳри Истиқлол дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ филиал ва ё намояндагӣ дошта, ҳарду ширкат дар як суроға: шаҳри Истиқлол бинои КВД “Нури Ховар” ба қайд гирифта шуда, як нафар ҳарду ҷамъиятро идора менамояд.
Ҳамзамон, санҷиши хизматии гузаронидашуда дар фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нишон дод, ки шахсони алоҳида ба боварии шахси сеюм даромада бо мусоидати корманди бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров У. Усмонов истифода намуда, бо роҳи фиреб ва сохтакорӣ ба номи шахсе, ки бемории руҳӣ дорад, ҶДММ “Навбунёд 2018” таъсис додааст. Мақсад аз ташкили ин ҷамъият бо роҳи фиреби шахсони бехабар аз оқибати кору қонунгузорӣ анҷом додани амалиётҳои воридотиву содиротӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин асос, нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳо, бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ огоҳ карда шудаанд, ки бақайдгирии ширкатҳои “сохтаро” пешгирӣ намуда, нисбат ба ширкатҳои амалкунандае, ки амалиётҳои моҳияти иқтисодинадоштаро анҷом медиҳанд, чораҳои қатъии саривақтӣ андешанд.
Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
вилояти Суғд