- Яке аз масъалаҳои мураккаб, ки солҳои зиёд барои нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоят дарди сар эҷод мекунад, ин андоз аз воситаҳои нақлиёт мебошад. Сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи ин намуди андоз вуҷуд надоштани омори дақиқи воситаҳои нақлиёт мебошад. Оё дар ин самт ягон беҳбудӣ ба назар мерасад?
- Воқеан, ин як масъалаи мураккабе аст, ки ба фикрам аксари нозиротҳои андоз ҳанӯз ҳам бо он рӯ ба рӯ меоянд. Барои ҳалли мусбати ин масъала нозиротҳои андоз бояд бо Бозрасии давлатии автмобилии шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зичро ба роҳ монанд. Маҳз ҳамин ҳамкории муштарак имконият дод, ки дар ду моҳи охир масъалаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ба як маҷрои муайян ворид гардад. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки бисёр воситаҳои нақлиёт ҳарчанд солҳо инҷониб аз истифода баромадаанду аз онҳо чизе боқӣ намондаанд, ҳанӯз аз қайди давлатӣ бароварда нашудаанд. Дар суҳбат бо соҳибони ин воситаҳои нақлиёт аз тарафи намояндагони нозироти андоз ва Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр бори дигар таъкид шуд, дар сурати берун накардани ин воситаҳои нақлиёт аз қайди давлатӣ аз онҳо мутобиқи иқтидори муҳаррики мошин андоз ситонида мешавад. Намуди андоз аз воситаҳои нақлиёт ба чӣ қадар қувваи асп баробар будани иқтидори муҳаррик вобастагӣ дорад. Ҳар қадар муҳаррик пуриқтидор бошад, ҳамон қадар миқдори андоз ситонда мешавад. Барои як қувваи асп 3,75 сомонӣ андоз муқаррар шудааст ва агар иқтидори муҳаррик 100 қувваи аспро дошта бошад, пас соҳиби воситаи нақлиёт дар давоми сол 375 сомонӣ маблағи андозро пардохт мекунад.
- Оё тарзу усул ва шеваи ҷамъоварии андоз дар нозироти андоз ба шароити муосир мутобиқ аст ва ё дар ин самт ҳанӯз камбудӣ вуҷуд дорад?
- Дар масъалаи таъмин ва васл намудани таҷҳизоти муосири техникӣ ягон нуқсоне вуҷуд надорад. Ҳар як корманд бо компютер таъмин аст ва ин компютер бо шабакаи интернет пайваст шудааст. Суръату сифати интернет низ ба талаботи замон ҷавобгӯ аст. Ба ҳар сурат то ба имрўз ҳангоми робита бо андозсупорандагон ё пешниҳоди ин ё он гузоришу ҳисобот ба Кумитаи андози ҷумҳурӣ ягон шикоят ба мушоҳида нарасидааст.Дар шароити мусоир шева, тарзи пардохти андоз хеле сода шудааст.
Баъзе аз андозсупорандагоне, ки ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд, ҳатто аз дафтари кории худ берун нашуда, ба воситаи суроғаи электронӣ андозашонро пардохт менамоянд. Солҳои қаблӣ андозсупоранда ба хотири дастӣ пур кардани расидҳо маҷбур мешуд, ки ба бинои бонк равад, аммо ҳоло ҳар як андозсупоранда рақами мушаххаси худро дорад ва метавонад дар дилхоҳ бахшҳои бонки давлатии “Амонатбонк” бидуни ягон мушкил бо тарзи электронӣ маблағҳои андози худро пардохт намояд. Бояд зикр намуд, ки Нозироти андоз дар шаҳри Хоруғ ду соли пеш ба барномаи системаи иттилоотии андозсупоранда (СИА) васл карда шуд.
Бартарии ин барнома дар он аст, ки баҳсу мунозираҳо дар мавриди супоридани андоз, ҳисобҳои муқоисавӣ ва пешниҳоди эъломияҳоро аз байн бурд. То ҷорӣ шудани ин барномаҳо баъзан баҳсу баррасии ин масъалаҳо то як моҳ ва аз он бештар тӯл мекашид. Ҳоло ҳар як ҳисобу китоб дар барномаи мазкур сабт шуда, дар дилхоҳ вақт ҳам андозсупоранда ва ҳам мутахассиси нозироти андоз метавонад бо он шинос шавад. Ҳамчунин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон аз тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи вижаи электронии www.andoz.tj боз намудааст. Андозсупорандагон метавонанд ба бисёр суоли худ тавассути ин сомона посух гиранд.
- Оё дар худи нозироти андози шаҳр ба мақсади такмил додани дониши назариявию амалӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд?
- Албатта. Асри 21 асри рушди босуръати тамоми соҳаҳои иқтисодӣ аст ва қариб ҳамарӯза дар ин соҳа тағйирот ба амал меояд. Барои он ки аз ин пешрафт қафо намонӣ, бояд дониш, маҳорату малакаатро пайваста такмил диҳӣ. Аксарияти кормандони Нозироти андози шаҳри Хоруғ кадрҳои ҷавон ҳастанд ва пайваста ба омӯзиш ниёз доранд. Ба ин хотир мо мутобиқи нақша мавзӯъро интихоб карда, мутахассисони собиқадори мақомоти андози вилоятро ҳафтае як ё ду бор даъват намуда, мавзӯи интихобнамударо баррасӣ мекунем. Мутахассисони соҳибтаҷрибаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ моҳе як маротиба ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, ба кормандони мо кӯмаки назариявию амалӣ мерасонанд.
Довари БОВАР,
ВМКБ