Ҳамин гуна Гурӯҳи корӣ дар фаъолияти ҶДММ «Озод Байналхалқӣ» санҷиш анҷом дод. Ин ҷамъият тибқи махзани маълумоти Кумитаи андоз аз 21 ноябри соли 2002 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта шудааст, ки ба фаъолияти воридот ва хариду фурӯш машғул мебошад. Сармояи оинномавии ҶДММ «Озод Байналхалқӣ» ба 755555 сомонӣ баробар буда, муассисаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоев Аҳтам Ғайратович дониста мешавад. Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян гардид, ки биное, ки ҷамъият фаъолияти худро ба роҳ гузоштааст, ба шахси воқеӣ марбут аст. Ҷамъият бе бастани шартнома оид ба иҷора суроғаи ҳуқуқии худро ба қайд гирифтааст. Инчунин, бе бастани шартнома як ҳуҷраро аз КВДҶ «Захираҳои нафтӣ» иҷора гирифта, фаъолияташро пеш бурда истодааст.
Тибқи эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ҷамъият вобаста ба фаъолияти 9 моҳи соли 2018 ба мақомоти андоз пешниҳод намудааст, маблағи амалиёти андозбандишаванда (таҳвили мол) 9554043 сомонӣ ва амалиётҳои аз ААИ озод ба 28588755 сомонӣ рост меомадааст. Маблағи хариди молҳои воридкардашуда 5958189 сомонӣ ва аз дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон харидашуда 2720623 сомониро ташкил додааст, ки дар маҷмӯъ маблағи ҳисобкардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба 350259 сомонӣ баробар мебошад.
Тибқи тавозуни муҳосибавӣ бақияи маҳсулоти нафтӣ (мазут М100) ба санаи 01.01.2018 маблағи 11863886 сомониро ташкил додааст, ки дар ин асно ҷамъият он маҳсулотро дар моҳи марти соли 2018 ба маблағи 15179130 сомонӣ (амалиётҳои аз ААИ озод) ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намудааст. Инчунин, дар моҳҳои май, июл ва сентябри соли 2018 ба маблағи 13409625 сомонӣ (амалиётҳои аз ААИ озод) ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ ва мазут интиқол ёфтааст.
Натиҷаи гузаронидани санҷиши амалиётӣ муайян кард, ки ҶДММ «Озод Байналхалқӣ» бархилофи талаботи Кодекси андоз ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал дорад. Маълум гардид, ки номбурда тибқи шартнома №1 аз 02.07.2018 объектҳои молу мулки ғайриманқул, яъне нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаи шустушӯи мошинҳо, ошхона ва ғайраҳоро, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, ки ба ҶДММ «Терминали мусофирбари Шарқӣ» ба иҷора додааст. Масоҳати умумии объектҳо ба 2372,75 м2 баробар буда, арзиши 1 м2 он ба 3,7 сомонӣ рост омадааст.
Ҳамзамон, бақияи маҳсулоти нафтӣ ба санаи 01.09.2018 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷумла, сӯзишвории А92 ба миқдори 11992 литр, сӯзишвории дизелӣ 2107 литр ва гази моеъ 3003 литрро дар бар мегирад. Ҷамъият дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ харида, ба ҶДММ «Терминали мусофирбари Шарқӣ» таҳвил кардааст, ки дар эъломияҳои андозии худ онро нишон надодааст. Гурӯҳи корӣ аз ин ҳисоб ба маблағи 341100 сомонӣ амалиёти андозбандишавандаи иловагиро муайян кардаанд.
Дар баробари ин, ҶДММ «Озод Байналхалқӣ» дар моҳи сентябри соли равон ба маблағи 4000000 сомонӣ маҳсулоти нафтӣ (мазут М100) аз ҶДММ «Аҳад 86» харида ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил додааст. Вале онро ҳамчун амалиётҳои аз ААИ озод дар эъломияҳои андозӣ нишон надодааст.
Гурӯҳи корӣ, инчунин, ҶДММ «Камрок Интернешнл»-ро зери санҷиш қарор дод. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз ин ҷамъият аз 22 июли соли 2010 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор қайди ном гардида ба хариду фурӯши молу маҳсулот машғул мебошад.
Тибқи эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тарафи ҷамъият вобаста ба фаъолияти 9 моҳи соли 2018 ба мақомоти андоз пешниҳод намудааст, маблағи амалиёти андозбандишавандаашро (таҳвили мол) 4237288 сомонӣ нишон додааст. Маблағи хариди молҳои воридкардашудаи ҷамъият 4587356 сомониро ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ маблағи аз буҷет кам кардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба 63012 сомонӣ баробар мебошад.
Дар рафти санҷиши амалиётӣ муайян карда шуд, ки ҶДММ «Камрок Интернешнл» санаи 27.03.2018 ба маблағи 5000000 сомонӣ ва санаи 17.04.2018 ба маблағи 2280756 сомонӣ аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешпардохт гирифта тибқи талаботи қисми 3 моддаи 174 Кодекси андоз ҳамагӣ ба маблағи 5000000 сомонӣ ҳисобнома – фактураи андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод кардааст. Дар баробари ин ҷамъият дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 7672150 сомонӣ (бо дарназардошти ААИ) молу маҳсулот таҳвил кардааст. Вале маблағи пешпардохт гирифтаро дар эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда нишон надодааст, ки дар натиҷа фарқият ба миён омадааст. Вобаста ба ин, тибқи талаботи моддаҳои 181,157 ва 249 Кодекси андоз аз фарқияти даромади дар эъломияҳо нишон надода, иловатан ба маблағи 407616 сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда, 22645 сомонӣ пардохтҳои ҷории андоз аз фоида ва 15852 сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳисоб карда шуд.
ҶДММ «Файзи Истиқлол 2011» низ зери санҷиши Гурӯҳи корӣ қарор гирифт. Ёдовар бояд шуд, ки тибқи маълумоти Кумитаи андоз ин ҷамъият аз 13 декабри соли 2011 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта шуда ба фаъолияти истеҳсоли молҳои пахтагӣ машғул мебошад.
Тибқи эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад, ки барои давраи моҳҳои март ва сентябри соли 2018 ба мақомоти андоз пешниҳод намудааст, шумораи кормандон ба ҳисоби миёна 181 нафар ва фонди музди меҳнатро 795225 сомонӣ нишон додааст, ки музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона барои як коргар 618 сомониро ташкил медиҳад.
Дар рафти гузаронидани санҷиши амалиётӣ муайян шуд, ки ҶДММ «Файзи Истиқлол 2011» ба коргарони худ хӯроки нисфирӯзӣ ташкил намуда, аз ин ҳисоб андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро дар эъломияҳои андоз нишон надодааст.
Ҳамзамон, ҶДММ «Файзи Истиқлол 2011» барои давраи моҳҳои март – июни соли равон ба маблағи 19977446 сомонӣ содирот намуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботи моддаи 249 Кодекси андоз ба маблағи 139842 сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳисоб менамуд, аммо ба маблағи 87500 сомонӣ эъломия пешниҳод кардааст, ки фарқияти он ба 52342 сомонӣ баробар мебошад.
Умуман, Гурӯҳи корӣ дар натиҷаи фаъолияти худ манбаъҳои нави андозбандишавандаро ошкор намуд.
Фирдавси АБДУРАҲМОН