Мақомоти ҳудудии андоз вазифадор шуда буданд, ки маъракаи бақайдгириро хушсифат анҷом дода, маълумотро ба барномаи компютерӣ пурра ворид намоянд. Гарчанде дар ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли 2018 нишондиҳандаҳо, дар маҷмўъ, нисбат ба нимсолаи аввал беҳтар гардида бошанд ҳам, вале фармоиши мазкур дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро нашуд.
Маълум аст, ки мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур, дар навбати аввал, бақайдгирии пурраи объектҳои молу мулк ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ дар мақомоти ҳудудии андоз мебошад. Вале чуноне ки дар ҷаласаи Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, натиҷаи таҳлилу санҷишҳои аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки сифати гузаронидани баҳисобгирӣ ва рафти бақайдгирии объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд дар мақомоти ҳудудии андоз ҷавобгӯи талабот нест. Дар баъзе мақомоти ҳудудии андоз ҳоло ҳам аҳамият ва мақсади гузаронидани чорабинии мазкурро пурра дарк накардаанд, зеро рақамҳои аз ҷониби онҳо пешниҳодшаванда воқеиятро дуруст инъикос намекунанд.
Дар Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ бо чанде аз мутахассисону соҳибкорон атрофи масъалаҳои пурра ба ҳисоб гирифтани объектҳои молумулки ғайриманқул, дар асоси эъломияҳои пешниҳоднамудаи шахсони ҳуқуқию воқеӣ муайян намудани саҳеҳии маълумот, мушаххас муайян намудани масоҳати объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замини шахсони ҳуқуқию воқеӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо дар ноҳия ва таъмини иҷрои Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 26. 10. 2017, № 486 «Оиди дар мақомоти андоз ба таври электронӣ ба роҳ мондани бақайдгирии ариза ва шартномаҳои иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ» ҳамсуҳбат гардидем.
Бояд гуфт, ки барнома аз ду қисмат - яъне «андозсупоранда» ва «мақомоти андоз» иборат буда, ба андозсупорандагони молу мулки ғайриманқул имконият дода шудааст, ки тавассути барномаи мазкур дар шакли электронӣ молу мулки худро дар қайди мақомоти андоз гузошта, эъломияҳои андозро ба мақомоти андоз тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.
Тавре аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи Гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ маълум гардид, фаъолияти кормандони шуъбаи воқеии нозироти андози ноҳия дар самти азнавбақайдгирии молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замини шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва воситаҳои нақлиёт, ба ҳисоб гирифтани объектҳои молу мулки манқул ва ғайриманқули аз ҷониби шахсони воқеӣ баиҷорадодашуда ва оид ба сари вақт ва дуруст дар ҳисобварақаи андозсупорандагон дарҷ намудани маблағҳои ҳисобшавандаи андоз аз даромад корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.
Кормандони муҳосибот ва роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори автомобилҳо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур, дар самти пардохти андози молу мулки ғайриманқул солҳо боз ба мақомоти ҳудудии андоз ҳисоботи бардурўғ пешниҳод намуда, бо ин роҳ талаботи Кодекси андозро вайрон менамуданд. Гурӯҳи корӣ дар рафти азнавбақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар фаъолияти корхонаи мазкур камбудиҳои зиёдеро ошкор намуд. Муайян шуд, ки масоҳати молу мулки ғайриманқули корхона дар асл 42100,3 метри мурабаъро ташкил медиҳад, вале ин рақам дар эъломияҳои андоз аз ҷониби муҳосиботи корхона солҳо боз дар ҳаҷми 34320,6 метри мураббаъ нишон дода мешавад. Яъне амволи хешро нисбат ба масоҳати аслӣ дар ҳисобот 1738,8 метри мураббаъ кам нишон медиҳанд. Ҳамин тавр фарқият аз ҳисоби бақия ва маблағҳои иловагӣ 17920 сомонӣ ҳисобӣ шуда, корхона 12766 сомонии онро пардохт намуд.
Шубҳанок будани ҳисоботи ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи ҶДММ «Ҳосилот» аз шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар рафти азназаргузаронии ҳисоботи андоз диққати ҳайати Гурӯҳи кориро ба худ ҷалб кард ва онҳо дар навбати аввал дурустии эъломияҳои андози корхонаи номбурдаро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Маълум гардид, ки муҳосибони корхона ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи андозӣ ба таҳрифкорӣ роҳ дода, ҳаҷми масоҳати объектҳои молу мулки ғайриманқули худро аз будаш кам нишон додаанд. Дар рафти ҳисобу китоб муайян шуд, ки роҳбарони корхона масоҳати амволи ғайриманқули худро дар ҳисобот 30140 метри мураббаъ нишон додаанд, ҳол он ки ҳаҷми умумии масоҳати амволи ҶДММ «Ҳосилот», дар маҷмўъ, 38318 метри мураббаъро ташкил медиҳад. 7664 метри мураббаъ кам нишон додани масоҳати амволи ғайриманқул асрори роҳбарони корхонаро ошкор сохт. Аз ин рў, нисбати онҳо ба маблағи 91684 сомонӣ қарзи андоз ҳисоб карда шуд. Алҳол, корхона 55462 сомонии онро пардохт намудааст.
Гурӯҳи корӣ аз роҳбарияти ширкати ҶДММ «Тиб барои шумо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, ки ба хариду фурӯши доруворӣ машғул аст, пурсид, ки чаро амволи корхона ҳамасола дар афзоиш асту маблағи андоз не? Роҳбарони корхона аввал эътироз оварданд, ки гуё молу мулки ғайриманқули онҳо чун пештара бетағйир ва ба ин қарибиҳо чизеро тағйир надодаанд. Ҳисоботро низ сари вақт ва дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод карда, маблағашро бе каму кост пардохт менамоянд.
Аммо ҳайати Гурӯҳи корӣ чун ҳисоботи пешниҳоднамудаи корхонаро бо масоҳати воқеии он муқоиса намуд, маълум шуд, ки тағйирот аз фарш то арш аст. Яъне муҳосиботи корхона масоҳати молу мулки ғайриманқули худро дар ҳисобот ба ҷои 5191,63 метри мураббаъ 2448,6 метри мураббаъ нишон дода, 2743 метри мураббаъ амволи ғайриманқулро аз андоз пинҳон мондаанд. Дар натиҷа, кормандони мақомоти ҳудудии андоз нисбати ҶДММ «Тиб барои шумо» ба маблағи 6989 сомонӣ бақияи қарзи андози амволи ғайриманқул ҳисоб карда, маблағи номбурдаро аз ҳисоби корхона ба буҷет пурра пардохт намуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маҷмаи фароғатию тиҷоратии Шариф», ки дар деҳаи Зафар маркази савдо бунёд намудааст, дар эъломияҳои хеш андози амволи ғайриманқулро пайваста кам нишон медод. Маҳз ҳамин тағйирёбии масоҳати амвол диққати Гурӯҳи кориро ба худ ҷалб намуду масоҳати амволи корхонаро мавриди таҳқиқ қарор дод. Маълум гардид, ки масоҳати амволи ғайриманқули корхона, на 1274,3 метри мураббаъ, ки қаблан дар эъломияҳои пешниҳоднамудаи корхона нишон дода мешуд, балки масоҳати воқеии он 2048, 6 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз ҳамин нуқтаи назар 774,3 метри мураббаъ масоҳати илова ошкоршудаи корхона ҳисобӣ шуда, маблағи бақияи қарзи он 4530 сомонӣ муқаррар гардид.
Гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ дар давраи фаъолияти хеш чунин пинҳонкориҳоро дар фаъолияти беш аз 70 нафар шахси воқеию ҳуқуқӣ ошкор намуда, дар гирифтани пеши роҳи қонунвайронкуниҳо саҳми босазо гузошт.
Камбудиҳои ҷойдошта нозироти андозро водор месозад, ки барои бақайдгирии пурраи молу мулки амволи ғайриманқул ва иҷорадиҳандагони молу мулк чораҳои иловагӣ андешидаанд ва волоияти қонунро дар байни шаҳрвандону соҳибмулкон пурра таъмин намоянд.
М. ТАБАРЗОДА