wrapper

Хабарҳо

    Мутобиқи маълумоти барномаҳои иттилоотии андоз, аз ҷумла шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Панҷ ба санаи 01.10.2018 6230 субъекти соҳибкорӣ (1067 соҳибкори тибқи патент амалкунанда, 95 соҳибкори дар асоси шаҳодатнома амалкунанда, 4899 хоҷагии деҳқонӣ ва 169 адад шахси ҳуқуқӣ) фаъолият менамоянд, ки на ҳамаи онҳо қонунгузории андозро риоя карда истодаанд. Аз ин рӯ, нисбати 27 нафар андозсупоранда тибқи талаботи моддаҳои 601, 614, 615, 617 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳо ба маблағи 65500 сомонӣ ҷарима шуданд.

   Санҷиши амалиётии андоз дар фаъолияти ФҶДММ «Табиб» маълум намуд, ки мудири дорухона А.Куганов ба фурӯши доруворӣ машғул буда, дар худ ҳуҷҷатҳои вобаста ба МНХ-ро нигоҳ надоштаю онро дар китоби бақайдгирӣ сабт намекардааст. Барои ин амали ғайриқонунӣ мудири дорухона тибқи талаботи моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Соҳибкор Ш.Сариев дар назди беморхонаи Қарияи Болои маркази ноҳия ба фурӯши доруворӣ машғул буд. Ӯ низ китоби бақайдгирию дигар ҳуҷҷатҳои МНХ-ро дар фаъолияти худ истифода намекард. Барои ин амали ғайриқонунӣ Ш.Сариев низ бо моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид ва маблағи он ба манфиати хазина ситонида шуд. Нисбати доруфурӯши дигари ФҶДММ «Табиб» А.Ашӯров барои нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои МНХ, аз ҷумла китоби бақайдгирӣ ҳам мутобиқи моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода, аз ӯ ба ҳисоби буҷет 2,5 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуд.

   Рафти санҷиши амалиётӣ ошкор сохт, ки шаҳрванд Х.Зокиров як моҳ боз бе гузаштан аз қайди нозироти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, яъне фурӯши таомҳои миллӣ машғул будааст. Инчунин, вай боз 3 нафар коргари кирояро дар фаъолияташ ба кор ҷалб намуда буд. Барои чунин қонунвайронкунӣ Х.Зокиров бо моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид. Ҳамзамон, мавсуф дар қайди нозирот гирифта шуда, коргарони кироя бо шартномаҳои меҳнатӣ таъмин гардиданд. Шаҳрванд С.Шеров ба фаъолияти фурӯши орд дар асоси патент машғул буд, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 №451 «Дар бораи тасдиқи Коидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» он дарҷ нагардидааст. Яъне соҳибкори инфиродӣ С.Шеров мебоист аз рӯи ин амали худ бо шаҳодатнома фаъолият мекард, на бо патент. Бо дахолати аъзои гурӯҳи санҷишӣ фаъолияти соҳибкори зикршуда аз патент ба шаҳодатнома гузаронида шуд.

   Соҳибкори инфиродӣ С.Ҳакимов низ дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо патент ба фурӯши орд машғул буд. Ҳол он ки ин хилофи қонунгузористу вай бояд даромади манбаи андозбандишавандаашро ба нозироти андоз дар асоси шаҳодатнома пешниҳод намояд. С.Ҳакимов низ баъди дахолати аъзои гурӯҳ фаъолияти худро бо шаҳдатнома ба роҳ монд. Санҷишӣ амалиётӣ ошкор сохт, ки шаҳрванд М.Каримов ҳам дар асоси патент ба фурӯши хӯрокворӣ ва орд машғул будааст. Барои чунин амал соҳибкор М.Каримов тибқи қисми 1 моддаи 618 КҲМҶТ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд.

   Дар ноҳия аз тарафи гурӯҳи санҷишӣ бисёр ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Чунончи, дар дохили бозори «Заир» шаҳрванд М.Давлатбеков бе қайди нозироти андоз ба фурӯши мебел машғул буд. Тибқи қисми 1 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вай ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҳамзамон, мавсуф дар нозироти андози ноҳия ба қайд гирифта шудаю бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин гардид. Шаҳрванди дигар З.Одилов низ бе гузаштан аз қайди мақомоти андоз ба фаъолияти хариду фурӯши гӯшт машғул буд. Барои чунин худсарӣ шаҳрванди зикршуда ҳам бо қисми 1 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ҳамчун соҳибкор дар қайди нозироти андоз гирифта шуд.

   Таассуфовар аст, ки шаҳрванд З.Одилов низ ба фаъолияти фурӯши гӯшт машғул буду ин амали худро бе гузаштан аз қайди нозироти андоз анҷом медод. Барои ин кори номатлуб шаҳрванд мутобиқи қисми 1 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Муҳимаш боз он аст, ки зикршударо дар мақомоти андоз чун соҳибкор ба қайд гирифтанд. Ба мушоҳида расид, ки роҳбари ҶДММ «Фархундаи Шуҳрат»- О.Сиярова ба фаъолият дар маркази савдо машғул буда, аз МНХ ба таври дахлдор истифода намекардааст. Вобаста ба ҳолати ошкоршуда мавсуф тибқи қисми 1 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Санҷиши амалиётӣ ҳамчунин муайян сохт, ки шаҳрванд М.Назирматова дар кӯчаи ба номи Лоҳутии ноҳия ба фаъолияти бо ном соҳибкорӣ машғул гардида, дар қайди нозироти андоз набудааст. Барои ин амали ношоиста нисбати ӯ бо қисми 1 моддаи 617 КҲМҶТ парванда тартиб дода, ба миқдори 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Баъди ин М.Назирматоваро чун соҳибкор ба қайди нозироти андоз гирифтанд.

    Дар ноҳия ҳолатҳои бе гузаштан аз қайди нозироти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан бисёр ба мушоҳида расид.   Масалан, шаҳрванд С.Алладӯстов бе сабти ном дар мақомоти андоз фаъолият дошт. Барои ин амалаш С.Алладӯстов тибқи қисми 1 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Кормандони ҶДММ « Мадади Зафар», ки ба фаъолити таҳлили лабораторӣ дар соҳаи тиб машғул буданд, ба қонунвайронкунии ошкоро роҳ медоданд. Онҳо ҳуҷҷатҳои мансуб ба истифодаи мошинҳои назоратӣ- хазинавии дорои хотираи фискалиро сарфи назар мекарданд. Барои чунин камбудӣ онҳо бо дастрасии моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

    Соҳибкори инфиродӣ У.Баҳоваддинқулов дар ноҳия ба хизматрасонии даҳонпизишкӣ машғул буд. Аммо дар фаъолияти худ нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавиро риоя намекард. Ҳамин буд, ки нисбати вай бо дастрасии моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шуд. Тибқи талаботи муқаррароти моддаи қайдгардидаи КҲМҶТ У.Баҳоваддинқулов ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид.

   Аз тарафи аъзои гурӯҳ дар рафти санҷиш ба маблағи 112954 сомонӣ манбаи андози иловагӣ дарёфт ва ба буҷет гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи маълумоти барномаҳои СИА 28 нафар андозсупоранда ба ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин гардиданд.

   Ҳамин тариқ, дар натиҷаи андешидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи гурӯҳи санҷиши амалиётӣ дар ноҳияи Панҷ аз ҳисоби ҷаримаҳои маъмурӣ ва маблағҳои барилова ҳисобшуда ба хазина 184,8 ҳазор сомонӣ во­рид гардид.

С.БАЁЗӢ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF