wrapper

Хабарҳо

   Пешгирии қонувайронкуниҳои андоз ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни муҳофизат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мегардад.

   Бояд гуфт, ки масъалаҳои вазъи пардохти андозҳо махсусан, андози аксиз аз ҷониби корхонаҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зераксизӣ машғуланд, самтҳои фаъолияти онҳо, таҳвили дурусти он ва риояи муқаррароти Кодекси андоз ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба назорати истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти зераксизӣ» аз 31.12.2004, №497 ва «Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот» аз 31.12.2003, №583, низ пайваста зери назорати мақомоти андоз қарор гирифтаанд.

   Ҳамчунин, тибқи мод даи 210 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро, ки бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира намоянд.

   Бо вуҷуди таъкидҳои пайвастаи мақомоти андоз ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо намояандагони корхонаҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зераксизӣ машғуланд, ҳоло ҳам камбудӣ ва қонунвайронкуниҳо ба назар мерасанд. Чунин амал, албатта, боиси риоя нагардидани пешбурди дурусти муҳосибӣ ва коргузорӣ шуда, дар натиҷа, ба он оварда мерасонад, ки маблағи андозҳо, аз ҷумла, андози аксиз нисбат ба манбаъҳои воқеии андозбандӣ ва амалиётҳои воқеии анҷомдода кам ҳисоб ва ба буҷет пардохт шудани маблағҳо мегардад.

   Тавре мушоҳида мешавад, баъзе андозсупорандагони ин соҳа ба пинҳонкунии манбаъҳои андозбандӣ, пурра ва сари вақт пардохт накардани андозҳо, дуруст ва ба таври пурра нишон надодани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии худ, кам нишон додани музди меҳнати воқеии пардохтшаванда, нишон надодани коргарони кироя дар ҳисоботи андозӣ ва ба таври қочоқ ворид намудани ин маҳсулот даст зада истодаанд. Ҳол он ки тибқи қисми 3 моддаи 210 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолкунандагон ва шахсон - воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ ҷавобгар мебошанд.

  Тавре сардори шуъбаи назорати фаврии Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Давлатзода гуфт, молҳои мусодирагардида ба ҶДММ «Кишвар 2010» ва ҶДММ «ЛВЗ Шоҳона» тааллуқ дошта, он дар дохили воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес, рақами қайди давлатиаш КА 53-23 02/РТ, ки ба шаҳрванд Алишер Бобоҷонов мутааллиқ аст, дарёфт карда шуд.

   Муайян гардид, ки аз 6900 адад нӯшокии спиртии бетамға, 4500 адади он ба ҶДММ «Кишвар 2010» ва 2400 адади он ба ҶДММ «ЛВЗ Шоҳона» тааллуқ дорад, ки муҳсулоти зераксизии мусодирашуда тибқи тартиби муқараргардида дар ҶСК «Комбинтаи хӯроквории Тоҷикистон» муваққатан нигоҳдорӣ шудааст.

 

   Номбурда гуфт, ки бо дархости Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 2018, №16487/126 маҳсулоти мусодирагардида барои ташхис ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) барои ташхиси лабораторӣ ирсол гардид. Тибқи хулосаи Маркази ташхисии Агентии стандарти­затсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) аз 21.11.2018, №6057 нӯшокиҳои «Ржаная», истеҳсоли ҶДММ «ЛВЗ Шоҳона» аз рӯи нишондиҳандаҳои сифат (ишқорнокӣ ва дараҷаи равғани сивухӣ) ва «Тоҷикистон» истеҳсоли «ҶДММ «Кишвар 2010» а з рӯи ҳаҷми рехт ва қувватнокӣ на танҳо ба талботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – СБД 12712- 2013 «Арақҳо ва арақҳои махсус. Шартҳои техникӣ» мутобиқ нест, балки дар худ моддаҳои химиявии Сурб ва Кадмий дорад.

   Яъне дар ҳолати роҳ ёфтани маҳсулоти мусодирагардида ба бозор на танҳо ба буҷети кишвар, инчунин, ба саломатии аҳолӣ низ зарар мерасид. Аз ин рӯ, андозсупорандагонро мебояд , ки уҳдадориҳои худро оид ба пешниҳоди ҳисобот ва эъломияҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ намуда, даромади худро пурра дарҷ кунанд , маҳсулотро ба таври қонунӣ ворид намоянд , ба ин васила пардохти андозҳоро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра таъмин намуда, дар баробари ин оид ба саломатии аҳолӣ андеша намоянд.

Мазҳаб ҶУМЪА

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF