wrapper

Хабарҳо

  Муоинаи хронометражӣ шакли назорати андоз буда, аз тарафи мақомоти андоз бо мақсади муқаррар намудани даромади воқеии андозсупоранда ва манбаи андозбандишаванда анҷом дода мешавад.

   Муовини сардори Нозиро­ти андоз дар ноҳияи Балҷувон Карим Мусоев иттилоъ дод, ки дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони андози ноҳия дар фаъолияти 7 нафар соҳибкор муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа маблағҳои иловагӣ ошкор гар­диданд. Ҳамчунин, дар ин давра ҳангоми гузаронидани муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти соҳибкорони ноҳия 43 ҳазору 447 сомонӣ маблағҳои пинҳоншударо ошкор намуданд.

   Чанд мисол: Фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Ҷумахон Ғуломов, ки ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул буд, таҳти муо­инаи хронометражӣ қарор гирифт. Соҳибкор Ҷ. Ғуломов аз гузаро­нидани муоинаи хронометражӣ манбаи андозбандишавандаро ба ҳисоби миёна дар як моҳ ба маблағи 4 ҳазору 960 сомонӣ ба мақомоти андоз нишон медод, ки аз ҳақиқат дур буд. Баъди гузаро­нидани муоинаи хронометражӣ маълум гардид, ки маблағи да­ромади якмоҳаи соҳибкор на 4 ҳазору 960 сомонӣ, балки 8 ҳазору 989 сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳоеро, ки соҳибкор аз мақомоти андоз пинҳон медошт, 4 ҳазору 29 сомониро ташкил медиҳад, ки он пурра ба буҷет пардохт шуд. Ба ҳамин монанд, муоинаи хронометражӣ дар фа­ъолияти ҶДММ «Мавҷи Сурхоб» гузаронида шуд. Ҷамъияти мазкур ба фурӯши сӯзишвории дизелӣ машғул мебошад. Даромади умумии ҶДММ «Мавҷи Сурхоб» пеш аз гузаронидани муоинаи хронометражӣ дар давоми як моҳ 13 ҳазору 602 сомониро ташкил медод. Ҳангоми гузаронидани муоинаи хронометражӣ маълум гардид, ки даромади умумии ҶДММ «Мавҷи Сурхоб» дар як моҳ 27 ҳазору 180 сомонӣ буда­аст. Муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур 13 ҳазору 578 сомониро аз мақомоти андоз пинҳон доштааст.

   Инчунин, муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти ҶДММ «Муҳамадҷон - 2006» гузаронида шуда, маблағҳои пинҳоншударо ошкор намуд. Ҷамъият пеш аз гузаронидани муоинаи хронометражӣ даро­мади умумии худро дар як моҳ ба мақомоти андози ноҳияи Балҷувон 16 ҳазору 200 сомонӣ нишон медод. Баъди муоинаи хронометражӣ маълум гардид, ки маблағи даромади якмоҳаи ҶДММ «Муҳаммадҷон - 2006» 32 ҳазору 385 сомониро ташкил медиҳад. Ҷамъият аз мақомоти андоз маблағи 16 ҳазору 185 со­мониро пинҳон доштааст. Дар натиҷа маблағи ошкоршуда пурра ба буҷети кишвар пардохт гар­дид. Ба ҳамин монанд, муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Табаров Умедҷон, ки ба фурӯши доруворӣ машғул буд, гузаронида шуд. Тибқи маълумоти дастрасгарди­да соҳибкор У. Табаров манбаъи андозбандишавандаро дар як моҳ ба маблағи 3 ҳазору 985 сомонӣ ба Нозироти андоз нишон медод. Дар натиҷаи гузарони­дани муоинаи хронометражӣ маълум гардид, ки даромади як моҳаи ин соҳибкор 7 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад. Муоинаи хронометражӣ дар фа­ъолияти соҳибкори инфиродӣ Гул­рухсор Судурова низ, ки ба фурӯши хӯрокворӣ машғул аст, гузаронида шуд. Соҳибкор Г. Судурова маблағи андозбандишаван­даро дар як моҳ ба маблағи 5 ҳазору 708 сомонӣ нишон медод. Баъди гу­заронидани муои­на маълум гардид, ки маблағи андоз­бандишавандаи ин соҳибкор дар як моҳ 8 ҳазору 216 сомонӣ аст. Ном­бурда маблағи 2 ҳазору 508 сомо­ниро аз мақомоти андоз пинҳон доштааст. Ҳамчунин, муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Иброҳимов Муродалӣ ва ҶДММ «Ҷомӣ -2006» низ гузаронда шуда, камбудиҳо ва қонуншиканиҳоро ошкор кард.

   Хулоса, дар натиҷаи гузаро­нидани санҷишҳои амалиётӣ, аз ҷумла, муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти андозсупорандаго­ни ноҳияи Балҷувон 43 ҳазору 447 сомонӣ маблағҳои пинҳоншуда ошкор гардида, пурра ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардидааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

шаҳри Кӯлоб

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF