Санҷиши амалиётӣ бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», назорати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», аз 31.08.2012, № 451, инчунин, назорати ҳуҷҷати аввалияи муҳосибӣ (ҳуҷҷати харид) ва бо дарназардошти муҳим будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моли интиқолдодашуда аз тарафи соҳибони бор ва воситаҳои нақлиёт гузаронида шуд.
Тавре роҳбари Гурӯҳи корӣ - сардори шуъбаи назорати фаврии Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Давлатзода қайд намуд, ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо дарназардошти ҷаримаҳои маъмурӣ ба маблағи 909,3 ҳазор сомонӣ андозҳо ҳисоб ва 840,1 ҳазор сомониии он ба буҷет пардохт гардид.
Номбурда гуфт, ки аз ҳисоби бақияи санадҳои санҷишӣ, махсусан, ширкатҳои ба ном “якрӯза”, аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз ба маблағи 651,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт карда шуд. Ҳамчунин, аз ҶДММ “Руслан”, ки зиёда аз як сол ҳисоботи андозро ба тариқи сифрӣ ба Нозироти андоз дар ноҳияи Сино пешниҳод менамуд, 3750 адад нӯшокии спиртии бе тамғаи аксизӣ мусодира ва ба маблағи 25,0 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андози ҷамъият ба буҷет пардохт гардид. Ғайр аз ин, аз ҳисоби надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хариди мол, нодуруст навиштани он ва бе қайд дар мақомоти андоз ба кашонидани бор машғул гардидан, ҷаримаҳои маъмурӣ ба маблағи 57,2 ҳазор сомонӣ татбиқ гардида, он ба буҷет ворид карда шуд.
Маҳмадсаид Давлатзода гуфт, тавре дар натиҷаи гузаронидани санҷиши амалиётӣ муайян шуд , на ҳамаи онҳое, ки ба кашонидан ва таҳвили бор машғул буданд, ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба хариди мол ва таҳвили он ба дигар минтақаи ҷумҳуриро доштанд. Дар натиҷа, нисбати 5 андозсупоранда барои интиқоли молу маҳсулот ва пешниҳод накардани ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба маблағи 57,2 ҳазор сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб ва ба буҷет пардохт гардид
Инчунин, ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ ва таҳлили борхатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби андозсупорандагон дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд муайян шуд, ки на ҳамаи онҳо даромади андозбандишавандаи худро дар ҳисоботи андоз нишон медиҳанд. Дар натиҷа, аз ҳисоби бақияи санадҳои санҷишӣ ба маблағи 650,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт гардид.
Дар давоми фаъолияти Гурӯҳи корӣ муайян гардид , ки андозсупорандагоне, ки маҳсулоти таҳвилшударо ба воситаи нақлиётҳои боркаш ирсол менамоянд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хариди молро, аз қабили борхат, ҳисобнома фактураҳо ва эъломияҳои гумрукӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод наменамоянд ва аз ҷониби онҳо дар баъзе мавридҳо танҳо “борхати дохилии худи андозсупоранда” пешниҳод мешавад, ки ин бархилофи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ мебошад. Бо чунин тартиб ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот боиси он гардидааст, ки даромади дигар субъектҳое, ки ба фурӯши минбаъдаи маҳсулоти мазкур машғуланд, аз андозбандӣ дар канор монда, маблағҳои ҳисобшудаи андозҳои субъектҳои мазкур кам шавад.
Ҳамзамон, дар фаъолияти андозсупорандагоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида ҳангоми ирсоли маҳсулот ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи харид намедиҳанд, корҳои назоратӣ гузаронида шуд, Масалан, дар фаъолияти ҶДММ “Куруш”, ки ба воридот ва хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум машғул мебошад, муайян гардид, ки ҷамъият молҳои ниёзи мардумро аз хориҷи кишвар ворид намуда, ҳангоми фурӯш ба дигар андозсупорандагон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хариди мол пешниҳод наменамояд. Бинобар ин, нисбати андозсупоранда ба маблағи 13,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ ва ба буҷет таъмин гардид.
Ҳамчунин, тавре муайян шуд, ҶДММ “Султони Ҳаким”, ки ба воридот ва хариду фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст, даромади бадастовардаашро аз ҳисоби интиқоли маҳсулоти ниёзи мардум ба минтақаҳои гуногуни кишвар пурра нишон надодааст. Дар натиҷа, аз ҳисоби пурра нишон надодани даромади умумии андозбандишаванда нисбати ҷамъият андозҳои иловагӣ ба маблағи 33,2 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва ба буҷет пардохт карда шуд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо мақсади назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” аз 31.08.2012, №451 бо ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, 16 нафар шахси воқеӣ бо патент таъмин гардиданд. Аз ҷумла, нисбати Акрам Донаев, ки бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти боркашонӣ машғул буд, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1500 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, он ба буҷет пардохт гардид.
Ҳамин тавр, дар рафти санҷиш нисбати 22 нафар шахси воқеӣ барои бе қайд дар мақомоти андоз машғул гардидан ба фаъолияти боркашонӣ, бо дастрасии моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷамъ ба маблағи 33,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд. Пардохти 21,6 ҳазор сомонии он ба буҷет таъмин шудааст. Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” аз 31.08.2012, №451 маъмурияти ташкилотҳои ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғулбуда, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ оид ба гирифтани роҳхат ба хатсайрҳо шартнома ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андоз маълумотро бо чунин субъектҳо ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.
Мазҳаб ҶУМЪА



