wrapper

Хабарҳо

   Ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Бо мақсади сарфа намудани вақти андозсупорандагон мақомоти андоз бештар аз технологияи иттилоотӣ ва барномаҳои компютерӣ истифода карда, барои дар шакли электронӣ бидуни ташриф овардани андозсупоранда ба мақомоти андоз ба роҳ мондани хизматрасониҳо чораҳои иловагӣ андешида истодаанд.

   Дар баробари ин, дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази коркарди маълумот амал мекунад, ки он маълумот ва ҷадвалҳои таҳлилии зиёдеро таҳия менамояд. Ба хоти­ри беҳтар намудани идоракунӣ ва бо маълумоти зарурӣ ва таҳлилӣ таъмин сохтани мақомоти ҳудудии андоз, инчунин назорати риояи қонунгузории ҷорӣ ин Марказ фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои гуногунро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Чунин таҳлил дар корхонаҳое, ки ба истихроҷи ан­гишт машғуланд, гузаронида шуд, ки дар натиҷа, камбудиҳо ошкор гардиданд.

    Сардори Маркази коркарди маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Азимов гуфт, ки ба ҳолати 1-уми октябри соли 2018 дар миқиёси ҷумҳурӣ 13 адад субъект ба истихроҷ, коркард ва фурӯши ангишт машғуланд , ки ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ин давра 1302,8 ҳазор тоннаро ташкил на­мудааст. Арзиши он 201,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,0 ҳазор тонна, ё худ 20,4 млн. сомонӣ (111,2%) зиёд мебошад. Ҳиссаи корхонаҳои соҳаи мазкур дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 0,42 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми умумии истихроҷ ва коркарди ангишт дар КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” 53,4 фоиз, дар Депар­таменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик” 19,5 фоиз, дар ҶДММ “Талко- Ресурс” 13,7 фоиз, дар КФ “Зиддӣ” 5,1 фоиз, дар ҶСК “Ангишт” 3,4 фоиз ва 5 фо­изро дигар корхонаҳои соҳа ташкил намудааст.

   Номбурда қайд кард, ки тибқи маълумоти омори ҳаҷми ангишти фурӯхташуда бо дарназардошти бақияи соли гузашта 1343,7 ҳазор тонна ва маблағи он 166,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 за­хираи ангишт (бақия) дар анбори корхонаҳои соҳа бо дарназардош­ти бақияи соли гузашта зиёда аз 204,0 ҳазор тонна ва маблағи он 56,7 млн. сомониро ташкил на­мудааст, ки ба 28,0 фоизи ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт баробар мебошад.

   Зикр шуд, ки дар ин давра соди­роти ангишт мувофиқи маълумоти фаврӣ 33577 тоннаро ташкил дода­аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 31039 тонна ё худ маблағи 5409,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Содироти ангишт дар давра, асосан, аз ҷониби ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ва ҶДММ “Талко-Ресурс” ба роҳ монда шудааст.

   Дар рафти таҳлил ва муқоисаи нишондиҳандаҳои эъломияи пешниҳоднамудаи андозсупоран­дагони соҳаи мазкур ва махзани маълумоти системаи иттилоотии андоз муайян шуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон даромади умумӣ аз таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ маблағи 263431,4 ҳароз сомониро ташкил дод. Он нисбат ба ҳамин давраи соли гу­зашта 33163,8 ҳазор сомонӣ ё худ 114,4 фоиз зиёд мебошад.

   Бояд қайд намуд, ки таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби андозсупорандагони соҳаи мазкур, асосан, тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми даро­мади умумии бадастовардашуда, 237474,7 ҳазор сомонӣ бо таҳия намудани ҳисобнома-фактураҳо ба роҳ монда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблаги 37461,7 ҳазор сомонӣ ё 118,7 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ оид ба таҳвили моле, ки тариқи нақдӣ бо истифо­даи мошини назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқодиҳандаи электронӣ (МНХ-и дорои ТИЭ) ба маблағи 21183,1 ҳазор сомонӣ ама­лиёт анҷом дода шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

   Аз ҳисоби андозсупорандаго­ни соҳаи мазкур, дар маҷмӯъ, ба маблағи 60174,9 ҳазор сомонӣ андозҳо ҳисоб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11137,5 ҳазор сомонӣ ё 122,7 фоиз афзоиш ёфта, вазни қиёсии андозҳои ҳисобшуда дар ин соҳа ба андозаи 22,8 фоизро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,5 фоиз афзоиш ёфта бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо аз ҷониби иддае аз корхонаҳои соҳа вазни қиёсии андозҳои ҳисобшуда нисбат ба ҳамин давараи соли гузашта коҳиш ёфтааст: аз ҷумла дар КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” ба андозаи 1,9 %, Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи метал­лургии тоҷик” 0,8 %, ҶСК “Ангишт” 3,4 %.

   Илова бар ин, дар давараи ҳисоботӣ шумораи коргарони киро­яи дар ин соҳа ҷалбшуда 1092 на­фарро ташкил дода, даромади дар шакли музди меҳнат ҳисобшуда, ба ҳисоби миёна маблағи 22440,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба як нафар корманд ба маблағи 2 2 8 3 , 4 сомонӣ рост меояд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо шумораи кормандон ба 108 нафар, даромад дар шакли музди меҳнат ба маблағи 2943,1 ҳазор сомонӣ ва музди меҳнат ба ҳисоби миёна ба андозаи 82 сомонӣ зиёд гардида бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо аз ҷониби корхонаҳои соҳа шумо­раи коргарони кироя нисбат ба ҳамин давараи соли сипаригардида коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, шумораи коргарон дар КФ “Шахтаи Фон- Яғноб” 40 нафар, ҶДММ “Талко- Ресурс” 12 нафар, КФ “Кони ангиш­ти Зиддӣ” 5 нафар, ҶДММ “Камаров” 7 нафар, КФ “Кони ан­гишти Истиқлол” 5 на­фар ва ҶДММ “Қудрат 2010” 4 нафар кам гардидааст.

   Таъкид наму­дан бамаврид аст, ки таҳлилҳои маз­кур дар асоси маъ­лумоти эъломияҳои ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи ан­дозсупорандагон ва маълумоти мақомоти омор гузаронида шуда, аз ҷой до­штани камбудию норасоиҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, соҳибкоронро мебояд, ки ҳангоми фаъолият қонунгузории андозро риоя намуда, коргарони кироя, муз­ди маоши онҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳосибиро дуруст ба роҳ монанд. Мақомоти андоз кӯшиш менамо­янд, ки дар оянда фаъолияти дигар соҳаҳоро низ зери таҳлил қарор дода, барои пешигирӣ пешниҳод намоянд.

   Бо дарназардошти ҳолатҳои қайдгардида ва ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, мақомоти ҳудудии андозро низ зарур аст, ки ба ҳаҷми истеҳсол ва таҳвили молу маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ даромади умумӣ, андозҳои ҳисобшуда, пардохтшуда, шумораи корга­рон, музди миёнаи моҳона ва вазни қиёсии андозҳои ҳисоб ва пардохтнамудаи субъектҳо, ки фаъолиятҳои шабеҳро пеш меба­ранд, аҳамияти ҷиддӣ дода, дар сурати ба ҳам мувофиқ набудани нишондиҳандаҳо нисбати чунин субъектҳо корҳои назоратиро анҷом диҳанд.

Мазҳаб ҶУМЪА

244 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав off white clothing Сешанбе, 12 Ноябри 2019 10:09 навиштааст off white clothing

    Thank you for your entire work on this blog. My mother really likes doing internet research and it is simple to grasp why. We learn all of the powerful ways you make powerful techniques on this web blog and in addition invigorate contribution from people on the idea plus my daughter has always been understanding a lot. Have fun with the rest of the new year. You have been doing a stunning job.

  • Навиштани шарҳи нав curry 4 Сешанбе, 12 Ноябри 2019 02:52 навиштааст curry 4

    I must express thanks to you for bailing me out of this particular circumstance. Right after surfing around through the world-wide-web and coming across strategies which were not helpful, I believed my life was over. Being alive devoid of the strategies to the issues you've sorted out by means of your main posting is a critical case, as well as the ones which may have in a negative way affected my entire career if I hadn't come across your web site. That knowledge and kindness in dealing with everything was vital. I am not sure what I would have done if I had not discovered such a solution like this. I can also at this time relish my future. Thank you so much for the reliable and effective guide. I won't hesitate to propose the sites to any person who should receive assistance about this matter.

  • Навиштани шарҳи нав kate spade handbags Душанбе, 11 Ноябри 2019 22:46 навиштааст kate spade handbags

    I precisely needed to thank you so much yet again. I do not know what I could possibly have created in the absence of these thoughts contributed by you directly on such topic. It truly was a very difficult circumstance in my opinion, nevertheless being able to view the very expert form you treated the issue forced me to cry over joy. I am just happier for the help and in addition hope that you comprehend what an amazing job you are accomplishing instructing most people through your web blog. Most likely you've never got to know any of us.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF