wrapper

Хабарҳо

   Кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар вилояти Хатлон гузаронидани назорати камералиро асоси кори худ қарор дода, пайваста мекӯшанд дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст оваранд.

   Дар 10 моҳи соли 2018 дар фаъолияти 2032 нафар андозсу поранда (шахси ҳуқуқӣ, соҳибори инфиродӣ ва шахси воқеӣ) назорати камералӣ гузаронида, ба маблағи 25612082 сомонӣ эҳтимолияти кам ҳисоб намудани андозҳоро ошкор намудаю ба унвонии андозсупорандагон огоҳинома ирсол карданд. Баъди ирсоли огоҳиномаҳо бо талаби дар муҳлати 10 рӯзи корӣ ба маблағи 17982961 сомонӣ ё худ 70,2 фоизи огоҳиномаҳои ирсолгардидаро эътироф намуда, эъломияҳои иловагии андозро пешниҳод карданд. Ҳангоми эътироф намудани огоҳиномаҳои ирсол гардида аз ҳисоби ҳақдорӣ (изофапулии андозҳо) 5019005 сомонӣ пӯшонида шуд, ки он 28 фоизи эъломияҳои пешниҳодшударо ташкил медиҳад. Аз ҳисоби назорати камералӣ эъломияҳои иловагии пешниҳодшуда ба буҷетҳои дахлдор 8274176 сомонӣ пардохт шу­дааст, ки 46 фоизи эъломияҳои пешниҳодшударо ташкил менамояд.

   Дар ин самт нишондиҳандаҳои Нозироти андоз дар шаҳри Бох­тар назаррас мебошад. Онҳо дар даҳ моҳи сипаришуда нисбати 59 нафар андозсупоранда на­зорати камералӣ гузаронида, ба маблағи 1537368 сомонӣ эҳтимолияти кам ҳисоб наму­дани андозҳоро ошкор намуда­анд. Баъди ирсоли огоҳинома бо талаби дар муҳлати 10 рӯзи корӣ маблағи 1219447 сомониро эътироф намуда, эъломияҳои иловагии андозҳоро пешниҳод карданд. Баъди эътироф намуда­ни огоҳиномаҳои ирсолгардида аз ҳисоби ҳақдорӣ (изофапу­лии андозҳо) 252256 сомонӣ пӯшонида шудааст. Аз ин ҳисоб ба буҷетҳои дахлдор 338776 сомонӣ пардохт гардид.

   Корҳои назоратӣ, бахуссус назорати камералӣ барои иҷрои нақша мавқеи хоса дорад. Кор­мандони Нозироти андоз дар шаҳри Левакант ин тадбир­ро босамар истифода карда, эъломияҳои пешниҳодшудаи 40 нафар андозсупорандаро маври­ди омӯзиш қарор доданд. Онҳо ба маблағи 1084435 сомонӣ кам­будиро ошкор намуда, ба суроғаи андозсупорандагон огоҳиномаи назорати камералӣ ирсол кар­данд. Андозсупорандагон баъди дастрасии огоҳинома маблағи 1040093 сомонӣ андозҳои ош­коршударо эътироф намуда, ба нозирот андоз эъломияҳои ило­вагии камералӣ пешниҳод наму­данд. Маблағи 743745 сомонӣ ба даромади буҷет таъмин ва изо­фапулии андозҳо 35835 сомонӣ кам шуд.

   Нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ аз иҷрои нақшаи андозҳо набаромада бошад ҳам, дар самти гузаронидани назора­ти камералӣ диққат дода, дар фаъолияти 108 нафар андоз­супоранда назорати камералӣ гузарониданд ва кам нишон додани андозҳоро ба маблағи 1631412 сомонӣ ошкор наму­данд. Ба андозсупорандагон дар ин хусус огоҳинома ирсол карданд. Андозсупорандагон бо дастрасии огоҳиномаҳои назора­ти камералӣ маблағи 1217864 со­мониро эътироф ва эъломияҳои иловагӣ пешниҳод намуданд. Аз ҳисоби ҳақдорӣ 512397 сомонӣ рӯйпӯш гардида, маблағи 522149 сомонӣ ба даромади буҷет пар­дохт шудааст.

   Нозироти андоз дар ноҳияи Фархор нисбати 34 нафар андоз­супоранда назорати камералӣ анҷом додааст. Маблағи 1720314 сомонӣ номутобиқатиҳои дар эъломияҳои андоз ҷойдошта ошкор ва ба андозсупоранда­гон огоҳинома ирсол шудааст. Андозсупорандагон 1422779 сомонӣ эъломияҳои иловагии ка­мералиро пешниҳод намуданд. Изофапулии андозҳоро 1058868 сомонӣ кам ва ба даромади буҷет 298930 сомонӣ пардохт шуд.

   Ҳадафи гузаронидани назо­рати камералӣ, аслан, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва миёни андозсупоран­дагон гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, дар ин замина баланд бардошта­ни маърифати андозсупории онҳо мебошад. Аз ин хотир, дар нозиротҳои андоз бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, назорати камералиро бештар ба нафъи буҷет анҷом диҳанд.

Н. САИДОВ,

сармутахассиси гурӯҳи

ташкили назорати камералии

шуъбаи санҷиши андозҳои

Раёсати андоз дар вилояти Хатлон

167 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав nike shoes Душанбе, 21 Октябри 2019 06:03 навиштааст nike shoes

    I truly wanted to post a simple note so as to say thanks to you for these pleasant tactics you are posting here. My particularly long internet research has finally been rewarded with awesome information to go over with my pals. I would assume that most of us site visitors are really lucky to be in a very good place with many brilliant people with valuable tricks. I feel truly happy to have discovered your site and look forward to many more brilliant times reading here. Thanks once again for everything.

  • Навиштани шарҳи нав nike air max 95 Якшанбе, 20 Октябри 2019 08:59 навиштааст nike air max 95

    I precisely had to thank you very much once again. I do not know what I could possibly have followed without the actual points provided by you relating to such field. This has been an absolute troublesome scenario in my position, but encountering a expert manner you resolved the issue took me to jump over joy. I'm just thankful for this information and as well , believe you comprehend what a powerful job that you are undertaking training people today via your blog post. More than likely you have never got to know all of us.

  • Навиштани шарҳи нав nike sunglasses avid sq ev0589 203 walnut Якшанбе, 20 Октябри 2019 03:45 навиштааст nike sunglasses avid sq ev0589 203 walnut

    nike roshe 2 black casual shoes buy nike roshe 2 black casual shoes online at best prices in india on snapdealadidas originals mens nmd stockxnike air max 90 white and gold stockxadidas clothing line stockx
    nike sunglasses avid sq ev0589 203 walnut http://www.aditinews.com/biglerville/nike-sunglasses-avid-sq-ev0589-203-walnut

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF