wrapper

Хабарҳо

   Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии хоҷагиҳои деҳқоние, ки қитъаҳои замини таъиноти кишоварзидоштаи худро ба иҷора додаанд, дар мақомоти ҳудудии андоз мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, як қатор камбудиҳоро дар ҳисоб гардидани андозҳо ва қонунгузории андозӣ ошкор кардааст.

   Дар робита ба ин, тавре сар­дори шуъбаи Раёсати ташкили ан­дозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Исоев гуфт, натиҷаи таҳлил ва фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шах­сон - истифодабарандагони за­мин аввалиндараҷа дар баробари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ба фаъолияти иҷорадиҳии қитъаҳои замин машғул гарди­да, қитъаҳои заминҳои обии серҳосилро ба шахсони алоҳида ба иҷора дода, дар асоси шартномаҳо даромадҳои муайяне ба даст овар­даанд. Мутаассифона, аз ин ҳисоб даромадҳои худро пурра нишон надода, ба пинҳонкунии маблағи андозҳо роҳ додаанд.

   Чуноне ки, натиҷаи таҳлилҳо ва корҳои назоратии мақомоти андоз нишон дод, Кооперативи тиҷоратии “Баҳодурон”-и ноҳияи Ёвон 52,56 га қитъаи замини корами обиро тибқи шартнома ба ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин” ба муҳлати 20 сол ба иҷора додааст, ки маблағи иҷорапулӣ дар давраи муҳлати амали шартнома 204000 доллари ИМА муқаррар гардидааст. Тибқи шартнома аз ҷониби иҷорагир ба тариқи пешпардохт маблағи иҷора барои давраи солҳои 2016- 2020 ба роҳбари кооператив пар­дохт шудааст, вале ин маблағҳоро дар эъломияҳои андоз нишон надода, танҳо баъди гузаронидани корҳои назоратӣ маблағи мазкур ошкор ва ба фоидаи буҷет руёнида шуданд.

   Ба ҳамин монанд , ҶДММ “Дустмурод Ҳакимов” 600 га за­мини корами обии дар ихтиёр­доштаи худро тибқи шартнома ба ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин” ба муҳлати 20 сол ба иҷора додааст, ки маблағи иҷорапулӣ дар давраи муҳлати амали шартнома 3,6 млн. доллари ИМА муқаррар гар­дидааст. Умуман, ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин” аз дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба миқдори 1200 га заминҳои обии корамро ба арзиши ҳар гектараш аз 200 то 500 доллар ба иҷора гирифта, ба ҳисоби миёна ба иҷорадиҳандагон аз соли 2016 барои муҳлати се соли аввал ба ҳисоби миёна ба маблағи 1,1 млн. доллар пардохт намудааст. Аммо ин маблағҳо дар аввал ба буҷет пардохт нашуда буданд, фақат пас аз дахолати мақомоти андоз ин маблағҳо қисман руёнида шуданд.

   Чунин ҳолат, яъне аз ҷониби хоҷагиҳо ба иҷора додани қитъаҳои замини худ дар ноҳияи Ёвон аз тарафи кооперативҳои тиҷоратии “Бешкаппа” 27 га, “Нишонқулбобо” 11 га, “Саъдул­ло 2013” 10 га, “Маҳмараҷаб” 15 га, “Аслонбек” 5 га, “Дав­ронбек” 5 га, Имомназар” 22 га, “Эсанхуҷа” 12 га ва дигарон ба назар мерасанд. Андозсу­порандагони мазкур қитъаҳои замини худро ба ҶДММ “Руш­ди кишоварзии Тоҷикистону Чин” ба муҳлатҳои то 20 сол ба иҷора дода, уҳдадориҳои андо­зии худро дар назди буҷет дар ҳаҷми пурра иҷро накардаанд. Бо дахолати мақомоти андоз нисбати ин андозсупорандагон ҳамагӣ ба маблағи 121,2 ҳазор сомонӣ андозҳо ҳисоб гардида, ба буҷет пардохт шудаанд. Бояд қайд кард, ки чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара, Кушониёни вилояти Хатлон низ ҷой доранд.

   Собирҷон Исоев изҳор дошт, ки дар аксар маврид даромади хоҷагиҳое, ки илова ба фаъолияти асосӣ ба фаъолияти иҷорадиҳӣ ё дигар фаъолиятҳо машғул ме­бошанд, беназорат монда, дар ин хусус на ҳамаи хоҷагиҳое, ки қитъаҳои замини таъиноти кишо­варзии худро ба иҷора додаанд, ба мақомоти андоз маълумоти зарурӣ пешниҳод кардаанд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ ҳолатҳои ба иҷора до­дани қитъаҳои замин ошкор гар­дида, нисбати онҳо барои давраи мазкур андозҳои иловагӣ бо дарназардошти ҷарима ва фоизҳо ҳисоб карда мешавад.

   Мавсуф гуфт, ки тибқи талабо­ти моддаи 298 Кодекси андоз ба сифати супорандаи андози ягона хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки ба­рои онҳо замин во­ситаи асосии фаъо­лияти соҳибкорӣ мебошад, ба ҳисоб меравад. Мутаасси­фона, аз тарафи ак­сари субъектҳое, ки заминро дар асоси қарорҳои дахлдор ба тавозуни худ гириф­таанд, андози ягона­ро пардохт накарда, уҳдадории пардох­ти онро ба зиммаи иҷорагирони замин вогузор намудаанд, ки бархилофи муқаррароти моддаи 298 Кодекси андоз мебошад.

   Ҳамзамон, фаъолияти иҷорагироне, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, фаъо­лияти онҳо ҳамчун фаъолия­ти соҳибкорӣ эътироф гарди­да, уҳдадоранд, ки худро дар мақомоти андоз ҳамчун андоз­супоранда ба қайд гиранд ва даромадҳои аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бадастовардаи худро бо меъёри 5 фоиз андози низоми содакар­дакардашуда ҳисоб ва пардохти онро ба буҷет таъмин карда, ҳангоми истифодаи меҳнати кироя аз онҳо тибқи талаботи моддаи 103 ва 216 Кодекси андоз Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро ҳисоб ва ба буҷет пардохт мена­моянд.

   Натиҷаи таҳлилҳо ва корҳои назоратии мақомоти андоз дар ин самт нишон медиҳад, ки аз са­баби мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ, зиёд будани шумораи хоҷагиҳо ва дар сатҳи дахлдор анҷом надодани корҳои назоратӣ дар аксар ҳолатҳо манбаъҳои ан­дозбандие, ки ҳангоми ба иҷора додани қитъаҳои замин ба вуҷуд меоянд , аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мақомоти ҳудудии андоз аз андозбандӣ дар канор мондаанд.

   Гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар шаҳри Конибодоми вилоя­ти Суғд камбудии дигарро ош­кор кард. Масалан, дар асоси қарори дахлдори раиси шаҳр дар 6 ҷамоати шаҳри Конибодом корхонаҳои алоҳидаи воҳидии давлатӣ таъсисёфта, заминҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои истифодабарӣ ба муҳлатҳои муайян вобаста шу­дааст. Аммо корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар амал ягон фаъолияти кишоварзӣ надошта, дар навба­ти худ, дар асоси шартномаҳои алоҳида қитъаҳои заминро ба шаҳрвандон ва дигар субъектҳо ба маблағи аз 1000 то 2500 сомонӣ ва зиёда аз он барои як гектар ба иҷора дода, аз ин ҳисоб ҳам иҷорадиҳанда даромадҳои худро пурра дар ҳисоботи андозӣ ни­шон надодааст ва ҳам иҷорагир, умуман, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашуда, андозҳоро ҳисоб ва пардохт накардаанд. Гурӯҳи корӣ дар фаъолияти чу­нин андозсупорандагон корҳои назоратӣ гузаронида, қисме аз ин маблағҳоро бо низоми со­дакардашуда ҳисоб ва ба буҷет пардохт карданд.

   Хулоса, таҳлилҳо ва корҳои омӯзишӣ нишон медиҳанд, ки ба иҷора додани қитъаҳои замини таъиноти кишоварзи­дошта дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи муқаррароти мод­даи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак уҳдадоранд рӯихати (феҳристи) ягонаи истифодаба­рандагони замин ва шартномаҳои иҷораро тартиб дода, феҳристи онҳоро пеш баранд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

162 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав christian louboutin shoes Сешанбе, 22 Октябри 2019 02:10 навиштааст christian louboutin shoes

    I have to show thanks to the writer for rescuing me from this particular incident. As a result of looking out throughout the world wide web and meeting strategies which are not productive, I assumed my life was done. Being alive without the presence of answers to the difficulties you have solved by means of your write-up is a crucial case, and the ones that would have negatively damaged my career if I had not encountered your web page. Your own personal talents and kindness in dealing with every item was precious. I don't know what I would've done if I hadn't discovered such a subject like this. I'm able to at this point relish my future. Thanks for your time so much for your impressive and effective help. I will not hesitate to refer your web site to any person who should receive tips on this issue.

  • Навиштани шарҳи нав kyrie 3 Душанбе, 21 Октябри 2019 04:02 навиштааст kyrie 3

    I'm also commenting to make you know of the great encounter my cousin's princess undergone using your blog. She learned lots of issues, not to mention what it's like to possess an incredible helping spirit to make men and women smoothly know certain complex topics. You actually did more than our own expected results. Thanks for showing these great, trusted, educational and easy guidance on this topic to Mary.

  • Навиштани шарҳи нав curry 5 Якшанбе, 20 Октябри 2019 05:34 навиштааст curry 5

    I wanted to send you this very little word to finally say thanks a lot the moment again considering the pleasant tips you've contributed in this case. This is certainly pretty open-handed of you to supply without restraint what exactly some people would have supplied for an e book to get some cash for themselves, chiefly given that you could possibly have tried it in case you decided. Those things also served to become a easy way to know that some people have the same zeal similar to mine to learn much more regarding this issue. I'm certain there are some more pleasurable occasions in the future for individuals that scan through your blog post.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF