wrapper

Хабарҳо

   Дар асоси Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2018, 1182 с/х, 03.09.2018, 1300 с/х, ва 05.10.2018, 1447 с/х ва 15.11.2018, 1669 с/х Гурӯҳи кории Кумитаи андоз бо мақсади назорати иҷрои талаботи моддаҳои 50 ва 53 Кодекси андоз, риояи талаботи Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз 12.07.2017, 316 дар мавриди қабули эъломияҳои андоз, сабабҳои сари вақт пешниҳод накардан ва асосонокии мунтазам ба таври сифрӣ, якхела пешниҳод намудани ҳисоботҳо аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба Нозироти андоз дар ноҳияи Сино сафарбар шуд.

   Тавре роҳбари Гурӯҳи корӣ – сармутахассиси Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз Ҳ. Абдувализода иброз намуд, ки дар 176 ҳолат ба маблағи 427131 сомонӣ эъломияҳои андозии андоз­супорандагон, ки маблағи андозро пардохт намуда, эъломияҳои андо­зиро ба мақомоти андоз пешниҳод накарда буданд, қабул ва ба ҳисобварақаи андозсупорандагон ворид шуд.

   Бояд гуфт, ки дар ин давра ба­рои сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод накардани эъломияҳои андозӣ нисбати 43 адад андоз­супоранда бо дастрасии моддаи 601 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 39300 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, во­ридоти 22925 сомонии он ба буҷет таъмин гардид.

   Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2017, №533 “Дар бораи тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ на­мудани шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъоли­ят” нисбати 703 адад андозсупо­ранда аз ҷумла 221 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 482 адад соҳибкори ин­фиродии тибқи шаҳодатнома фаъо­лияткунанда парвандаҳои дахлдор омода ва барои баррасӣ ба Ко­миссияи Кумитаи андоз пешниҳод карда шуд.

   Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 01.10.2018 дар Нозироти андози ноҳияи Сино аз ҷониби 140 адад андозсупоранда, аз ҷумла 28 адад шахси ҳуқуқӣ ва 112 адад соҳибкори инфиродӣ дар эъломияи андози низоми содакардашуда даромади умумӣ мунтазам ба таври якхела пешниҳод шудааст.

   Ин аст, ки Гурӯҳи корӣ корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ гуза­ронида, дар маҷмӯъ, ба маблағи умумии 608, 3 ҳазор сомонӣ андозҳо барилова ҳисоб кар­даанд, дар ин хусус андозсупо­рандагон эъломияҳои иловагии андозро пешниҳод намуданд. Масалан, соҳибкори инфиродӣ Маҳмудов Саид тибқи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ба хариду фурӯши тухм машғул буда, барои давраҳои ҳисоботии семоҳаи якум, дуюм, сеюм ва чоруми соли 2017 манбаи андоз­бандишавандаи андози тибқи ни­зоми содакардашударо бо таври якхела дар шакли устувор - 48000 сомонӣ дарҷ намудааст, ки ҳиссаи андози ҳисобшуда ба маблағи мутаносибан ҳар семоҳа маблағи 2880 сомониро ташкил додааст. Ба ҳамин монанд , соҳибкори инфиродӣ Нуриддинов Т. ба тайёр намудан ва фурӯши таом машғул буда, барои давраи ҳисоботии семоҳаи якум ва дуюм соли 2018 дар эъломияи андози низоми содакардашуда манбаи андозро мунтазам ба таври якхела ба маблағи 91206 сомонӣ нишон дода, аз он 5472,3 сомонӣ андоз ҳисоб намудааст.

   Ғайр аз ин,  қайд кардан ба маврид аст, ки натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ нишон медиҳад, ки на ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ аз натиҷаи фаъолияти худ сари вақт ба мақомоти ан­доз ҳисоботҳои андозии худро пешниҳод намуда истодаанд. Чунончи, ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо маълум гардид, ки аз ҷониби ҶДММ «Олим К» эъло­мияи ягонаи андози даромад ва андози иҷтимоӣ моҳи (апрел то декабри соли 2017) ва 7 моҳи соли 2018 ба мақомоти андоз пешниҳод нашудааст. Инчунин, аз ҷониби ҷамъияти мазкур эъломияҳои андози низоми содакардашу­даро барои давраҳои ҳисоботии семоҳаи якум ва дуюми соли 2015, семоҳаи дуюм, сеюм, чоруми соли 2017 ва семоҳаи якум ва дуюми соли 2018 ба мақомоти андоз умуман пешниҳод на­кардааст. Тавре аён гардид, ҷамъияти маз­кур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Рос­сия, деҳаи Якатут, дар масоҳати зиёда аз 3700 метри мураббаъ ба сохтмони бинои 10-ошёна, бо ҷойгир намудани нуқтаи сав­до дар ошёнаи якум ва дуюми бино, машғул гардида, қисми зиёди корҳои сохтмониро ба анҷом расонидааст, аммо ба мақомоти андоз оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ягон ҳисобот пешниҳод накардааст. Аз ин рӯ, дар фаъолияти ҷамъият назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 542751 сомонӣ иловагӣ ҳисоб гардида, дар ин хусус, аз андозсупоранда эъломияи иловагии андоз гирифта шуда, маблағи мазкур ба ҳисобварақаи андозсупоранда дохил карда шуд.

   Инчунин, дар рафти фаъолият аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо истифода аз махзани маълумотҳои Кумитаи андоз ҳолати ба ҳисобварақаҳои андозсупорандагон ворид наму­дани маблағҳои ҳисобшуда, асос­нокии изофапулиҳои андозҳо, ки аз ҷониби андозсупоранда­гон пардохт гардида, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифт. Дар натиҷа, муайян шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби андоз­супорандагон солҳои тӯлонӣ эъломияҳои андозӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда нашуда­аст ё ҳангоми пешниҳод шудани эъломияҳои андозӣ онҳо ба ҳисобварақаҳои андозсупоранда­гон ворид нашудааст. Маҳз чунин ҳолат боиси пайдо гардидани изофапулиҳои беасос гардидааст.

   Масалан, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илми татқиқотии “Молия”-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 ва 7 моҳи соли 2018 ба маблағи 128675 сомонӣ андозҳо, аз ҷумла 45996 сомонӣ андози даромад ва 82679 сомонӣ андози иҷтимоӣ пардохт шуда­аст. Аммо эъломияҳои андозӣ ба ҳисобварақаи андозсупорандаи мазкур ворид нашудааст, ки дар натиҷа боиси пайдо гардидани изо­фапулии беасос дар ҳисобварақаи андозсупоранда гардидааст. Камбу­дии зикргардида аз ҷониби Гурӯҳи корӣ ислоҳ шуда, аз муасисаи маз­кур барои давраи солҳои 2016-2017 ва 7 моҳи соли 2018 ба маблағи 142661 сомонӣ эъломияи андозҳо пешниҳод гардид ва ба варақаи ҳисоббаробаркунии он ворид шуд.

   Ҳамин тариқ, дар рафти фа­ъолияти Гурӯҳи корӣ дар 176 ҳолат ба маблағи 427131 сомонӣ эъломияҳои андозии андозсупоран­дагоне, ки маблағи андозро пардохт намуда, эъломияҳои андозиро ба мақомоти андоз пешниҳод накарда буданд, қабул ва ба ҳисобварақаи андозсупорандагон ворид карда шуд. Дар натиҷа, ба ҳамин маблағ изофапулиҳои беасос кам гардид.

   Барои сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод накардани эъломияҳои андозӣ нисбати 43 адад андозсупоранда бо дастрасии мод­даи 601 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 39300 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, воридоти 22925 сомонии он ба буҷет таъмин шуд.

   Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи андоз аз 10.07.2018, №3116 аз ҷониби Гурӯҳи корӣ ҷиҳати муайян намудани асоснокӣ ва сабабҳои барҳамдиҳии 142 адад андозсупоранда аз ҷумла 129 адад сохибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 13 адад шахси ҳуқуқие, ки аз ҷониби Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар фаъолияти онҳо санҷиши барҳамдиҳӣ гузаронида, санадҳои санҷишии барҳамдиҳии тартибдо­дашудааст. Дар натиҷа, муайян шуд, ки сабаби қатъ намудани фаъоли­яти андозсупорандагон ин зери сохтмонҳои нав мондани нуқтаҳои фаъолият, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, марги соҳибкор, қатъ гардидани шартномаи иҷора ва ё аз бад шудани ҳолати молиявӣ фаъолият накардан ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

   Умуман, Гурӯҳи корӣ ҳангоми амалиёт дар Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар фаъоли­яти андозсупорандаҳои зиёд камбудиҳоро дар самти пешниҳоди эъломияҳои андоз ва ҳисоботи якхелла муайян ва ошкор сохт. Вобаста ба ин, андозсупорандаҳо уҳдадор шуданд, ки камбудҳоро ислоҳ наму­да, барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳои андозӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Фотимаи МИРЗОХОН

162 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав timberland outlet Сешанбе, 22 Октябри 2019 00:23 навиштааст timberland outlet

    My husband and i got really comfortable that Edward could deal with his research while using the ideas he acquired out of your weblog. It's not at all simplistic to just possibly be offering tips and hints some others may have been selling. So we realize we have you to be grateful to for this. The explanations you made, the simple web site menu, the relationships you aid to instill - it is most incredible, and it's helping our son and our family reason why the article is satisfying, which is exceedingly mandatory. Thank you for everything!

  • Навиштани шарҳи нав kyrie 5 Душанбе, 21 Октябри 2019 02:01 навиштааст kyrie 5

    I precisely desired to say thanks yet again. I do not know what I might have carried out without the smart ideas shared by you concerning my industry. It actually was an absolute traumatic condition for me personally, nevertheless looking at a new specialised style you solved that took me to cry for happiness. Extremely happy for this advice and as well , hope that you find out what a great job that you're putting in teaching other individuals thru a site. Most likely you've never encountered all of us.

  • Навиштани шарҳи нав yeezy shoes Якшанбе, 20 Октябри 2019 03:15 навиштааст yeezy shoes

    Thank you a lot for giving everyone an exceptionally marvellous chance to read in detail from this blog. It's usually so sweet plus packed with a great time for me personally and my office co-workers to search your site on the least 3 times per week to find out the newest guides you will have. And indeed, I'm also always fascinated with all the amazing concepts served by you. Selected 1 ideas in this posting are basically the most suitable I've ever had.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF