wrapper

Хабарҳо

   Истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-и дорои ТИЭ) дар ҳисоббаробаркуниҳо бо андозсупорандагон ва шаҳрвандон нишонаи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги баланди хизматрасонӣ ба шумор меравад. Чанд сол мешавад, ки интиқоли онлайни маълумот аз МНХ-и дорои хотираи фискалии андозсупорандагон ба мақомоти андоз давра ба давра таъмин шуда истодааст. Шаффофияти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ нисбати давраҳои қаблӣ беҳтар ва даромади умумии соҳибкорон аз ҳисоби амалиётҳои нақдӣ, ки бо истифода аз МНХ анҷом дода шудааст, якчанд маротиба зиёд гардидааст. Натиҷаи харидҳои назоратӣ барои санҷиши ҳолатҳои надодани чипта аз МНХ беҳтар гардида, фаъолият самара­бахштар мешавад. Дар доираи маълумоти тариқи электронӣ аз мошинаи назоратӣ хазинавии соҳибкорон воридгардида Кумитаи андоз назорати раванди истифодабарии МНХ ва додани чипта ба истеъмолкунандагонро зери назорат қарор дода, пеш аз ҳама ба андозсупорандагоне, ки дар мавриди истифодаи МНХ ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.

   Барои рӯшании бештар андохтан ба ин мавзӯъ сӯҳбате доштем бо сардори шуъбаи назорати фаврии Раёсати санҷиши Кумитаи андоз Давлатзода Муҳаммадсаид, ки онро пешкаш мегардонем.

  - Аввалан, мехостем оид ба истифодаи МНХ ки қобилияти интиқоли маълумотро дорад, чанд сухан мегуфтед?

   - Мутобиқи талаботи моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тала­боти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тар­тиби истифодабарии моши­наи назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-и дорои ТИЭ) аз 02.05.2013, №210 тамоми субъектҳои соҳибкорӣ дар қисмати ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ вобаста ба таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо уҳдадоранд, ки аз МНХ истифо­да намоянд. Ҳамзамон, моддаи 19 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагон­ро уҳдадор намудааст, ки дар қисмати ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ аз МНХ истифода карда, амалиётҳои иқтисодии худро ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Дар дои­раи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02. 05. 2013 №210 ва қарорҳои аз моҳи январи соли 2014 №69 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои худро барои солҳои 2014- 2018 қабул наму­дааст. Дар доираи нақшаи чо­рабинии муқарраргардида дар назар дошта шудааст, ки тамоми хизматрасониҳои мақомоти ан­доз вобаста ба истифодабарии МНХ ва ҳамзамон истифодаба­рии пос-терминалҳои электронӣ давра ба давра пурра тариқи электронӣ роҳандозӣ шаванд.

   - Барои он ки самара­нокии корҳои назоратӣ таъмин шавад ва ҳамзамон, дахолати кормандони мақомоти андоз ба фаъолоияти субъектҳои соҳибкорӣ то ҳадди ниҳоӣ маҳдуд гардад, дар доираи он маълумоте, ки аз МНХ ба Кумитаи андоз ворид мегардад, оё таҳлилҳо гузаро­нида мешавад?

   - Бо таъмин гар­дидани андозсупо­рандагон бо МНХ, ки қобилияти интиқоли маълумотро дорад, гузаронида­ни корҳои назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар фаъолия­ти андозсупорандагон маҳдуд гардид. Мақомоти андоз, айни замон, корҳои назоратиро танҳо дар фаъолияти ҳамон субъектҳое амалӣ менамоянд, ки маълумоти андозсупоранда ба махзани маъ­лумоти Кумитаи андоз дар давоми аз 5-то 10 шабонарӯз ворид наме­гардад. Бо мақсади муайян наму­дани ҳолати мазкур, яъне сабаби истифодаи нагардидани МНХ-и дорои хотираи фискалӣ мақомоти андоз дар фаъолияти ин субъектҳо санҷишҳои амалиётӣ ё хариди на­зоратиро мегузаронанд. Истифо­даи МНХ ва ҳолати фаъолиятияти он дар махзани маълумоти Куми­таи андоз таҳти назорат қарор гирифтааст. Мувофиқи барномаи СИА дар мақомоти андоз ба санаи 01.12.2018 26,0 ҳазор андозсупо­ранда бо МНХ-и дорои хотираи фискалӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ҳамарӯза маълумотҳо ба махзани маълумоти Кумитаи андоз ворид гардида истодаанд. Бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ мондани таҳлилҳо, дар ин замина то ҳади максималӣ канорагирӣ намудан аз гузарони­дани корҳои назоратӣ дар фаъо­лияти андозсупоранда, ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупоран­дагон, баланд бардоштани масъу­лияти андозсупоранда дар риояи қонунгузории андоз ва халалдор насохтани фаъолияти онҳо вази­фаи асосии мақомоти андоз аст. Аммо, ҷараёни назорат ва коркар­ди маълумотҳои тавассути ТИЭ ба Кумитаи андоз интиқолдиҳанда шаҳодат медиҳад, ки интизо­ми тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хо­тираи фискалӣ дар фаъолияти андозсупорандагон қаноатбахш нест. Дар робита ба ин, масъулон нақша доранд, ки фаъолиятро дар ин самт боз ҳам пурзӯр на­муда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани мушкилиҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

   Ёдовар мешавем, ки мақсад аз истифодаи МНХ таъмини шаффофият дар субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Чуноне мебинем, ҷиҳати истифодаи МНХ то андозае дар ҳисоботи андозӣ ва ҳисоботи субъектҳои муҳосибӣ шаф­фофият таъмин шудааст. Яъне, дар маҷмӯъ даромади субъ­екти соҳибкорӣ бо истифода аз МНХ нисбат ба давраҳои қаблӣ зиёдтар гардидааст ва ин субъектҳои соҳибкорӣ амалиётҳои худро тавассути МНХ ба расмият дароварда истодаанд.

Маҳбуба УСМОНОВА,

корманди шуъбаи робита бо

ВАО-и Кумитаи андози назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

150 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав air jordan shoes Душанбе, 21 Октябри 2019 20:59 навиштааст air jordan shoes

    I as well as my buddies have been taking note of the great tips and hints from your web blog and then suddenly developed a horrible suspicion I never expressed respect to the website owner for those strategies. My young men are already so passionate to read them and have in effect undoubtedly been taking advantage of these things. We appreciate you really being indeed accommodating and for going for this sort of excellent resources most people are really eager to be informed on. My very own honest regret for not expressing appreciation to earlier.

  • Навиштани шарҳи нав jordan 6 Якшанбе, 20 Октябри 2019 22:32 навиштааст jordan 6

    I simply had to thank you so much once again. I do not know what I would've gone through without the recommendations revealed by you about that situation. It absolutely was an absolute alarming dilemma in my circumstances, but being able to see the very expert avenue you dealt with it forced me to weep over contentment. I'm grateful for this advice as well as pray you realize what a powerful job you're undertaking training people thru your web blog. Most probably you've never met any of us.

  • Навиштани шарҳи нав red bottom shoes Шанбе, 19 Октябри 2019 23:29 навиштааст red bottom shoes

    I enjoy you because of your own efforts on this web site. Betty really likes conducting investigations and it's really obvious why. My spouse and i hear all regarding the powerful means you give great strategies on this website and as well recommend response from website visitors on this subject matter and our daughter is undoubtedly discovering a great deal. Enjoy the remaining portion of the new year. Your carrying out a pretty cool job.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF