wrapper

Хабарҳо

   Дар Нозироти андозсупорандагони калон бо андозсупорандагони соҳаи фаъолияти хариду фурӯш семинар – машварат доир гардид, ки дар он масъалаи вобаста ба кам гардидани шумораи коргарон, музди миёнаи моҳонаи коргарон, фонди музди меҳнат, паст будани вазни қиёсӣ, таҳия накардани ҳисобнома- фактураи ААИ, риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

   Дар семинар - машварат муовини сардори Нозироти андозсупорандагони калон Сайдаҳтам Халифазода, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Диловар Сангаков, инчунин, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои соҳаи фаъолияти хариду фурӯши дар қайди Нозироти андозсупорандагони калонбуда иштирок намуданд.

   Муовини сардори Нозироти андозсупорандагони калон Сайдаҳтам Халифазода қайд кард, ки дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5828/13.3 ва дигар супоришҳои Кумитаи андоз оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ моро зарур аст, ки масъала ва мушкилиҳои пайдогардидаро баррасӣ на­муда, роҳҳои ҳалли онро пайдо намоем.

   Натиҷаи таҳлили маълумот нишон медиҳад, ки музди ми­ёнаи моҳонаи коргарони соҳаи фаъолияти сохтмонӣ барои соли 2018 дар музди ҳисобнамудаи аксарияти андозсупоранда­гон, нисбат ба музди миёнаи ҳисобгардида ба коргарон дар соли 2017 кам мебошад. Тибқи меъёри муқаррарнамудаи Агентии меъморӣ ва хариду фурӯш, фонди музди меҳнат дар корхонаҳои соҳаи фаъолия­ти хариду фурӯш ҳам мисли ди­гар фаъолиятҳо меъёри муайян дорад, вале, мутаассифона, нишондиҳандаҳои меъёри фон­ди музди меҳнатро дар баъзе корхонаҳои хариду фурӯш, нис­бат ба ҳамин гурӯҳи корхонаҳо, кам нишон додаанд.

   Масъалаи дигаре, ки баррасӣ гардид, ин аз ҷониби андозсупорандагон яклухт ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоте, ки ҳисобнома- фактураи ААИ-ро таҳия на­менамоянд, мебошад. Акса­рияти андозсупорандагоне, ки ба фурӯши яклухти молҳо машғуланд, зиёда аз 85 фо­изи маблағи фурӯш ба воси­таи МНХ-ро ба ҳисоб гирифта, ҳисобнома фактураи ААИ-ро таҳия намекардаанд. Ҳол он ки новобаста аз истифодаи МНХ, дар ҳолати фурӯши яклухт бояд ҳисобнома-фактураи ААИ таҳия шавад.

   Вобаста ба ин андозсу­порандагоне, ки ба фурӯши яклухти молҳо (кор ва хизматрасонӣ) машғуланд , вазифадор карда шуданд, ки дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2018, ҳадди ақал на кам аз 50 фоизи ин амалиётҳо ҳисобнома-фактураи ААИ таҳия намоянд.

   Паст будани вазни қиёсии андозҳои ҳисобшуда нис­бат ба даромади умумӣ дар фаъолияти андозсупоранда­гон яке аз масъалаҳои дигаре буд дар семинар – машварат, ки дар борааш сухан рафт. Бо дарназардошти камбудиҳои ҷойдошта дар асоси талаботи моддаҳои 19, 57 ва 89 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дуруст ба роҳ монда­ни баҳисобгирии андозҳо, аз ҷумла, фонди музди меҳнат, аз шахсони масъули андозсупо­рандагони дар семинар-маш­варат иштирокунанда талаб гардид, ки муқаррароти Ко­декси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳатман риоя намоянд.

   Зикр шуд, ки дар ҳолати аз ҷонибиин гурӯҳи андозсупоран­дагон мустақилона бартараф нагардидани камбудиҳои дар боло гуфташуда, Нозироти ан­доз зарур мешуморад, асоси талаботи Фармоиши Раиси Кумитаи андоз таҳти №126 аз 20.04.2016 «Оид ба ҳадди ми­ёнаи гаронии андозҳо» ва мод­даи 23 Кодекси андоз бо усули алтернативӣ аз руӣ корхонаҳои ҳамшабеҳ маблағҳои иловагии андозҳоро ҳисоб намуда, ди­гар чораҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ татбиқ намояд.

   Дар ҷамъомад аз ҷониби иштирокчиён чанд пешниҳод манзур гардид. Гуфтанд дар ҳолати аз ҷониби Хадамоти гумрук пурра ба барнома во­рид накардани рақамҳои эъ­ломияи гумрукӣ, аз сабаби ба ҳам монанд омадани 4 рақами охири эъломия, аз 4-5 эъломи­яи гумрукӣ танҳо маълумоти яктоаш ба ҳисобварақаи ААИ андозсупорандагон ворид мегардаду халос. Инчунин, дар ҳолати тасодуфан ноду­руст ворид намудани борхат ба барномаи анбор, ба агенти андоз имконияти мустақилона ислоҳ намудани борхати но­дуруст воридгардида дода шавад; дар барномаи анбор маълумот дар бораи бақияи аввал, таҳвил, бақияи охир ва вазифаи ба экзел гириф­тани маълумот аз барнома ҷой карда шавад; ҳангоми пешниҳод намудани эъломи­яи ислоҳотии ААИ, эъломияи навбатии ААИ нест мегар­дад, аммо аз ҳисоби эъломи­яи навбатӣ ва ислоҳотӣ дар ҳисобварақаи андоз аз фоида, пешпардохти андоз аз фоида ду маротиба ба ҳисоб гирифта мешавад. Сабаб чист?

   Дар охир нозирони мута­саддии Дастгоҳи марказӣ ва Шуъбаи Нозироти ан­дозсупорандагони калон дар шаҳри Душанбе вази­фадор шуданд, ки иҷрои талаботи Протоколро иҷро намуда, сабабҳои кам гар­дидани шумораи корга­рон, фонди музди меҳнат, музи миёнаи моҳонаи коргарон, вазни қиёси андозҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда нисбат ба даромади умумӣ ва таҳия накардани ҳисобнома- фактураи ААИ-ро муайян намоянд ва барои ислоҳ намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Фирдавси АБДУРАҲМОН

406 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав valentino shoes Душанбе, 21 Октябри 2019 19:48 навиштааст valentino shoes

    I as well as my friends came going through the nice information located on your website then before long got a terrible suspicion I never thanked the site owner for those strategies. My young men became thrilled to see all of them and have in effect really been using them. Appreciate your actually being quite accommodating and then for finding certain marvelous themes most people are really eager to discover. My honest regret for not expressing gratitude to you earlier.

  • Навиштани шарҳи нав Ugopappy Душанбе, 21 Октябри 2019 13:00 навиштааст Ugopappy

    levitra purchase cheap

  • Навиштани шарҳи нав off white jordan 1 Якшанбе, 20 Октябри 2019 21:21 навиштааст off white jordan 1

    I'm just writing to make you know of the brilliant experience my friend's princess undergone checking your site. She mastered a good number of details, which included what it is like to possess an excellent helping nature to make certain people without hassle master several hard to do subject matter. You really did more than readers' expected results. I appreciate you for distributing the valuable, trustworthy, explanatory and in addition easy guidance on that topic to Julie.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF