wrapper

Хабарҳо

   Андешидани тадбирҳои судманд дар самти ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва сари вақт гирифтани пеши роҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо яке аз омилҳоест, ки низоми пардохти андозҳоро таъмин намуда, ба ҷорӣ гардидани тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

   Назорати камералӣ мутобиқи талаботи моддаи 37 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, як шакли назо­рати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда барои фаъолияти анҷомдодааш, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад. Ин тад­бир, албатта, дар гирифтани пеши роҳи қонунвайронкуниҳои андоз мавқеи муҳим дорад.

   Фаъолияти рӯзмара ва пешниҳоди ҳисоботи ҷамъияти дорои масъу­лияти маҳдуди «ДЖОНГ ФУ»-и шаҳри Ваҳдат бои­си шубҳаи мутахассисони мақомоти андози шаҳри Ваҳдат гардиду онҳо мутобиқ ба муқаррароти моддаҳои 57-58 ва қисми 2 моддаи 84 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стан­дарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ки бо Фармони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти аз 12 июли соли 2017, №316 тасдиқ шу­дааст, дар асоси омӯзиш, таҳлилу муқоисаи ҳисоботи (эъломияҳои) ан­доз ва дигар маълумоти ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи андозсу­поранда.

   Корхонаи мазкур аз моҳи апре­ли соли 2010 дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст. Он айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат тибқи тала­боти моддаи 162 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият наму­да, ба коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии арматура машғул ме­бошад. Ҳангоми таҳлил аз рӯи СИА «Баҳисобгирии андозҳо шахсони ҳуқуқӣ» (тафсири 3) муайян шуд, ки дар корхона дар як басти корӣ 70 на­фар шаҳрванди хориҷию (Ҷумҳурии мардумии Чин) маҳаллӣ фаъолият менамояд. Аз суҳбат бо коргарони корхона маълум гардид, ки онҳо рӯзе аз 40 то 50 сомонӣ музди меҳнат мегиранд. Вале дар ҳисоботи ба мақомоти андоз пешниҳодкардаи корхона шумораи коргарон ҳармоҳа аз 41 то 50 нафар нишон дода шуда­аст, ки фарқияти он аз шумораи аслӣ аз 21 то 29 нафарро ташкил медиҳад. Музди миёнаи меҳнати кормандон тибқи ҳисобот 1025 сомонӣ нишон дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки чунин корхонаҳо аз рӯи меъёри истеҳсоли маҳсулот, аслан, дар ду баст кор мекунанд, вале ин ҷо мо таҳрифкории муҳосиботи корхонаро оид ба шумора ва маоши коргарони дар як баст кормекардаи корхона мисол овардем. Бо дарназардошти рақамҳои дар боло овардашуда фарқияти шумораи кормандонро тибқи т а л а ­боти боби 16 ва 33 Кодек­си андози Ҷумҳурии Тоҷикистон агар ҳисоб намоем, манбаи ан­дози пинҳоннамудаи корхона 29*1200=34800*9=313200 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, нисбати корхона ба маблағи 38628 сомонӣ андоз аз даромади шахсо­ни воқеӣ ва 77256 сомонӣ андози иҷтимоии иловагӣ ҳисоб карда шуд.

   Аз рӯи маълумоти муҳосиботи корхона муайян шуд, ки хароҷоти дар моҳи ҳисоботӣ кардаи корхо­на зиёда аз 263000 сомонӣ буда, арзиши болонархӣ то 20 фоизро ташкил медиҳад. Аз рӯи тартиби ҳисобкунии сармуҳосиби корхона ба­рои харидорӣ намудани 1 тонна оҳан 1000 – 1100 сомонӣ, музди меҳнат 450 сомонӣ, андози иҷтимоӣ 112,5 сомонӣ, қимати барқ 1142 сомонӣ ва дигар хароҷот 160 сомонӣ, ҷамъ барои тайёр кардани 1 тонна арма­тура 2965 сомонӣ арзиши аслии бе дарназардошти болонархӣ нишон дода шудааст. Тибқи арзиши нархҳои бозорӣ 1 тонна арматураи хушсифат 4300 сомонӣ қимат дорад. Аз рӯи хароҷоти нишондодашуда агар дар як моҳ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ қувваи барқ ва барои тайёр кардани як тонна арматура 1142 сомонӣ сарф шавад, пас аз рӯи хароҷот корхона дар як моҳ ба ҳисоби миёна 87565 кг арматура истеҳсол менамояд.

   Чуноне ки аз таҳлилҳо бармео­яд, дар нуҳ моҳ даромади умумии корхона 3388765 сомониро ташкил медиҳад. Вале дар ҳисоботи андозӣ даромади умумии корхона дар нуҳ моҳ ҳамагӣ 954726 сомонӣ ни­шон дода шудааст, ки аз ин 180227 сомонӣ ба содироти берун аз киш­вар таалуқ дошта, амалиёти кор­хона ба ҳисоби миёна дар як моҳ 106080 сомонӣ ва дар як рӯз 3526 сомониро ташкил намудааст. Чунин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо хароҷоти моҳонаи корхона маблағи ночизе буда, аз бардуруғ ва тахминӣ пешниҳод шудани эъломияҳои андоз шаҳодат медиҳад. Аз ин лиҳоз, кор­мандони мақомоти ҳудудии андоз дар асоси маълумоти дастрасгардида ва болонарҳӣ, ки 20 % муқаррар шу­дааст, даромади умумии корхонаро барои давраи нуҳ моҳи соли ҷорӣ бе дарназардошти ҳисоботи дар бар­нома дохилнамуда 2434030 сомонӣ муайян ва аз ин ҳисоб мутобиқи та­лаботи қисми 1 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова 438125 сомонӣ андози арзиши иловашуда ҳисоб намуд.

   Омӯзиш ва таҳлили андози ис­тифодабарандагони роҳҳои авто­мобилгард собит сохт, ки корхона дар нуҳ моҳи соли равон нисбати андози номбурда ба маблағи 6234 сомонӣ эъломия пешниҳод намуда­аст, ки хароҷоти дар давраи ҳисоботӣ нишондодашуда 623484 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи манбаъҳои ба таври илова дастрасгардида дар асоси талаботи моддаи 249 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бе дарназардошти эъломияҳои дар барнома пешниҳоднамуда аз даро­мади умумии дар боло зикршуда дар асоси талаботи моддаи 251 Кодекси андоз 1698111 сомонӣ муайян ва аз ин ҳисоб андоз аз истифодаба­рандагони роҳҳои автомобилгард 16981 сомонӣ ба таври илова ҳисоб карда шуд.

   Ҳамин тавр, нисбати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ДЖОНГ ФУ» ба маблағи 570990 сомонӣ андозҳои барилова ҳисоб шуда, корхона оид ба маблағи номбурда ба мақомоти ҳудудии андоз эъло­мияи иловагӣ пешниҳод намуд. Дар урфият гуфтаанд: «Нафси бад-балои ҷон». Агар корхона андозҳоро дар манбаи пардохт дуруст нишон дода, маблағҳои андозро сари вақт пар­дохт менамуд, имрӯз дар назди буҷет қарздор намешуд.

   Аз ин лиҳоз, кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдатро зарур аст, ки фаъолияти корхонаи номбур­даро таҳти санҷиши ҳуҷҷатӣ қарор дода, камбудиҳои ҷойдоштаро ба пуррагӣ ошкор намоянд. Пеши роҳи қонунвайронкунии навбатӣ бояд гирифта шавад.

Муҳаммадӣ ТАБАРЗОДА

10026 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF