wrapper

Хабарҳо

   Қобили зикр аст, ки истифодаи мошини назоратӣ-хазинавӣ барои мизоҷон муфид буда, сол аз сол шаклҳои беҳтару хубтари он мавриди истифода қарор гирифта истодааст.

   - Дар 10 моҳи соли ҷорӣ тибқи дурнамо мо соҳибкоронро бояд бо 40 адад мошини назоратӣ-хазинавӣ таъмин мекардем, - гуфт сармута­хассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ, сардори гурӯҳи соҳибкорони Нозироти ан­дози ноҳияи Кӯшониён Қобилҷон Ғафуров. – Дар асл, то имрӯз 47 адад таъмин шудааст.

   Қ . Ғафуров илова намуд, ки бо андозсупорандагон дар ҷамоатҳои деҳоти Заргар, Сарвати Истиқлол, Меҳнатобод ва Ориён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарони­да шуд, ки истифодаи мошини назоратӣ-хазинавӣ ва аҳамияти он мавзӯи меҳварии мулоқотҳо буд. «Мувофиқ ба таҳлилҳои мо, нисбат ба солҳои қаблӣ фаҳмиш ва таваҷҷуҳи андозсупорандагон ба истифодаи мошини назоратӣ- хазинавӣ бештар гардидааст. Рақамҳои телефонии боварии нозироти андоз ба андозсупо­рандагон дастрас гардидааст, ки бевосита бо мо дар тамос ҳастанд. Ғайр аз ин, санҷиши амалиётӣ гузаронида мешавад ва дар он андозсупорандагоне, ки аз моши­ни назоратӣ-хазинавӣ истифода намекунанд, ҷарима мешаванд, - мегўяд Қ. Ғафуров.

   Бо мақсади аниқ кардани вазъи истифодаи мошини назора­ти хазинавӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз чанд нуқтаи хизматрасонӣ дидан намудем. Тибқи мушоҳидаҳо, агар­чи қисмате аз андозсупорандагон мошини назоратӣ-хазинавӣ до­ранд, вале ба таври дурусту пурра аз он истифода намекунанд. Дар суҳбат яке аз андозсупорандагон (аз изҳори номаш худдорӣ намуд) изҳор дошт:

   - Агар мо чиптаи маҳсулоти фурухташударо барорем ҳам, ха­ридорон таваҷҷуҳ намекунанд. Аз ин лиҳоз, мо эътибори ҷиддӣ намедиҳем.

   Ҳамзамон, қисман ба чашм расид, ки ба ҷойи андозсупоранда яке аз аъзои оилааш савдо карда истодааст, ки на он қадар фаҳмиши хуби истифодаи мошини назоратӣ- хазинавиро дорост. Дар робита ба ин масъала масъулини нозироти андози ноҳия иброз доштанд, ки тариқи компютер андозсупоранда­гон ва истифодаи мошини назоратӣ- хазинавӣ ҳамарӯза назорат карда мешаванд.

   Хуллас, агарчи дар сам­ти истифодаи мошини назоратӣ-хазинавӣ кам­будиву норасоӣ ба чашм мерасад, вале бо фаъоли­ят ва кӯшиши кормандони нозироти андози ноҳия рӯз аз рӯз фаҳмиш ва таваҷҷуҳи андозсупоран­дагон нисбат ба ин масъа­ла беҳтар мешавад.

С. РУСТАМ

3684 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав WilfredAidem Сешанбе, 12 Ноябри 2019 16:46 навиштааст WilfredAidem

    Factor well considered!!
    canadian pharmacy
    buy cialis pills
    generic viagra online
    canada online pharmacies
    canada drug
    canadian drug
    cialis tablets

    r89scug z522br 0145f0a

  • Навиштани шарҳи нав Suepappy Сешанбе, 12 Ноябри 2019 16:37 навиштааст Suepappy

    viagra rx pharmacy propecia 1mg price in india fluoxetine 15 mg for sale dapoxetine for sale canada tadalafil 30 trazodone 50 mg nolvadex-d tadalafil tablets 2.5 mg where to buy retin a where to buy proscar metformin 500 mg robaxin 750 750 mg tadacip 20mg tablet hydrochlorothiazide capsule brand name levitra 20 mg xenical without prescription buy cipro online without prescription suhagra online buy clomid no prescription tretinoin cream uk

  • Навиштани шарҳи нав JamesTup Сешанбе, 12 Ноябри 2019 16:30 навиштааст JamesTup

    Thanks. Wonderful stuff!
    canadian online pharmacy
    canadian pharcharmy online fda approved
    provigil medication
    canada pharmaceutical online ordering
    canada online pharmacy
    viagra generic
    best 10 online canadian pharmacies
    cialis 20mg
    drugs for sale
    canadian pharmacies-24h

    e120mz6 a10nzh f429afc

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF