wrapper

Хабарҳо

   Иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродиеро, ки суд бедарак, ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф кардааст, ба зиммаи кӣ гузошта мешавад? Дар мақолаи зерин ба саволи мазкур Кароматулло Ҳазратқулов мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух додааст.

   Муқаррароти моддаи 63 Кодек­си андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани уҳдадории андоз­ро бинобар вафот кардани шахси воқеӣ ё соҳибкори инфиродиро ба танзим даровардааст, ки аз унсурҳои зерин иборат мебошад.

   Иҷрои уҳдадориҳои андози шах­сони воқеии фавтида, ғайри қобили амал эътирофшуда, бедарак ғоиб ё шахсоне, ки аз ҷониби суд фавтида эълон шудаанд. Уҳдадориҳои андо­зи шахси воқеии фавтида ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, вориси (ворисони) он дар доираи арзиши молу мулки ба мерос ги­рифтааш (он) ва мутаносибан ба ҳиссаи молу мулки ба мерос гириф­тааш (он) дар санаи гирифтан иҷро менамоянд. Дар ҳолати набудани ворисон ё аз мерос даст кашидани ҳамаи ворисон, уҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, қатъ мегарданд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд. Уҳдадориҳои андози шахси воқеиро, ки суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф кардааст, шахсе, ки молу мулки шахси мазкурро соҳибӣ менамояд, аз ҳисоби ҳамин молу мулк иҷро мекунад.

   Агар молу мулки шахси тибқи тартиби муқарраргардида бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эъти­рофшуда ё шахсе, ки суд ӯро фав­тида эълон кардааст, барои иҷрои уҳдадориҳои андози ин шахси воқеӣ, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳои ҳисобшуда нокифоя бошад, пас қисми иҷронашудаи уҳдадориҳои андоз, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳои шахси воқеии бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои бе­эътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.

   Ҳангоми тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудани қарор дар бораи беэътибор донис- тани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё дар бораи бекор кардани қарори дахлдори суд дар бораи фавтида эълон кардани шах­си воқеӣ амали уҳдадориҳои андоз, ки қаблан мувофиқи қисмҳои 2 ва 4 моддаи 63 Кодекси андоз аз ҳисоб бароварда шуда буданд, барқарор мешаванд, аммо фоизҳо ва ҷаримаҳо аз давраи қабули қарор дар хусуси бедарак ғоиб, ғайри қобили амал эътироф на­мудан ё фавтида эълон кардани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабул шудани қарори дахлдор ҳисоб карда намешаванд.

   Мафҳуми фавтида эълон наму­дани шаҳрвандро моддаи 46 Кодек­си граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

   Агар дар маҳалли зисти шаҳрванд дар давоми се сол аз ҷои зисташ маъ­лумоте набошад ва агар ӯ дар вазъияте бедарак ғоиб шуда бошад, ки хата­ри марг ба ҳаёташ таҳдид мекард ё ба гумони аз фалокат вафот кардани ӯ асос медиҳад, дар давоми шаш моҳ суд метавонад чунин шаҳрвандро фавти­да эълон намояд.

   Суд хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрванди дигари бо сабаби ама­лиёти ҷанги бедарак ғоибшударо танҳо баъди як соли пас аз анҷоми амалиёти ҷанг фавтида эълон карда метавонад.

   Рӯзи вафоти шаҳрванде, ки фав­тида эълон шудааст, рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани қарори суд дар бораи фавтида эълон намудани ӯ дониста мешавад. Дар сурати фав­тида эълон гардидани шаҳрванди дар вазъияте бедарак ғоибшуда, ки ба ҳаёти ӯ таҳдид мекард ё барои гумони дар натиҷаи фалокат вафот кардани ӯ асос медиҳад, суд мета­вонад рӯзи тахминии вафоти ӯро рӯзи вафоти ин шаҳрванд эътироф намояд.

   Фавтида эълон намуда­ни шаҳрванд нисбати ҳуқуқу уҳдадориҳои чунин шаҳрванд бои­си оқибатҳое мегардад, ки вафоти ӯ сабаб шуда метавонист.

   Бояд қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №155, Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэъ­тимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо тасдиқ шудааст. Мутобиқи қарори мазкур ҳангоми фавти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар ҳолати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин набудан ё нокифоя будани молу мулки онҳо қарз аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳо беэътимод до­ниста мешавад. Инчунин, фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар сурати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин, набудан ё нокифоя будани молу мулки онҳо қарз аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳо беэътимод до­ниста шудааст.

   Дар мавриди бекор шудани қарори суд дар бораи бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эъ­тироф гардидани шахси воқеӣ, қарзи беэътимод эътирофшуда ва аз ҳисоб баровардашуда аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ҳамчун маблағҳои барқароршуда ҳисобида мешаванд.

   Қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки маблағи то 300 (сесад) ҳазор сомониро ташкил менамоянд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешавад. Қарор дар бораи аз эътибор соқит на­мудани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ки маблағи зиёда аз 300 (сесад) ҳазор сомониро ташкил ме­намояд, дар асоси хулосаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазора­ти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешавад.

   Барои баррасии масъалаи аз эътибор соқит намудани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешавад:

   -дар ҳолати фавти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ё соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ):

   - нусхаи шаҳодатномаи ва­фоти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ);

   - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ва ё меросхӯрон;

   - санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз;

   - хулосаи мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андоз­супоранда дар хусуси беэъти­мод эътироф намудани қарз;

   Дар ҳолати фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ):

   - санади судӣ дар бораи фавти­да эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ);

   - санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз;

   - хулосаи мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андоз­супоранда;

   Қарзҳо аз рӯи андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои фавти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар ҳолати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин, набудан ё нокифоя будани молу мулки ӯ ҳамчун қарзҳои беэътимод эътироф мешаванд.

   Дар ҳолати фавтида эълон шу­дан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) қарзҳо аз рӯи андози иҷтимоӣ ҳамчун қарзҳои беэътимод эътироф на­мешавад.

   Мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ан­дозсупорандаро дар муҳлати то 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабули аризаи андозсупоранда баррасӣ намуда, дар ҳолати муайян наму­дани воқеияти ҳолатҳои пешбини­намудаи банди 3-и тартиби мазкур, хулосаи дахлдори худро дар хусуси беэътимод беэътироф намудани қарз бо замимаи ҳуҷҷатҳои пеш­бининамудаи банди 9-и тартиби мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

   Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ наму­да, дар ҳолати мутобиқат намудани қарзҳо аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба талаботи банди 3 тартиби мазкур, дар хусуси аз эътибор соқит кардани қарзи беъэтимод хулоса бароварда, онро ба Вазорати моли­яи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Қарор дар хусуси аз эътибор соқит намудани қарзи беэътимод аз ҷониби роҳбарони аввали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарони онҳоро ивазкунанда қабул мешавад.

   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи пешниҳоднамудаи Кумитаи андоз­ро (дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуҷҷатҳои иловагиро) дар муҳлати то 10 рӯзи корӣ баррасӣ намуда, дар сурати ба муқаррароти тартиби мазкур ҷавобгӯй будани қарз, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси беэъти­мод эътироф намудан ва аз ҳисоб баровардани қарз аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо таҳия карда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

   Мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда дар муҳлати то 5 рӯзи тақвимии пас аз қабули қарор дар хусуси аз ҳисоб баровардани қарзи беэътимод дар ҳисобварақаи андозсупоранда тағйироти дахлдор ворид мена­мояд.

Маводҳои дигар дар ин бахш: « Ҳолати истифодаи МНХ

395 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF