wrapper

Хабарҳо

Дар асоси Амрномаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории Кумитаи андоз дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе санҷиши амалиётӣ анҷом доданд.

Чуноне ки аз Кумитаи андо­зи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар до­данд, мақсад аз анҷом додани санҷишҳои амалиётӣ, пеш аз ҳама, назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбан­дии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», ҳолати бақайдгирӣ, сари вақт пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳолатҳои дар муҳлатҳои муқарраршуда аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаштани воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар истгоҳҳо, таваққуфгоҳҳо ва хатсайрҳои му­софиркашонии ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаъолияти 717 нафар субъекти хоҷагидор таҳти санҷиши амалиётӣ қарор гирифта­анд. Дар натиҷа, 190 ҳолат ё 26,5 фоиз бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғул гардидани шах­сони воқеӣ муайян шуда, пас аз гу­заронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ 141 нафар шахси воқеӣ бо патент таъмин гардидааст. Ҳамзамон, парвандаи бақайдгирии 28 нафари дигар дар марҳалаи бақайдгирӣ дар бахшҳои бақайдгирии дав­латии ноҳияҳои мазкур қарор до­ранд, ки маблағи моҳонаи патенти онҳо 26,4 ҳазор сомониро ташкил дода, маблағи зикршуда пурра ба буҷет ворид шудааст.

Дар рафти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ нисбати 49 нафар субъекти хоҷагидор барои вайрон кардани талаботи қонунгузории андоз, аз ҷумла бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидан ва сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҷамъ ба маблағи 79,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шуда, дар ин давра пардохти 23,9 ҳазор сомонии он ба буҷет таъмин гар­дидааст.

Ғайр аз ин, дар натиҷаи гуза­ронидани санҷишҳои амалиётӣ ва дастрас кардани огоҳиномаҳо аз ҳисоби 407 адад соҳибкори бо па­тент фаъолияткунанда, ки ба хиз­матрасонии нақлиётӣ машғул ва дар назди буҷет қарздор буданд, 111,0 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳои маблағи патент кам гардид. Дар ин давра, эъломияҳои андоз аз воситаҳои нақлиёти 18 адад шах­си ҳуқуқӣ барои давраи солҳои 2016-2019 бо татбиқи ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 27840 сомонӣ барқарор ва ба махзани маълумо­ти Кумитаи андоз дохил шуданд.

Бояд ёдовар шуд , ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар фаъолияти андозсупоранда­гон ба маблағи 369,5 ҳазор сомонӣ андозҳо ҳисоб ва дар рафти фа­ъолият пардохти 295,3 ҳазор со­монии он ба буҷет таъмин гардид.

Дар баробари ин, ҳангоми гузаронидани рейдҳои муш­тарак бо кормандони шуъбаи БДА дар ноҳияҳои шаҳри Ду­шанбе дар доираи чорабинии амалиёти “Муоинаи техникӣ”, нисбати як қатор ронандагони воситаҳои нақлиёт барои сари вақт нагузаштан аз муоинаи ҳатмии техникӣ ё бе пардохти андоз идора кардани воситаҳои нақлиёт дар доираи талабо­ти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардидааст. Дар рафти гузаро­нидани чорабинии мазкур, ки дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 826 адад субъекти хоҷагидор ба муоина ҷалб шуда буданд, аз ин ҳисоб 673,7 ҳазор сомонӣ андоз аз воситаҳои нақлиёт ба буҷет пардохт гардид.

Хулоса, гурӯҳҳои кории Ку­митаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазора­ти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гуза­ронидани рейдҳои муштарак қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ошкор карданд. Ҳамчунин, ба онҳо имкон даст дод, ки дар як муддати кӯтоҳ воситаҳои нақлиётеро, ки аз му­оинаи ҳатмии техникӣ нагузашта буданд, ба муоина ҷалб карда, ан­доз аз воситаҳои нақлиёти онҳоро ба буҷет пардохт намоянд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF