wrapper

Хабарҳо

Дар 11 моҳи соли равон кормандони бахши таш­кили андозбандии шах­сони воқеии Нозироти ан­доз дар шаҳри Кӯлоб дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.09.2014 таҳти 262 «Оиди баҳисобгирии инвентари­затсияи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шах­сони воқеӣ ва ҳукуқӣ» корҳои зиедеро ба анҷом расониданд.

Тавре сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба шах­сони воқеии нозироти андози шаҳр Ҷомӣ Сафаров итти­лоъ дод, феълан дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб 44291 бинои истиқоматӣ, 26214 би­нои ёрирасон, 11207 бинои марказҳои хизматрасонӣ (сав­до) ва 22113 иншооти нотамом ва 600 объекти молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин, дар ин дав­ра 220 объекти молу мул­ки ғайриманқули бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани шаҳрвандон ошкор гардида, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Дар фаъоли­яти иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул 382371 сомонӣ маблағи андоз ҳисоб шуда, аз он 344666 сомонӣ ба буҷет пардохт гардид.

Тибқи маълумоти бахши бақайдгирии давлатии нози­роти андози шаҳр дар 11 моҳи соли 2019-ум 727 адад субъ­екти хоҷагидор, аз ҷумла 335 соҳибкори тибқи патент фаъо­лияткунанда, 103 соҳибкори тибқи шаҳодатнома ва 289 хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун андозсупоранда ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.

Бақияпулиҳои қарзи ан­доз аз ҳисоби соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунан­да дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз соли 2015 то ба имрӯз боқӣ мондааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

шаҳри Кӯлоб

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF