Тавре сардори Шуъбаи иттилоотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Ҳабибулло Умаров хабар дод, дар нимсолаи якуми соли 2020 ба Шуъбаи иттилоотӣ, дар маҷмӯъ, 17835 муроҷиат оид ба масъалаҳои андоз ва андозбандӣ, истифодаи барномаҳои компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо (СМИИА) ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – ум 7225 адад ё 32,3% кам мебошад.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳо ба рақами содакардашудаи «151» (Системаи мултимедиявии бетаваққуф амалкунандаи “Avaya”), ки 15133 ададро ташкил медиҳад, 409 адад ба шахсоне, ки тавассути усули “Чат” муроҷиат намудаанд, муроҷиатҳо тавассути почтаи электронии «This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.» 450 адад, муроҷиатҳо вобаста ба муайян кардан ва гирифтани Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) тавассути рақами содакардашудаи “152” 1843 адад ва ба воситаи рақами телефони боварии Раиси Кумитаи андоз “233- 09-05” 610 адад муроҷиати телефонӣ рост меояд. Шумораи муроҷиаткунандагон ба ҳисоби миёна дар як рӯз 146 ададро ташкил медиҳад.
Мониторинги муроҷиатҳои андозсупорандагон муайян намудааст, ки муроҷиатҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе 9530 адад (61,3%), вилояти Суғд 1901 адад (12,2%), вилояти Хатлон 2112 адад (13,6%), ВМБК 143 адад (0,9%) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1856 адад (12%) рост меояд.
Ҳабибулло Умаров зикр кард, ки зиёда аз 18 фоизи муроҷиатҳо вобаста ба татбиқ ва дуруст истифода кардани барномаҳои компютерии СМИИА “Утоқи шахсӣ”, 5,3 фоизи муроҷиатҳо вобаста ба татбиқ ва дуруст пешниҳод намудани эъломияҳо ва ҳисобнома-фактураҳои ААИ, 4,2 фоизи муроҷиатҳо оид ба татбиқи “Анбори электронӣ”, 8,2 фоиз дар бораи тартиби пешниҳоди маълумот оид ба андоз аз фоида, 3,3 фоиз оид ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3,6 фоизи муроҷиатҳо доир ба тартиби дуруст ҳисоб ва пардохт намудани маблағи патент, имтиёзҳо ва бақияи қарзи он ва 2,8 фоиз оид ба тартиби дуруст ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо аз молу мулки ғайриманқул мебошад.
Мавсуф, ҳамчунин, афзуд, ки мониторинги мавзӯи муроҷиатҳо муайян кардааст, ки мавзӯи аз ҳама зиёдтар ба қайдгирифташуда дар Шуъбаи иттилоотӣ вобаста ба истифода ва татбиқи барномаҳои компютерии СМИИА мебошад, ки онҳо, дар маҷмӯъ, 38,8% - ро ташкил медиҳанд (аз ҷумла, оид ба “Утоқи шахсӣ”-18%, оид ба ААИ-5,3%, оид ба “Анбори электронӣ” -4,2%, оид ба андоз аз фоида -8,2%, оид ба тавозун -1,2% ва оид ба тартиб додани санади муқосавӣ 1,9%).
Таҳлили динамикаи муроҷиатҳои андозсупорандагон ба рақами содакардашудаи «151» нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2019 муайян намудааст, ки дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2020 камшавии шумораи муроҷиатҳо 6816 адад ё 30,5 фоиз дида мешавад. Масалан, дар моҳи феврали соли 2019 шумораи муроҷиатҳо 6504 адад, дар моҳи феврали соли 2020 3927 адад (фарқият 2577 адад), ҳамин тавр мутаносибан дар моҳи март 4696 адад ва 2571 (фарқият 2125 адад)-ро ташкил медиҳад. Чуноне омӯзиши омилҳои камшавии шумораи муроҷиатҳо ва натиҷаи мониторинги гузаронидашудаи мавзӯи муроҷиатҳо муайян кардааст, маҳз дар натиҷаи гузаронида шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ аз ҷониби кормандони Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва дигар раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз, андозсупорандагон тавонистаанд маълумоти лозимаро оид ба истифодаи барномаҳои компютерии СМИИА дастрас намоянд , ки ин ба коҳиш ёфтани шумораи муроҷиатҳо мусоидат намудааст.
Ғайр аз ин, дар шаш моҳи соли 2020 ба гурӯҳи иттилоотии Раёсати андоз дар ВМКБ тавассути рақами “20262” ҳамагӣ 269 адад муроҷиат, Раёсати андоз дар вилояти Суғд бо рақами “909” 195 адад муроҷиат ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлон тавассути рақами содакардашудаи “154” 18 адад муроҷиат ворид шудааст, ки дар маҷмӯъ, 482 муроҷиати телефониро ташкил медиҳад.
- Таҳлили муроҷиатҳои андозсупорандагон, - мегӯяд Ҳабибулло Умаров, - аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарфи назар аз талаботи қонунгузорӣ, таъкидҳои пайваста ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбарияти Кумитаи андоз, ҳоло ҳам кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар муносибат бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар баъзе ҳолатҳо талаботи муқарраршуда ва одоби хизматиро дуруст риоя намекунанд. Дар ин давра, тавассути рақами телефонии “151” ва рақами телефонии боварии Раиси Кумитаи андоз “2330905” 134 адад шикоят ворид шудааст.
Шумораи шикоятҳои воридгардида ба нозиротҳои андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе (бо дарназардошти РААК) 33 адад (24,6%), вилояти Суғд 25 адад (18,6%), вилояти Хатлон 40 адад (29,8%), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 адад (23,8%) ва Кумитаи андоз 4 адад (2,9%) рост меояд.
Вобаста ба ин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳудудии андозро вазифадор кардааст, ки ҳангоми муошират бо андозсупорандагон хуб рафтор карда, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби касбии корманди мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва дигар талаботи қонунгузории андозро риоя ва таъмин намоянд.
Тоҳир ЧИЛАЕВ