- Амриддин Сатторзода, нахуст мафҳуми рақами мушаххаси андозсупоранда ва аҳамияти онро шарҳ медодед...
- Бо мақсади таъмини назорати андоз ҳамаи андозсупорандагон бояд дар мақомоти андоз баҳисобгириро гузаранд. Бояд қайд намуд, ки андозсупорандагон - агентҳои андоз, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, уҳдадор мешаванд, ки дар мақомоти андоз аз баҳисобгирӣ гузашта, соҳиби рақами мушаххаси андозсупоранда гарданд.
Тибқи муқаррароти банди 7 моддаи 26 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте ки андозсупоранда баҳисобгириро мегузараду соҳиби рақами мушаххас мешавад, вазифадор мегардад, ки рақами мушаххаси худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, муносибатҳои мутақобила бо дигар мақоми ваколатдор, эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чекҳои таҷҳизоти назоратӣ-хазинавӣ, инчунин, дигар ҳуҷҷатҳои корӣ (қарордодҳо, шартномаҳо) зикр намояд.
- Рақами мушаххаси андозсупорандаро ҳар шахс, новобаста аз он ки фаъолияти соҳибкорӣ дорад ё не, бояд ҳатман дошта бошад. Аммо, дар ҳолати бақайдгирӣ андозсупоранда соҳиби рақами ягонаи мушахас (РЯМ) мегардад. Инҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
- Дар асоси муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» рақами ягонаи мушаххас рамзи ягонаи рақамиест, ки бо рақами мушаххаси андозсупоранда асос ёфта, такрорнашаванда мебошад. Он ҳангоми бақайдгирии давлатӣ, аз ҷониби мақомоти анҷомдодаи бақайдгирии давлатӣ, ба соҳибкорон, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шаҳрвандони хориҷӣ дода мешавад.
- Ҳангоми гузаштани баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз дар баробари додани гувоҳномаи РМА боз дар шиносномаи шаҳрванд штампи рақамии он гузошта мешавад. Мегуфтед, ки ин амал ба чӣ хотир анҷом дода мешавад?
- Вақте шаҳрванд ё андозсупоранда баҳисобгириро мегузарад, ҳатман ба он варақаи алоҳида, яъне гувоҳнома дода мешавад, ки дар он рақами мушаххас, санаи баҳисобгирӣ ва дигар маълумоти вобаста ба ҳолати баҳисобгирӣ дарҷ шудааст. Аслан, он ҳамчун шаҳодатномаи тасдиқкунандаи мақомоти андоз аст, ки баъди гузаштани раванди баҳисобгирӣ ба шаҳрванд дода мешавад.
Тибқи муқаррароти Кодекси андоз ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қайдҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупоранда, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан» дар вақти гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси воқеӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ штамп гузошта, дар он рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупоранда, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин, қоидаҳои тайёр намудани муҳрҳо, гузоштани муҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиноснома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Хотиррасон мешавем , ки алҳол, шакли пластикии шиносномаҳо ҷорӣ шудааст, аз ин рӯ, рақами мушаххаси андозсупоранда дар он тариқи электронӣ сабт мегардад.
- Оё шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд низ уҳдадоранд, ки РМА дошта бошанд?
- Ғайр аз шаҳвандони ҷумҳурӣ, шахсони воқеии хориҷӣ, ки ҳамчун резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд, уҳдадоранд РМА гиранд. Дар баробари ин, шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкориро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд, резидент ҳисобида намешаванд. Аз ин рӯ, дар муҳлате, ки он иҷозати гузаштани бақайдгирии давлатиро мегирад, дар ин муддат метавонад баҳисобгириро дар мақомоти андоз гузашта, соҳиби РМА шавад.
- Барои гирифтани РМА шаҳрванд ба куҷо метавонад муроҷиат кунад ва бо худ кадом ҳуҷҷатҳоро бояд дошта бошад?
- Бо мақсади гузаштани баҳисобгирӣ ва гирифтани РМА шахсони воқеӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба мақомоти андози маҳалли зист бо шиноснома, шаҳодатномаи тавваллуд, аризаи шакли тасдиқшуда муроҷиат намуда, то муддати 3 рӯзи корӣ соҳиби РМА шаванд. Шахсони воқеии хориҷӣ бо мақсади баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз метавонанд ба мақомоти маҳалли зисти будубоши худ муроҷиат кунанд. Онҳоро зарур меояд, ки барои гузаштани баҳисобгирӣ нусхаи шиноснома, аризаи шакли тасдиқшуда, варақаи муҳоҷиратӣ, инчунин, корти гурезагии худро (онҳое, ки ҳамчун гуреза дар қаламрави кишваре паноҳ баранд, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳамон кишвар ба онҳо корти гурезагӣ дода мешаванд) ба мақомот пешниҳод намоянд. Дар баробари ин, бояд ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида пурра бо забони давлатӣ тарҷума шуда, тариқи нотариалӣ тасдиқ гардида бошанд.
- Анҷом додани ин намуди хизматрасонӣ ройгон аст ё пулакӣ?
- Қайд кардан зарур аст, ки тамоми хизматрасониҳои мақомоти андоз ба истиснои ҳолатҳои муқарраршудаи қонунгузорӣ ройгон анҷом дода мешавад. Барои гузаштани баҳисобгирӣ аз ҷониби мақомоти андоз пардохт муқаррар нашудааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандон метавонанд бемонеа ва бе пардохти маблағ аз мақомоти андоз РМА гиранд.
- Оё имкон дорад, ки РМА-и ба шаҳрванд ё андозсупоранда додашуда тағйир ёбад, ислоҳ шавад ва бекор гардад?
- Рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳеҷ ҳолат, ба истиснои ҳолатҳои дар Кодекси андоз пешбинигардида, тағйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ҳатто ҳангоми барҳамхӯрии ҳамин андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳидаи он), қатъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ, дода шавад.
Рақами мушаххаси андозсупоранда дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати азнавбаҳисобгирии тамоми андозсупорандагон ё гурӯҳи муайяни онҳо ё ин ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати хато шудан ҳангоми додани рақами мушаххаси андозсупоранда (нодуруст додани рақами мушаххаси андозсупоранда, додани ҳамон як рақами мушаххаси андозсупоранда ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як рақами мушаххаси андозсупоранда ба ҳамон як андозсупоранда) метавонад тағйир дода шавад.
- Агар шаҳрванд ё андозсупоранда ном ё насаби худро иваз кунад, оё зарурати ислоҳи ном дар РМА пеш меояд?
- Вақте ки шаҳрванд ё андозсупоранда ном ё насаби худро тағйир диҳад, ба ӯ зарур аст, ки ҳатман ба мақомоти андози маҳалли қайди худ муроҷиат намуда, онро иваз кунад. Дар сурати анҷом надодани тағйири он ба мушкилӣ дучор мегардад. Дар баробари ин, шахсони ҳуқуқӣ низ агар тағйири ном кунанд, бояд аз қайди мақомот гузашта, ислоҳи онро анҷом диҳанд.
- Дар ҳолати гум шудани варақаи рақами мушаххаси андозсупоранда шаҳрванд ба куҷо бояд муроҷиат кунад?
- Дар ин ҳолат шаҳрванд барои гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда бо пешниҳоди нусхаи шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд ва аризаи шакли тасдиқгардида ба бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии маҳалли қайди худ муроҷиат мекунад.
Мусоҳиб
Тоҳир ЧИЛАЕВ