wrapper

Хабарҳо

     Соҳибкорӣ фаъолиятест, ки дар ташаккулу пешрафти соҳаи иқтисодиёт нақши муҳим бозида, ба рушди доимии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар, инчунин, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет мусоидат менамояд. Ин аст, ки ҳамасола соҳибкорони хурду миёна аз ҷониби давлату Ҳукумат дастгирӣ ёфта, зери таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

     Дар робита ба ин мавзӯъ, бо мутахассиси пешбари Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозирҷон Зоиров суҳбате доир кардем, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

     - Нахуст бигӯед, ки худи имтиёз чиро ифода мекунад ва дар қонунгузории андоз барои дастгирии соҳибкории хурду миёна кадом имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд?

     - Имтиёзҳои андоз гуфта ин сабукиҳоеро меноманд, ки мутобиқи Кодекси андоз ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ба андозсупоранадгон дода мешаванд. Маъмултарин намудҳои имтиёзҳои андозӣ, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, додани имконияти напардохтан ё дар ҳаҷми камтар ё дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андоз мебошанд.

     Аз ҷумла дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

     - корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар муҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳо ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози тибқи низоми содакардашуда) озод карда шудаанд;

     - воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оин­номавии корхонаҳо (шахсони ҳуқуқӣ) ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод мебошанд;

     - воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муай­ян менамояд, аз пардохти ААИ озод мебошанд;

     - воридоти ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагӣ, маводу ла­возимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, инчунин, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, таҳвили (фурӯши) маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ аз пар­дохти ААИ озод мебошанд. Номгӯйи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти ААИ озод карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, таҳти №198 тасдиқ шудааст. Тибқи замимаи қарори мазкур 29 номгӯйи либосҳо, аз ҷумла 24 шакли либосҳои мактабӣ ва 5 шакли либосҳои томактабии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ пешбинӣ гардида, ҳангоми таҳвил (фурӯш), онҳо аз пардохти ААИ озод карда шудаанд;

     - воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ААИ озод мебошанд;

     - воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз ААИ озод мебошанд;

     - воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) дар доираи рӯихати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, аз пардохти ААИ озод мебошанд (Дар доираи талаботи мазкур, рӯихати 12 адад иншооти сайёҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №180 тасдиқ шудааст);

     - воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз ААИ озод мебошанд.

     - Низомҳои махсуси андозбандӣ ва имтиёзнокро шарҳ медодед.

     - Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии сар­моягузорон ва соҳибкорон 4 низоми махсуси содакардашудаи андоз ва 6 низоми имтиёзноки андоз пешбинӣ шудааст.

     Низомҳои махсуси содакардашудаи андозбандӣ чунинанд:

     - низоми махсуси андозбандии шахсони воқеии тибқи патент фаъо­лияткунанда. Яъне шахсони воқеии тибқи патент фаъолияткунанда танҳо андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро ба андозаи устувор, новобаста аз даромади бадастомада, пардохт ме­намоянд (истифодабарандагони ни­зоми патентӣ аз пешниҳоди ҳисоботи андозӣ озод буда, дар фаъолияташон аз мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ истифода наменамоянд). Мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ дар ҳолатҳои алоҳида (аз ҷумла, ҳангоми бемории бистарӣ будан ё рух додани ҳодисаи сӯхтор дар маҳалли фаъолият ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан), ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент дар ин давраҳо пардохт карда намешавад. Ҳамзамон, зиёда аз 100 номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум (ҳунарҳои мардумӣ) дар хона (фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод мебошанд, аз ҷумла қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомадӯзӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, гаҷкорӣ, чармгарӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, кордсозӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кулчапазӣ, чаппотипазӣ, дуторсозӣ, найсозӣ ва ғайраҳо;

     - низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳ и соҳибкории хурд. Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон мувофиқи тартиби муқарраргардида низоми мазкурро истифода мекунанд, аз пардохти андоз аз фоида, ААИ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод буда, танҳо андози низоми содакардашударо бо меъёри 5 фоиз барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо ва 6 фоиз барои дигар намуди фаъолият пардохт менамоянд;

     - низоми  содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (бе коркарди минбаъда). Истифодабарандагони ин низом аз андоз аз фоида, ААИ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андози замин озод буда, новобаста аз даромади бадастомада, танҳо андози ягонаро пардохт менамоянд;

    - низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ. Маблағи ан­дози он новобаста ба андозаи даромад дар ҳаҷми устувор барои ҳар воҳиди объекти андозбандӣ пардохт карда мешавад.

     - Низомҳои имтиёзноки андозбандӣ инҳоянд:

     - Андозбандии сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ. Дар давраи сохтмони неругоҳи барқи обӣ фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералии сохтмон аз пардохти ААИ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда), андоз аз воситаҳои нақлиёт, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони хориҷие, ки бевосита дар сохтмони неругоҳи барқи обӣ фаъолият мекунанд, боҷи давлатӣ барои бақайдгирии тарҳи эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони неругоҳи барқи обӣ амалӣ шудаанд (пурра ё қисман), озод мебошанд;

     - хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машғул мебошанд. Корхонаҳое, ки низоми мазкурро истифода мекунанд, ба муҳлати то 12 сол аз пардохти андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва воридоти молҳо аз ҷониби онҳо барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ (худӣ) аз боҷи гумрукӣ, ААИ ва содироти молҳо аз пардохти ААИ озод мебошанд;

     - хусусияти андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво. Субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати 6 сол аз супоридани андоз аз фоида, ААИ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод мебошанд.

     - хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок. Субъектҳои номбурда (иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок, эмитентҳо ва сармоягузорон) аз пардохти андоз аз фоида ва ААИ, эмитентҳо аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда) ва сармоягузор аз пардохти андоз аз даромад аз афзоиши қоғазҳои қиматнок ва андоз аз суди саҳмияҳо озод мебошанд;

     - андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот. Чунин низом барои дастгирии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст. Зеро сармоягузор ҳангоми таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз ААИ ва аксизҳо озод карда мешавад. Илова бар ин, сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ва воридоти молҳо барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот аз ААИ озод карда мешавад;

     - асосҳои андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо (ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ) озод мебошанд. Илова бар ин, воридоти (содироти) молҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба (аз) минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озод мебошад.

Мусоҳиб

Ширинмоҳи МУҲАММАДӢ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF