Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур бо мактубҳои дастурии Кумитаи андоз ба мақомоти ҳудудии андоз аз 23 январи соли 2018, таҳти №814/6.1 ва 6 августи соли 2019, таҳти №12061/7.1 нозиротҳои андоз вазифадор шудаанд, ки маълумоти дахлдор ва парвандаҳои андозсупорандагони бефаъолиятро тартиб дода, дар давраи муайяншуда ба Кумитаи андоз пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки тибқи махзани маълумоти барномаи компютерии СМИИА дар нимсоли якуми соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 228739 адад андозсупоранда, аз ҷумла 38890 адад шахси ҳуқуқӣ (бе дарназардошти РСБ, филиал ва намояндагиҳои корхонаҳои ватанӣ), 33795 нафар соҳибкори инфиродӣ ва 156054 адад хоҷагии деҳқонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Дар робита ба ин, дар асоси маълумоти СМИИА, аз шумораи умумии андозсупорандагон (228739 адад), дар маҷмӯъ, 21196 адад ё 9,3% андозсупорандагон дар давоми дувоздаҳ моҳи охир ҳисобот ва эъломияҳои андозро ба мақомоти андоз пешниҳод накардаанд (аз ҷумла, 8838 адад шахси ҳуқуқӣ, 8056 нафар соҳибкори инфиродӣ ва 4302 адад хоҷагии деҳқонӣ).
Новобаста аз таъкидҳои пайвастаи Кумитаи андоз ва мактубҳои дастурӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2020 танҳо аз ҷониби 41 мақомоти ҳудудии андоз, дар маҷмӯъ, 5441 адад (25,6%) парвандаи субъектҳои бефаъолият, аз ҷумла 2297 адад (43,3%) шахси ҳуқуқӣ ва 3144 нафар (56,7%) соҳибкори инфиродӣ ба Комиссияи Кумитаи андоз пешниҳод карда шудааст.
Омӯзиши парвандаҳои аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз пешниҳодгардида нишон доданд, ки дар 2272 адад ё 41,7% парвандаҳо, аз ҷумла 1194 адад шахси ҳуқуқӣ ва 1078 нафар соҳибкори инфиродӣ талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2017, таҳти №533 пурра риоя нашудааст.
Зикр бояд кард, ки аз сабаби камтаваҷҷуҳии кормандони масъули нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Лахш, Варзоб, Сангвор, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз в а В М Б К ( б а и с т и с н о и ноҳияи Дарвоз) парвандаҳои субъектҳои бефаъолият, умуман, пешниҳод нашудааст, ки аз шумораи умумии андозсупорандагони бефаъолият ба ин мақомоти ҳудудии андоз 4843 адад ё 28,8% рост меояд.
Ҳамин тавр, ба ҳолати 1 июли соли 2020 аз ҷониби Комиссияи мазкур 5052 адад парвандаи субъектҳои бефаъолият баррасӣ гардида, дар натиҷа, 2235 адад андозсупорандаи бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ ва 335 адад субъект дар марҳалаи аз Феҳрист хориҷкунӣ қарор доранд. Инчунин, 210 адад субъекти бефаъолият барои мувофиқа ба сарраёсатҳо ва раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз пешниҳод карда шуда, нисбати 399 адад парванда корҳои таҳлилӣ ва омузишӣ идома доранд.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН,
муовини сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон