Нусхаи чопи

     Мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагон вазифадоранд, ки уҳдадориҳои худро дар назди давлат тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд. Ҳамчунин, дар доираи муқаррароти қонунгузории андоз, ҷиҳати муайян кардани ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти андоз сари вақт санади муқоисавӣ тартиб диҳанд.

      Ёдовар шудан бамаврид аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1676 ба моддаҳои 18 ва 19 Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд ва уҳдадории андозсупорандагон оиди бо мақомоти андоз дар муҳлати муқарраргардида тартиб додани санади муқоисавӣ мушаххас муайян гадидааст.

     Вобаста ба ин, тавре мутахассиси пешбари Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшеди Хушнуд мегӯяд, - дар асоси тағйироти мазкур, ҳамаи субъектҳои хоҷагидор бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бо мақомоти андоз санади муқоисавӣ тартиб диҳанд, аз ҷумла:

     - хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ҳар сол як маротиба;

     - андозсупорандагони низоми содакардашуда на кам аз як маротиба дар ҳар шаш моҳ;

     - андозсупорандагони ни­зоми умумии андозбандӣ на кам аз як маротиба дар ҳар се моҳ.

     Инчунин, барои соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 муҳлати тартиб додани санади муқоисавӣ ҳамасола на дертар аз 1 марти соли навбатӣ муқаррар гардида, он бо пешниҳоди расидҳои бонкӣ тартиб дода мешавад.

     Бо вуҷуди ин, тавре аз таҳлилу омӯзиши ҳисобот оид ба рафти тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо андозсупорандагон бармеояд, муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба таври зарурӣ риоя нашуда истодааст.

    Тибқи иттилои мутахассис, мақомоти ҳудудии андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ, бо 77,7 фоизи шахсони ҳуқуқӣ, 68,4 фоизи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолиятдошта, 58,9 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва 68,8 фоизи соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудаасту халос. Дар миқёси ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо шахсони ҳуқуқӣ 90,4 млн сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷми 11,4 млн сомонӣ зиёд шуда, маблағи изофапулиҳо дар ҳаҷми 25,1 млн сомонӣ кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷми 10,9 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

     Аз ҳисоби тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ин давра ба маблағи 2,6 млн сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷми 443,5 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, маблағи изофапулиҳо дар ҳаҷми 1,4 млн сомонӣ кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷми 359,9 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

     Дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фа­ъолиятдошта низ як қатор камбудиҳо ошкор гардида, бақияи қарзи андозҳо мутаносибан дар ҳаҷмҳои 1,9 млн сомонӣ ва 3,0 млн сомонӣ кам, дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷмҳои 771,4 ҳазор сомонӣ ва 241,7 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, маблағҳои изофапулӣ мутаносибан дар ҳаҷмҳои 1,3 млн сомонӣ ва 1,1 млн сомонӣ кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷмҳои 782,4 ҳазор сомонӣ ва 77,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

     Ҳамчунин, тибқи маълумот дар ин давра, бо 5140 адад андозсупоранда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуда­аст. Дар натиҷаи тартиб до­дани санадҳои муқоисавӣ дар 668 ҳолат дар ҳисобварақаҳои андозсупорандагон тағйирот ба вуҷуд омада, камбудиҳои ҷойдошта ба маблағи зиёда аз 65,0 млн сомонӣ ислоҳ карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 40,2 млн сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷми 4,5 млн сомонӣ зиёд гардида, маблағи изофапулиҳо дар ҳаҷми 10,1 млн. сомонӣ кам ва дар дигар ҳолатҳо дар ҳаҷми 10,2 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

     Натиҷаи санҷишҳо муайян намуд, ки дар аксар ҳолатҳо аз тарафи мақомоти ҳудудии андоз санадҳои муқоисавии тартибдодашуда, бе таҳлили пурраи нишондиҳандаҳои эъломияҳои пешниҳодшуда, дурустии маблағи ҳисобшуда ва пардохташудаи андозҳои дар ҳисобварақаҳо нишон дода шудааст. Чунончи, дар ҳисобварақаҳои 709 адад шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии дар қайди нозиротҳои андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе буда, эъломияҳои барои солҳои 2018 – 2020 аз ҳисоби андоз аз даромад, андоз аз воситаҳои нақлиёт, андози низоми содакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул пешниҳодшударо, ки дар махзани барномаи компютерӣ дохил нашуда буданд, ба ҳисобварақаи андозсупорандагон ворид намуданд. Дар натиҷаи ворид намудани эъломияҳои андоз, дар маҷмӯъ, ба маблағи зиёда аз 16 млн сомонӣ камбудиҳои ҷойдошта бартараф гардиданд.

     Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида мақомоти ҳудудии андозро зарур аст, ки талаботи қонунгузории андоз оид ба дуруст тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо андозсупорандагонро қатъан риоя кунанд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳое, ки дар рафти тартиб додани санадҳои муқоисавӣ   дар ҳисобварақаҳои андозсупорандагон муайян гардидаанд, чораҷӯӣ намоянд.

Ширинмоҳи МУҲАММАДӢ