- Нахуст бигӯед, ки андоз аз даромад чӣ гуна андоз аст?
- Андоз аз даромади шахсони воқеӣ – андози мустақим ба ҳисоб рафта, аз даромади андозбандишавандаи шахсони воқеӣ ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва маблағҳои тарҳшавандае, ки Кодекси андоз иҷозат додааст, иборат мебошад.
- Киҳо супорандагони андоз аз даромад ҳисобида мешаванд?
- Тибқи муқаррароти моддаи 95 Кодекси андоз супорандагони андоз аз даромад шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентҳо мебошанд, ки объекти андозбандишаванда доранд.
- Пас, объекти андоз кадом аст?
- Мутобиқи моддаи 96 Кодекси андоз объекти андозбандӣ даромади андозбандишаванда, аз ҷумла ҳама гуна даромад, ки новобаста ба маҳал ва воситаи пардохт барои давраи андоз ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси андоз муайян карда мешавад, ба ҳисоб меравад:
а) барои шахсони воқеие, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) барои шахсони воқеие, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд, аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда.
- Манбаи ин намуди андоз чӣ тавр муайян карда мешавад?
- Дар асоси моддаи 97 Кодекси андоз манбаи андоз аз даромад ин даромади умумие мебошад, ки шахсони воқеӣ–резидентҳо ва ғайрирезидентҳо гирифтаанд, барои давраи андоз ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси андоз муайян карда мешавад. Аз даромади шахси воқеӣ – корманди кироя дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад. Нишондиҳандаи мазкур барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин, барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» шурӯъ аз 1 январи соли 2020 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
- Даромади умумӣ чӣ гуна даромадҳоро дар бар мегирад?
- Тибқи моддаи 98 Кодекси андоз ҳамаи намуди даромадҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои шахси воқеӣ, ки дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ ба он пардохт мешаванд, ба истиснои даромадҳо, ки мувофиқи Кодекси андоз аз андоз аз даромад озод карда шудаанд, ба даромади умумии ҳамин шахси воқеӣ мансубанд, аз ҷумла:
а) даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд: ҳама гуна пардохтҳо, манфиатҳо ё подошҳо, аз ҷумла дар шакли моддӣ ва ғайримоддӣ, ки ба шахсони воқеӣ пардохт мешавад, новобаста аз шакл ва маҳалли пардохт даромаде ҳисоб мешавад, ки дар шакли музди меҳнат гирифта шудааст, аз ҷумла даромадҳо аз меҳнати кироя;
б) даромадҳо аз иҷрои кор ва хизматрасонӣ мутобиқи шартнома ё бе чунин шартномаҳо, аз ҷумла подошпулиҳо аз шартномаҳои муаллифӣ, ба истиснои шартномаҳое, ки мавзӯи онҳо гузариши ҳуқуқи моликият ё ба дигар шахс додани ҳуқуқи молумулкӣ мебошад;
в) даромадҳо аз меҳнати кирояи пешина, ки дар шакли нафақа ё дигар шакл гирифта мешаванд ё даромадҳо аз меҳнати кирояи минбаъда.
Даромаде, ки андозсупоранда дар шакли музди меҳнат гирифтааст, шаклҳои зерини пардохти аслро (натуралиро) дар бар мегирад:
а) пардохти музди меҳнат дар шакли аслӣ (натуралӣ);
б) арзиши молу мулке, ки ройгон дода мешавад.
Арзиши иҷрои кор ва хизматрасонии ройгон дар ҳаҷми хароҷоте муайян карда мешавад, ки бинобар иҷрои чунин корҳо, хизматрасониҳо сарф шудаанд. Мисоли 1: Ширкати сохтмонии «А» дар моҳи январи соли 2020 ба сармуҳосиби ширкат Шодӣ Шодиев ба андозаи 2000 сомонӣ музди меҳнат ҳисоб намуд. Дар худи ҳамин моҳ ширкати «А» аз ҳисоби худ таъмири хонаи ба сармуҳосиб Шодӣ Шодиев тааллуқдоштаро ройгон анҷом дод. Таъмири хона барои ширкати сохтмонӣ ба 3000 сомонӣ баробар шуд. Арзиши таъмири ройгонгирифта барои сармуҳосиби ширкат Шодӣ Шодиев бо мақсади андозбандӣ ҳамчун даромади ӯ дар шакли музди меҳнат баҳо дода (дониста) мешавад. Даромади (музди меҳнати) сармуҳосиб Шодӣ Шодиев бо мақсади ҳисоб намудани андоз аз даромад барои моҳи январ 5000 сомонӣ, аз ҷумла 2000 сомонӣ - музди меҳнати ҳисобшуда ва 3000 сомонӣ - даромади дар шакли аслӣ дар намуди таъмири ройгони хона аз тарафи ширкати сохтмонии «А» (корфармо) гирифтаро ташкил медиҳад.
в) аз ҷониби корфармо пардохт гардидани арзиши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки корманд аз шахсони сеюм гирифтааст. Мисоли 2: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Анваров дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Б» ҳамчун ҳуқуқшинос кор мекунад. Барои моҳи январи соли 2020 ба Анвар Анваров ба андозаи 1000 сомонӣ музди меҳнат ҳисоб карда шуд. Ҷамъият аз ҳисоби худ маблағи хӯроки кормандонашро пардохт мекунад. Арзиши як хӯрок 20 сомониро ташкил медиҳад. Дар моҳи тақвимӣ 22 рӯзи корӣ мебошад. Дар чунин ҳолат даромади (музди меҳнати) Анвар Анваров бо мақсади ҳисоб намудани андоз аз даромад 1440 сомонӣ, аз ҷумла 1000 сомонӣ –музди меҳнат ва 440 сомонӣ (22 рӯз х 20 сомонӣ) даромади дар шакли аслӣ пардохтаи хӯроки кормандро, ки аз ҷониби ҶДММ «Б» (корфармо) анҷом дода шудааст, ташкил медиҳад.
г) даромадҳо аз фаъолияте, ки меҳнати кироя ҳисоб намешавад;
- даромадҳо аз фа ъолияти ғайрисоҳибкорӣ, даромаде, ки ба меҳнати кирояи шахси воқеӣ мансуб нест: а) даромад аз фоизҳо бадастомада; б) суди саҳмияҳо (дивидендҳо); в) даромад аз иҷораи (кирояи) молу мулк ё афзоиши арзиш аз фурӯши молу мулк; г) роялти; д) маблағи қарзе, ки уҳдадории пардохти онро қарздиҳанда гузашт кардааст;
д) даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест, инчунин, ҳама гуна манфиате, ки аз ҷониби он гирифта шудааст ё дигар даромадҳо, ба истиснои даромад дар шакли музди меҳнат ё даромад аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ низ мансуб мебошанд;
е) ҳама гуна даромадҳои дигар.
- Даромади умумие, ки шахсони воқеӣ ба даст меоранд, аз рӯи объекти андозбандӣ ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?
- Тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 96 Кодекси андоз даромади умумие, ки шахси воқеӣ мегирад, ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад:
- даромадҳое, ки дар манбаъҳои пардохт андозбандӣ карда мешаванд;
- даромадҳое, ки дар манбаъҳои пардохт андозбандӣ карда намешаванд.
Шахсони зерин вазифадоранд, ки андозро аз манбаъҳои пардохт ситонанд:
а) шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеии кироякори худ дар шакли музди меҳнат даромад медиҳанд;
б) шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, дар асоси шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта ё бе чунин шартномаҳо, ба истиснои шартномаҳои граждании ҳуқуқие, ки мавзӯи онҳо гузаштани ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқҳои дигари ашёӣ (ҳуқуқҳои молумулкӣ) мебошад, барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) даромад пардохт менамоянд; Мисоли 3: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «А» бо шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ нест шартномаи хизматрасонӣ баст, ки маблағи он аз тарҷума намудани ҳуҷҷатҳо аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ иборат мебошад. Арзиши хизмат дар шартнома 10 сомонӣ барои тарҷумаи ҳар як варақ нишон дода шудааст. Тибқи санади додугирифти хизмат ҳаҷми хизматҳои расонидашуда 800 сомониро ташкил намуд. Дар ин мисол, мутобиқи моддаи 9 Кодекси андоз хизматрасонии шахси воқеӣ дар доираи шартномаи граждании ҳуқуқӣ, ҳамчун кори кироя баррасӣ мегардад, фармоишгари хизмат нисбат ба муносибати шахси воқеӣ ҳамчун корфармо эътироф мешавад, шахси воқеии хизматрасон ҳамчун коргар эътироф мешавад, арзиши хизматрасонӣ ҳамчун музди меҳнат эътироф мегардад. Бинобар ин, андозбандии даромади шахси воқеӣ тибқи шартномаи мазкур ба андозбандии коргарони кирояе, ки аз ҷои кори асосинабуда даромад мегиранд, мутобиқ мебошад.
в) шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеӣ нафақа, стипендия ва кӯмакпулӣ медиҳанд, ба истиснои нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳои давлатӣ; г) резидентҳое, ки суди саҳмияҳо ва фоизҳоро пардохт менамоянд;
д) шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳое, ки қисми саҳмияи (ҳиссаи иштироки) ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдоштаашон фурӯхта (бегона карда) шудааст, инчунин, агентҳои ваколатдори ғайрирезидентҳо, ки молу мулки (саҳмияҳои, ҳиссаи иштироки) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддоштаи чунин ғайрирезидентҳоро фурӯхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз ҷониби худи ғайрирезидентҳо пас аз фурӯш (бегонакунӣ) ё додани молу мулки зикршуда пешниҳод нашуда бошанд; е) шахсоне, ки бурдҳоро оид ба вомбаргҳо, лотереяҳо, оид ба натиҷаҳои озмунҳо, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳо, мукофотҳо (бурдҳо, туҳфаҳо) медиҳанд.
- Меъёри андоз аз даромад чӣ гуна муайян карда мешавад?
- Даромади андозбандишавандаи ҷойи кори асосии шахси воқеӣ аз рӯи меъёрҳои зерин андозбандӣ мешавад:
Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ, ки дар қисми 1 моддаи 103 Кодекси андоз пешбинӣ нагардидааст, бо меъёри 13 фоиз бе татбиқи тарҳҳои пешбининамудаи моддаи 102 Кодекси андоз, ба истиснои тарҳи андози иҷтимоии пардохтшуда барои шахси суғурташуда, андозбандӣ карда мешавад.
Даромад дар шакли музди меҳнати андозбандишавандаи шахси воқеӣ – ғайрирезидент бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
Мусоҳиб
Азиз МУҲАММАД