wrapper

Хабарҳо

Рӯзҳои 27-28 августи соли 2020 дар КВД Бозори “Деҳқон”, ҶДММ Бозори “Фаровон” ва ҶДММ Бозори “Сафариён” бо иштироки муовини сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Саъдулло Алимадов, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Зокирзода, нозирони мутасаддӣ ва роҳбарону масъулон ва соҳибкорони бозорҳои мазкур семинар-машварат доир гардид.

Дар семинар-машваратҳои мазкур, асосан, шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пеш­гирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 майи соли 2020, №1544, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи во­рид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 январи соли 2020, №1676, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъу­лияти падару модар дар таъли­му тарбияи фарзанд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони ин­фиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият ме­намоянд”, чораҳо оид ба кам кардани бақияпулиҳои андоз ва рафти обунашавии андозсу­порандагон ба рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ва пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани мазму­ну муҳтавои рӯзнома мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни семинар машваратҳо муовини сардори Раёсати ан­доз дар шаҳри Душанбе Обиди Муҳаммадсаид гуфт, ки Фар­мони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пеш­гирии таъсири бемории си­роятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”ва тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ан­дози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, далели рӯшани ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон буда, он бо пешбинӣ намудани сабукию имтиёзҳои нави андозӣ, ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ, албатта, мусоидат мекунад ва барои ташкили ду­русти кор, зиёд шудани ҷойҳои кории нав дар ин самт замина фароҳам месозад.

Ёдовар гардид, ки то дав­раи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз­бандии соҳибкории хурде, ки дар низоми содакардашу­даи андозбандӣ фаъолияти худро амалӣ мекарданд, ме­ъёри андозро аз даромади умумӣ барои истеҳсоли молҳо 5 фоиз ва барои дигар намуди фаъолиятҳо 6 фоиз ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамуданд. Аммо, тавре татбиқи амалии муқаррароти Кодекси андоз нишон дод, аксари субъектҳои хоҷагидор даромадҳои воқеии андозбандишавандаҳои худро дар ҳисоботи андозӣ дуруст ва дар ҳаҷми пурра нишон надода, бо ҳар роҳу восита аз пардохти андозҳо саркашӣ мекарданд.

Қаблан, дар масъалаи аз даромади умумӣ андозбандӣ гардидани даромадҳои соҳибкорони инфиродӣ, хусусан, субъектҳои соҳибкории хурде, ки дар низоми содакардашудаи андозбандӣ фаъолияти худро ба роҳ монда буданд, баъзе андоз­супорандагон изҳори норозигӣ доштанд.

Дар натиҷа, бо дарназар­дошти таклифу пешниҳодҳои субъектҳои хоҷагидор ба андоз­супорандагон яқ қатор имтиё­зу сабукиҳо пешбинӣ гардид. Аз ҷумла, барои субъектҳои хоҷагидоре, ки дар низоми сода­кардашуда фаъолият мекунанд, имконияти бо ду усул ҳисоб ва пардохт кардани андози мазкур пешбинӣ шуд:

- усули ҳисоби уҳдадории андоз аз даромади умумӣ;

- усули фарқияти даромад аз хароҷот.

Мутобиқи тағйироти ворид­гардида ба қисми 4 моддаи 291 Кодекси андоз супорандагони андози низоми содакардашу­да ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ихтиёран андози низоми со­дакардашударо аз фарқияти даромад ва хароҷот пардохт намоянд. Мутаассифона, танҳо як фоизи соҳибкорон ба ин низом, яъне пардохти андоз аз фарқияти мусбии байни да­ромад ва хароҷот гузаштанд. Ин маънои онро дорад, ки ак­сарияти соҳибкорон даромаду хароҷоти худро пурра нишон додан намехоҳанд.

Дар идомаи семинар-маш­варат Обиди Муҳаммадсаид зикр кард, ки барои гузаштан ба чунин тартиб, яъне пар­дохт намудани андози низоми содакардашуда аз фарқияти даромад ва хароҷот андозсу­порандагонро зарур аст, ки дар муҳлати муқарраршуда аз аввали сол ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худ бо ариза муроҷиат намоянд.

Тағйироти дигари ба Кодекси андоз воридкардашуда ба даст­гирии субъектҳои хоҷагидор дар мавриди гузариши соҳибкорон аз рӯи шакли ташкилию ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Яъне қаблан соҳибкороне, ки бо зиёд гарди­дани даромад ба шахси ҳуқуқӣ мегузаштанд, барои онҳо тибқи талаботи моддаи 28 Кодекси андоз гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории андоз пешбинӣ гардида буд. Бо дар­назардошти тағйиру иловаҳои ба Кодекси андоз воридшуда минбаъд соҳибкороне, ки ҳадди даромади онҳо дар 12 моҳи пай­дарпайи аз 1 миллион сомонӣ зиёд мешавад, бе санҷиши риояи қонунгузории андоз ба шахси ҳуқуқӣ, ҳамзамон, ба низоми умумии андозбандӣ гузашта, ҳуқуқу уҳдадории онҳо ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузарад. Яъне, соҳибкороне, ки қаблан тибқи шаҳодатнома фаъолият мекарданд, якбора ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки бе гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории андоз дар низоми умумии андозбандӣ фаъоли­яти минбаъдаи худро ба роҳ монанд.

Вобаста ба ин, аз субъектҳои соҳибкории хурд даъват ба амал оварда шуд, ки барои ду­руст ҳисоб ва пардохт шудани маблағи андозҳо, инчунин, таъ­мини баҳисобгирии муҳосибӣ дар фаъолияти худ чораҳои иловагӣ андешанд.

Обиди Муҳаммадсаид вобаста ба мавзӯи дигари рӯзнома гуфт, ки андозбандии соҳибкороне, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият меку­нанд, дар асоси моддаҳои 283- 289 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 авгу­сти соли 2012, №451 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатномаи фаъолият менамоянд” ба роҳ монда мешавад.

Ӯ қайд намуд, ки низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент амалӣ менамоянд, низоми махсуси андозбандӣ буда, дар асоси он соҳибони патент уҳдадоранд андозҳои муқаррарнамударо ба андозаи устувор, новобаста аз даро­мади бадастоварда, пардохт намоянд.

О. Муҳаммадсаид имтиёзҳоеро ёдовар шуд, дар қонунгузории андоз дар мав­риди соҳибкорони инфиродиии тибқи патент фаъолияткунанда пешбинӣ гардидааст:

- ҳангоми бемории бистарӣ будан, дар давраи рухсатии ҳомила ва таваллуд ё фавти соҳибкори инфиродӣ ва ё рӯх додани сӯхтор ва офатҳои табиӣ дар маҳалли фаъолият, дар давраҳои дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва ё дар изо­лятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан, ки амалӣ кар­дани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент дар ин давра пардохт карда намешавад;

- ба соҳибкорони инфиро­дие, ки мехоҳанд фаъолията­шонро қатъ кунанд, имконият дода шудааст, ки дар ҳолати то санаи 5-уми моҳи минбаъда қатъ кардани фаъолияташон, яъне аз санаи 1 то 5-уми моҳи минбаъда, маблағи патент ба­рои моҳи оянда ҳисоб карда намешавад;

- ба соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда имконият дода шудааст, ки ба мақомоти андоз эъломия ва дигар ҳисобот пешниҳод накунад, бе бурдани ҳисоби муҳосибӣ ва бе истифо­даи мошини назорати - хазинавӣ фаъолияти худро ба роҳ монад.

Обиди Муҳаммадсаид аз афзоиш ёфтани бақияи қарзи андоз аз ҳисоби соҳибкорони дар асоси патент фаъолиятку­нанда изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳар шахс бояд дар пешрафти иқтисодиёт ва ободии Ватан саҳмгузор бошад. Сари вақт таъмин намудани ма­оши хизматчиён ва нафақаи пи­ронсолон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дигар омилҳои рӯзгузаронӣ аз сари вақт пардохт шудани андозҳо ва ғанӣ гардидани буҷет вобаста мебошад. Бинобар ин, дар пар­дохти андоз набояд таъхир кард, балки онро оқилона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бояд супурд.

Таъкид шуд, ки пардохт ба­рои патент пардохти устувори андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ буда, аз ҳаҷми даро­мади бадастовардаи соҳибкор вобастагӣ надорад. Яъне, но­вобаста аз ҳаҷми даромади бадаст-омада ва гардиши мол (то 100 ҳазор сомонӣ дар соли тақвимӣ) то давраи расман қатъ намудани фаъолият маблағи патент тибқи Номгӯй аз ҷониби соҳибкор бояд ба буҷет пардохт шавад. Соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд , уҳдадор аст, ки маблағи патенти худро сари вақт ба буҷет пардохт намуда, ба пайдо шудани қарзи андоз роҳ надиҳад.

Дар рафти семинар-машва­рат ёдрас гардид, ки 178 нафар соҳибкори бо патент фаъолият­кунандаи КВД Бозори “Деҳқон” ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ зиёда аз 389 ҳазор сомонӣ қарздоранд ва онҳоро мебояд ҳарчи зудтар уҳдадориҳои худро иҷро на­моянд. Ҳамчунин, 8-10 нафар соҳибкоре, ки дар ҳудуди бозори мазкур дар асоси шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, аз 2 то 15 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз доранд ва эъломияҳои андози худро сари вақт ва дар ҳаҷми пур­ра ба мақомоти андоз пешниҳод накардаанд. Аз ин хотир, ба онҳо муҳлат дода шуд, ки дар давоми 10 рӯз қарзи андозҳои худро пардохт кунанд, вагарна нисбати онҳо чораҳои қатъии интизомӣ андешида мешавад.

Инчунин, дар семинар-маш­варат оид ба бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бо­раи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан дар миён гузошта шуд, ки ба фаъолияти соҳибкорон дахл дорад, яъне истифодаи меҳнати кӯдакон ё дар бозорҳо беназорат мондани хурдсолон.

Зикр шуд, ки дар тарбияи ин­сон, пеш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташакку­ли ҳамаи хислатҳои неку бади инсон, асосан, дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъу­лияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд.

Обиди Муҳаммадсаид таъкид намуд, ки дар бозору марказҳои хизматрасонӣ ба кор ҷалб шудани фарзандони ноболиғ аз ҷониби падару мо дар мушоҳида мегардад, ки ин амал хилофи қонунгузории мамлакат дар самти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад. Аз ин хотир, аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар фаъолияти соҳибкории худ аз қувваи кории фарзандони худ истифода накунанд.

Дар робита ба рафти обунашавии андозсупорандагон ба рӯзномаи “Боҷу хироҷ” Обиди Муҳаммадсаид гуфт, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар рушду нумӯи мамлакат нақши муассир доранд.

Ӯ қайд кард, ки маъракаи обуна маъракаи муҳим буда, он дар тамоми давру замон чун кӯмак ба дастрасии ВАО ба аҳолӣ вуҷуд дошт. Обуна ягона роҳи боэътимоди дастрасии аҳолӣ ба иттилоот аст. Вобаста ба ин, аз андозсупорандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, ки рӯзномаи соҳавии мақомоти андоз дар кишвар мебошад, обуна шаванд ва бо дастрас кардани рӯзномаи мазкур аз ҳама тағйиру иловаҳое, ки дар самти андозу андозбандӣ ва дигар масъалаҳои ба андоз алоқаманд ба вуҷуд меоянд, сари вақт ошно гарданд.

Дар идомаи семинар-машварат аз ҷониби кормандони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе аз иштирокдорон – соҳибкорони бозорҳои пойтахт даъват ба амал овард, ки уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд ва ба пайдо шудани қарзи андозҳо роҳ надиҳад.

Дар интиҳо андозсупорандагон вобаста ба мавзӯъҳои муҳокимашуда суолҳо пешниҳод карда, аз ҷониби мутахассисони мақомоти андоз посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF