- Нахуст дар бораи андоз аз арзиши иловашуда маълумот медодед...
- Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) яке аз намудҳои андози ғайримустақиме мебошад, ки дар системаи андози зиёда аз 100 кишвар дохил шудааст.
Аввалин маротиба андози мазкур соли 1960 дар Ҷумҳурии Кот-д’Ивуар ҷорӣ гардид ва баъд аз он дар солҳои 70-уми асри гузашта дар кишварҳои гуногуни Аврупо, ба монанди Фаронса, Германия, Италия ва Белгия мавриди амал қарор гирифт. ААИ-ро ҳатто андози аврупоӣ низ ном мебаранд.
Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ААИ соли 1992 ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоз аз аз арзиши иловашуда» аз 6 январи соли 1992 ҷорӣ шуд.
Мутобиқи моддаи 159 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ААИ ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳалаҳои истеҳсолот, муомилоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо пардохт шавад. Ин принсипи умумии байналмилалии андози мазкур аст.
Мувофиқи банди 52 моддаи 17 Кодекси андоз, андози ғайримустақим андозе аст, ки дар намуди иловапулӣ ба нархи молҳои воридотӣ ё таҳвилшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳои анҷомдодашуда ва аз ҷониби истеъмолкунанда ҳангоми харидани молҳо, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳои анҷомдодашуда бо нархи ба маблағи ҳамин андоз замшуда пардохт мешавад.
- Кадом субъектҳо супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб мераванд?
- Тибқи моддаи 160 Кодекси андоз шахсони зерин супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ҳисобида мешаванд:
- шахси машғули фаъолияти соҳибкорӣ, ки даромади умумиаш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди даромади як миллион сомонӣ зиёд шудааст, уҳдадор аст, ки ариза дода, ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад;
- ҳамаи шахсоне, ки воридоти андозбандишавандаи молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;
- шахси ғайрирезидент, ки бе қайд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба иҷрои кор ва хизматрасониҳо машғул аст.
Гарчанде моддаи 160 Кодекси андоз супорандагони ААИ-ро маълум намудааст, вале пардохткунандаи аслии ААИ истеъмолкунанда аст, ки дар намуди иловапулӣ ААИ-ро ҳангоми харидани молҳо, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳои анҷомдодашуда пардохт менамояд. Яъне метавон онро ба ҳайси андоз аз истеъмол низ ҳисобид.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андоз аз арзиши иловашуда чанд фоизро ташкил медиҳад?
- Мутобиқ ба моддаи 181 Кодекси андоз меъёри ААИ ба истиснои содирот ва истифодаи меъёри пасткардашуда, 18%-и муомилоти андозбандишаванда ё 18%-и воридоти андозбандишавандаро ташкил медиҳад. Инчунин, то 31 декабри соли 2023 амалиёти андозбандишавандаи ААИ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7%, барои хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаи хусусии тиббӣ бо меъёри 5%, ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин, содироти андозбандишаванда, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд.
- Дар пардохт намудани ААИ барои кадом субъектҳо имтиёз пешбинӣ гардидааст?
- Тавре маълум аст, ААИ нархи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳоро боло мебарад, ки гаронии иловагӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ мебошад. Аз ин хотир, дар моддаи 169 Кодекси андоз то андозае барои баъзе намуди мол ва хизматрасонӣ имтиёз аз пардохти ААИ пешбинӣ шудааст. Аз қабили:
- хизматрасониҳои динӣ ва маросимӣ аз ҷониби ташкилотҳои динӣ;
- хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизматрасониҳои косметологӣ, дандонпизишкӣ ва санаторию курортӣ;
- хизматрасониҳои зерини муассисаҳои давлатии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар соҳаи маориф (дар ҳолати мавҷуд будани иҷозатнома, агар он зарур бошад):
а) таҳсилоти томактабӣ;
б) таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;
в) таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;
г) таҳсилоти олии касбӣ;
д) таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
е) таҳсилоти иловагӣ ва махсус.
- таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридоти молҳое, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ (қарзӣ) амалӣ мешаванд;
- воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Мусоҳиб
Азиз МУҲАММАД