- Нахуст бигӯед, ки киро андозсупорандаи бемасъулият мегӯянд ва ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” киҳо дохил карда мешаванд?
- Андозсупорандаи бемасъулият андозсупорандае мебошад, ки барои мақсадҳои назорати андоз бо амал ё беамалии худ боиси баланд шудани эҳтимолияти (хавфи) сари вақт ё пурра пардохт нашудани андозҳои муқарраршуда мегардад. Ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” - шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳо, инчунин, соҳибкорони инфиродие, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, дохил карда мешаванд.
Мувофиқи маълумот, ба санаи 1 августи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 3160 адад андозсупорандаи бемасъулият ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин, андозсупорандагоне, ки қаблан ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда шудаанд, бо баробари бартараф шудани камбудиҳои ҷойдошта, то санаи 1 июли соли 2020, дар маҷмӯъ, 2275 адади онҳо пас аз ба рӯихат ворид намудан дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯихати мазкур хориҷ гардидаанд.
- Тартиби муайян намудан ва ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил намудани андозсупорандагон чӣ гуна аст?
- Андозсупорандаи бемасъулият аз рӯи критерияҳои (меъёрҳои) баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо бо тартиби зерин муайян карда мешаванд:
а) дар муҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи пайдо шудани уҳдадорӣ пешниҳоди ҳисоботи андозро таъмин накардааст:
б) дар муҳлати муқарраршуда (зиёда аз 3 моҳи пай дар пай) пардохт накардани бақияи қарзи андозҳои эътирофшуда дар ҳаҷми зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ;
в) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод намудааст:
г) дар муҳлати зиёда аз 6 моҳи пай дар пай баҳисобгирии даромад ва хароҷот ё амалиёти баҳисобгирии хоҷагидории худро тибқи тартиби муқарраргардида набурдааст ё ба гум шудани ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандӣ роҳ додааст;
д) дар муҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай маълумот оид ба объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди худро барои мақсадҳои баҳисобгирӣ ба мақомоти андоз пешниҳод накардааст ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз тағйир додани маълумоти қаблан барои баҳисобгирии андоз пешниҳодшударо таъмин накардааст (РСБ);
е) дигар амалҳоеро (беамалиеро) анҷом додааст, ки боиси зиёд шудани эҳтимолияти (хавфи) сари вақт ва (ё) пурра пардохт нашудани андозҳои муқарраршуда гаштааст, аз ҷумла:
- анҷом додани амалиёти иқтисодӣ бо андозсупорандагони бемасъулият ё бо истифода аз модулҳои барномаи компютерӣ бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод намудани ҳисобнома- фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;
- беасос пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи молу маҳсулоте, ки воридоти гумрукӣ ва (ё) хариди дохилии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муҳосибӣ ба расмият дароварда нашудаанд, инчунин, ба истеҳсоли чунин молу маҳсулот машғул нест:
- агар шахсони масъули шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун муассис ё роҳбари дигар шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда бошанд , ки яке аз онҳо ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда шуда бошанд:
- барои дар давоми як соли тақвимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бо мақомоти андоз тартиб надодани санади муқоисавӣ (ба истиснои соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд);
- ҳангоми дар як суроғаи ҳуқуқӣ барои пешбурди фаъолияти ихоҷагидорӣ номувофиқ, якбора ба қайд гирифтани якчанд субъектҳои хоҷагидор , агар субъекти мазкур маълумоти бардурӯғ оид ба суроғаи ҳуқуқӣ (шахси ҳуқуқӣ) ва (ё) маҳалли фаъолияти соҳибкории инфиродиро пешниҳод намуда бошанд.
- Аз рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” хориҷ намудани андозсупоранда бо кадом тартиб амалӣ карда мешавад?
- Номи андозсупоранда аз рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” бо риояи тартиби мазкур бароварда мешавад:
1) андозсупорандае, ки бо дарназардошти ҳолатҳои дар бандҳои а), б) ва д) қисми 6 тартиби пешбинишуда ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда шудааст, баъд аз анҷом додани амалҳои зерин:
- бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, инчунин, пардохти пурраи бақияи қарзи андоз;
- татбиқи ҷаримаи маъмурӣ барои риоя накардани муҳлати баҳисобгирии дар мақомоти андоз, риоя накардани муҳлати пешниҳоди ҳисоботи (эъломияи) андоз ё пардохт накардани маблағи қарзи андози эътирофшуда.
2) андозсупорандае, ки бо дарназардошти ҳолатҳои дар бандҳои в), г) ва е) қисми 6 тартиби мазкур пешбинишуда ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда шудааст, баъд аз анҷом додани амалҳои зерин:
- дар доираи муқаррароти мод даи 29 Кодекси андоз баъд аз гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯӣ ва ё мавзӯии андоз;
- бартараф кардани асосҳое, ки барои истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо сабаб шуда буданд, инчунин, пардохт намудани маблағҳои дар натиҷаи санҷиш барилова ҳисобкардашуда;
- дар ҳолати пардохти зиёда аз 50 фоизи маблағи барилова ошкоркардашудаи андозҳо, инчунин, пардохти маблағи бақияи қарзи андозҳои ҷорӣ ва тибқи муқаррароти қисми 11 моддаи 72 Кодекси андоз ба давраи на зиёдтар аз шаш моҳи пай дар пай оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андоз созишнома бастаанд, хориҷ карда мешаванд.
Андозсупорандагоне, ки тибқи санади судӣ муфлис эътироф шудаанд ва ё барҳам дода шудаанд, ё дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2017, №533 “Дар бораи тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият” ҳамчун субъекти бефаъолият эътироф гардида, барои хориҷ намудани аз Феҳристи ягонаи давлатӣ пешниҳод гардидаанд, дар асоси хулосаи дахлдор аз рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” хориҷ карда мешаванд.
Андозсупорандагоне, ки қаблан тибқи тартиби муқарраршуда ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда шуда, сармояи оинномавии худро пур накардаанд ва ё дар дигар ҳолатҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ва ҳисобварақаи андозсупоранда ба мақомоти андоз муроҷиат менамоянд, дар асоси пешниҳоди хулосаи асоснокшуда ва гузориши мувофиқшудаи сарраёсатҳо ва раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз аз рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” муваққатан хориҷ карда мешаванд.
Ҳангоми риоя нагардидани талаботи пешбинишудаи бандҳои 7 ва 8 тартиб ва бартараф накардани камбудиҳое, ки аз рӯи он субъектҳои хоҷагидор ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда шудааст, нисбати шахсони масъули мақомоти андоз чораҳои интизомӣ андешида мешавад.
- Аз тарафи кадом мақомот бемасъулиятии корхона ё соҳибкор тасдиқ карда мешавад?
- Бояд қайд намуд , ки тибқи тартиби муқарраршуда, ҳангоми аз ҷониби сарраёсатҳо, раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи андоз ва мақомоти ҳудудии андоз пешниҳод гардидани маълумот оид ба субъекти бемасъулият, тибқи муқаррароти қисми 51 моддаи 17 Кодекси андоз ва фармоиши Кумитаи андоз аз 29 июли соли 2020, №360 “Тартиби ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил ва хориҷ намудани андозсупорандагон”, дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андоз тасдиқ карда мешавад.
- Корхонае, ки дар рӯихати «Андозсупорандаи бемасъулият» ҷой дошта бошад, дар кадом ҳолат метавонад ба кор шурӯъ намояд?
-Тибқи муқаррароти боби 4 “Тартиби ба рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият”, ки бо Фармоиши Кумитаи андоз аз 29 июли соли 2020, №360 тасдиқ шудааст, ҳангоми ба рӯихати «Андозсупорандаи бемасъулият» дохил намудани субъекти хоҷагидор, дар фаъолияти онҳо маҳдудиятҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:
- тибқи муқаррароти сархати 3 қисми 11 моддаи 70 Кодекси андоз батаъхиргузорӣ нисбати чунин андозсупорандагон иҷозат дода намешавад;
- хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз тавассути “Утоқи шахсии андозсупоранда” боз дошта мешаванд;
- ҳуқуқи ба таври электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботро аз даст медиҳанд ва наметавонанд аз ҳисобнома - фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ истифода намоянд;
- хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ташкилотҳои молиявии қарзӣ мактуби ахборотӣ маҳдуд мегардад;
- аз ҷониби чунин шахсон ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ғайриимкон мебошад;
- инчунин, нисбати хизматрасониҳои электронии андозсупоранда маҳдудият амалӣ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, корхонае, ки дар рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” қарор дорад , метавонад фаъолияти худро (ба истиснои ҳолатҳои дар боло қайдгардида) идома диҳад.
- Оё корхонаи дар рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” ҷой дода шудааст, метавонад барҳам хӯрад?
- Корхонае, ки дар рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” қарор дорад, наметавонад фаъолияти худро барҳам диҳад. Чунки модулҳои барномаи компютерӣ бо якдигар алоқамандӣ дошта, ҳангоми тағйирот ворид намудан, рақами мушаххаси андозсупоранда дар барнома маҳдуд карда мешавад. Бинобар ин, то лаҳзаи бартараф шудани камбудиҳои ҷойдошта ва аз рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” хориҷ намудани субъект (шахси ҳуқуқӣ ва (ё) соҳибкори инфиродӣ) барҳам додани фаъолияти чунин андозсупорандагон ғайриимкон мебошад.
- Сабабҳои бемасъулият шудани андозсупоранда дар чист?
- Сабабҳои бемасъулият шудани андозсупорандагон дар он мебошад, ки аз ҷониби масъулони ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон талаботи пешбининамудаи қисми 51 моддаи 17 Кодекси андоз риоя намегардад, эъломияҳои андоз сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод нашуда, бақияи қарзи андозҳо пурра пардохт намешаванд. Инчунин, онҳо дигар кирдор ё амалҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа, муқаррароти пешбининамудаи қонунгузорӣ риоя намешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти моддаи 44 Кодекси андоз рӯихати “Андозсупорандаи бемасъулият” пас аз ба имзо расидани фармоиши дахлдор дар сомонаи расмии Кумитаи андоз ҷойгир карда мешавад, ки субъектҳои хоҷагидор метавонанд барои муайян намудани чунин андозсупорандагон аз сомона истифода намоянд.
- Оид ба пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо кормандони мақомоти андоз чӣ чораҳо меандешанд?
- Мақомоти андоз, пеш аз ҳама, барои бемасъулият нашудани андозсупоранда оид ба сари вақт таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳои андоз ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва нисбат ба андозсупорандаи бемасъулият, ки дар асоси Фармоиши Кумитаи андоз тасдиқ карда мешавад, сари вақт онҳоро огоҳ менамоянд. Инчунин, фаъолияти андозсупорандаро доимо таҳти назорат қарор медиҳанд, то ки андозсупорандагон ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надиҳад.
Маҳбуба УСМОНОВА,
корманди бахши робита бо ВАО-и
Кумитаи андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон