wrapper

Хабарҳо

Бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи андоз ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар аксари нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат толорҳои хизматрасонии электронӣ, яъне терминалҳо ташкил карда шудаанд. Дар ин терминалҳои хизматрасонии электронӣ андозсупорандагон имконият доранд, ки аз шабакаи Интернет ва барномаҳои компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо ройгон истифода карда, ҳисоботи андозии худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Гузариш ба тартиби электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз тақозои за­мон ва мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналхалқии хизматрасонӣ ба андоз­супорандагон буда, ба андозсупоранда имконият медиҳад, ки эъломияҳои андозро бе ҳозиршавӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намояд. Инчунин, амалиёти ҳисоб ва пардохти андозҳои дар ҳисобварақаҳо дарҷшаванда шахсан зери назорати андозсупоранда қарор дода шуда, пайдоиши изофапулӣ ва бақияпулиҳои беасос саривақт пешгирӣ карда мешавад.

Чи тавре ки сардори шуъбаи КВД «Маркази барномасозии маъмурику­нонии андоз»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Талъат Музафаров иттилоъ дод, ба санаи 1 ноябри соли 2020 аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар 15 адад нози­роти андози онҳо толорҳои хизматрасо­нии электронӣ (терминалҳо) таъсис дода шудаанд. Ҳамаи ин толорҳои хизматра­сонии электронӣ бо воҳиди алоҳидаи корӣ таъмин ҳастанд. Оянда чунин толорҳои хизматрасонии электронӣ дар се шаҳру ноҳияи боқимондаи вилоят низ ташкил карда хоҳанд шуд.

Тибқи маълумоти манбаъ, дар маҷмӯъ, аз 85 ҳазору 182 нафар ан­дозсупорандаи вилояти Суғд то имрӯз 52 ҳазору 723 нафарашон ба тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шак­ли электронӣ гузаштаанд, ки 61,9%-ро ташкил медиҳад. Гузариши шахсони ҳуқуқӣ ба пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ дар вилоят ба 76,3 фоиз баробар шудааст. Яъне, аз 11 ҳазору 116 адад шахси ҳуқуқӣ имрӯз 8 ҳазору 486 ададашон эъломияҳои андо­зи худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд. То имрӯз аз 74 ҳазору 66 нафар соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъо­лияткунанда ва хоҷагиҳои деҳконии вилоят 44 ҳазору 237 нафар ба тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шак­ли электронӣ гузаштаанд, ки 59,7%-ро ташкил медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки нишондоди гузариши андозсупорандагон ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз дар нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои Ашт (37,3%), Айнӣ (57,5%), Бобоҷон Ғафуров (58,2%), Панҷакент (48,0%), Истаравшан (64,0%), Кӯҳистони Мастчоҳ (0,6%) хеле паст аст.

Дар давоми 11 моҳи соли 2020 дар вилоят 230 адад шахси ҳуқуқӣ ва 1793 нафар соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, дар маҷмўъ, 2 ҳазору 23 адад ба тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шак­ли электронӣ гузаштаанд, Мутаассифо­на, дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ ҳамагӣ 8 адад, Шаҳристон 3 адад, Гулистон 12 адад , Бӯстон 25 адад , Панҷакент 25 адад ва Истиқлол 5 адад андозсупоранда ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз гузаш­таанд.

Қобили зикр аст, ки андозсупоран­дагони дар қайди шуъбаи НААК дар вилояти Суғдбуда имрӯз пурра аз тар­тиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ истифода менамоянд.

Кормандони масъули Раёсати ан­доз дар вилояти Суғд ва мақомоти ҳудудии он вазифадор карда шуданд, ки корбариро дар ин самт мувофиқи мақсад ба роҳ монанд. Ҳамзамон, оид ба аҳамияти гузариш ба шакли электро­нии пешниҳоди эъломияҳои андоз бо андозсупорандагон силсилаи семинар- машваратҳоро доир намоянд. Зеро гузариш ба пешниҳоди электронии эъломияҳои андоз, пеш аз ҳама, сарфаи вақти андозсупорандагон ва ҳам кор­мандони мақомоти андоз мебошад. Дар ин замина самаранокии кори кормандон низ боло меравад.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,

вилояти Суғд

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF