Дар ин росто, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Салоҳиддин Қараев хизматрасонии элекронии «Утоқи шахсии андозсупоранда»-ро, ки барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозӣ, азназаргузаронии ҳисобварақаҳо ва тартиб додани санади муқоисавӣ мебошад, ёдовар гардид. Инчунин, хизматрасониҳои электронии «Донистани рақами мушаххаси андозсупоранда» барои муайян намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, «Феҳристи ягонаи давлатӣ» барои гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, «Портали хизматрасониҳои электронӣ» барои аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, «Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ» барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор, «Ҳисобнома – фактураҳои электронӣ» барои дар шакли электронӣ таҳия намудани ҳисобнома–фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ташкил гардидаанд, ки фаъолияти кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагонро осон намудаанд.
Илова бар ин, хизматрасониҳои «Онлайн номнавис намудан барои қабул» барои дар низоми вақти мустақим номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз, «Пардохти андозҳо» барои бо истифода аз кортҳои бонкӣ пардохт намудани андозҳо, «Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз» барои ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз даромад ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, «Утоқи шахсӣ оиди лоиҳаҳои грантӣ» барои аз ҷониби татбиқкунандагони лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботи андозӣ, «Андози даромад аз иҷора» барои дар шакли электронӣ ба ҳисоб гирифтани иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул ва ғайраҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.
- Хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон имконият медиҳанд, ки онҳо аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба тариқи онлайн анҷом диҳанд. Дар маҷмӯъ, номгӯи хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешаванд, аз 2 намуди соли 2009 то 40 намуд дар соли 2020 расонида шудааст.
Чуноне ҳуқуқшиноси Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Сиёвуш Кенҷаев изҳор дошт, барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд ё аз уҳдаи истифодаи он барои ба тариқи электронӣ пардохт намудани маблағи андозҳо намебароянд, имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз хизматрасониҳои ҳуҷраҳои алоҳидаи (терминалҳои) дар 7 мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кушодашуда истифода намоянд. Дар ҳуҷраҳои (терминалҳои) мазкур кормандони алоҳида барои ба андозсупорандагон мусоидат намудан ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пардохт кардани маблағи андозҳо вобаста гардида, дар айни замон барои давра ба давра дар тамоми нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо кушодани чунин ҳуҷраҳои корӣ чораҷӯӣ шуда истодааст.
Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Ином Мирзоев гуфт, ки чунин ҳуҷраҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қубодиён, Панҷ, Ёвон, Кӯлоб ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият дошта, ба андозсупорандагон хизмат мерасонанд.
- Дар ҳудуди вилояти Хатлон 79 ҳазору 183 андозсупоранда фаъолият доранд, ки аз ин 12228 адад шахси ҳуқуқӣ ва 66 ҳазору 955 нафар соҳибкори инфиродӣ мебошанд, - афзуд Ином Мирзоев. - Ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ 47 ҳазору 796 андозсупоранда ба тариқи электронӣ эъломияи андози худро пешниҳод мекунанд. Дар умум, 60 фоизи андозсупорандагони вилоят ба шакли электронӣ пешниҳод кардани эъломияи андоз гузаштаанд. Дар шаҳри Кӯлоб 3 ҳазору 645 андозсупоранда фаъолият мекунанд, ки 2 ҳазору 394 адади онҳо ба шакли электронӣ гузаштаанд. Дар шаҳри Бохтар 1 ҳазору 732 адад андозсупоранда фаъолият доранд, ки 1 ҳазору 273 адади онҳо ба тариқи электронӣ эъломия пешниҳод менамоянд.
Воқеан, аз истифодаи модулҳои нави барномаҳои компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо натанҳо кормандони мақомоти андоз, балки ҳамаи андозсупорандагон розианд. Бояд зикр намуд, ки баҳри баланд бардоштани фаҳмиш ва маълумотнокии андозсупорандагон кормандони мақомоти андоз корҳои фаҳмондадиҳӣ– иттилоотиро дар сатҳи лозима ба роҳ монда, нафъи истифодаи хизматрасониҳои электрониро шарҳ медиҳанд. Вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, сафи андозсупорандагони пешниҳодкунандаи эъломияҳо тариқи электронӣ рӯз аз рӯз зиёд мешавад.
Салоҳиддин Қараев изҳор дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ аз 4 ҳазору 378 андозсупоранда 2 ҳазору 201 адад, Фархор аз 5 ҳазору 421 андозсупоранда 2 ҳазору 922 адад, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 4 ҳазору 798 андозсупоранда 2 ҳазору 89 адад, Данғара аз 2 ҳазору 524 андозсупоранда 1 ҳазору 466 адад, Ховалинг аз 2 ҳазору 490 андозсупоранда 1 ҳазору 480 адад, Муъминобод аз 4 ҳазору 974 андозсупоранда 1 ҳазору 516 адад, Шамсиддин Шоҳин аз 2 ҳазору 729 андозсупоранда 1 ҳазору 21 адад, Темурмалик аз 1 ҳазору 166 андозсупоранда 952 адад, Балҷувон аз 619 андозсупоранда 462 адад андозсупоранда ба тариқи электронӣ эъломия пешниҳод мекунанд. Мавсуф илова намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вахш 42 фоиз, Дӯстӣ 55 фоиз, Хуросон 62 фоиз, Қубодиён 79 фоиз, Ҷалолиддини Балхӣ 84 фоиз, Кӯшониён 72 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 70 фоиз, Ҷайҳун 57 фоиз, Панҷ 71 фоиз ва Шаҳритуз 75 фоизи андозсупорандагон ба шакли электронӣ гузаштаанд. Гуфта шуд, ки аз шаҳру ноҳияҳои Левакант 270 андозсупоранда, Ёвон 4 ҳазору 476 андозсупоранда, Норак 639 андозсупоранда, Носири Хусрав 1 ҳазору 80 андозсупоранда ва НААК дар Хатлон 47 андозсупоранда ба шакли электронӣ эъломия пешниҳод менамоянд.
Ином Мирзоев гуфт, ки бо мақсади пурра гузаронидани андозсупорандагон ба шакли электронӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кардаанд.
С. РУСТАМ,
вилояти Хатлон