wrapper

Хабарҳо

Бозомӯзӣ – мусоидат ба такмили дониш

Бо мақсади ба роҳ мондани бозомӯзӣ, такмил ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони мақомоти андоз, - мегӯяд сардори Маркази такмили ихтисоси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Ҳалимхонов, дар Маркази такмили ихтисоси Кумитаи андоз ва бахшҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд дар ҳамкорӣ бо сарраёсату раёсатҳои Дастгоҳи марказии Кумитаи андоз дар нимсолаи якуми соли 2020 як қатор корҳоро ба анҷом расонидем.

Муфассал ...

Дар кадом ҳолат суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда боздошта мешаванд?

Мақомоти андози кишвар баҳри ситонидани бақияи қарзи андозҳо, аз ҷумла қарзҳои муш­килситон пайваста кӯшиш намуда истодаанд. Оид ба бақияи қарзи андозҳо ва тартиби рӯёнидани онҳо бо сармутахассиси Раёсати ситонидани қарзи андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансорӣ Муминов суҳбате доштем, ки онро пеш­каш мегардонем.

Муфассал ...

Дар кадом ҳолат суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда боздошта мешаванд?

Мақомоти андози кишвар баҳри ситонидани бақияи қарзи андозҳо, аз ҷумла қарзҳои муш­килситон пайваста кӯшиш намуда истодаанд. Оид ба бақияи қарзи андозҳо ва тартиби рӯёнидани онҳо бо сармутахассиси Раёсати ситонидани қарзи андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансорӣ Муминов суҳбате доштем, ки онро пеш­каш мегардонем.

Муфассал ...

НИЗОМИ ПАРДОХТИ АНДОЗИ ЯГОНА

Бо дарназадошти муроҷиати як гурӯҳ андозсупорандгон, ки мехоҳанд доир ба муҳлат, тартиби пардохт ва имтиёзҳои низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) маълумот гиранд, бо сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров суҳбате доир намудем, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Муфассал ...

Бақайдгирии объектҳои молу мулк

Дар 11 моҳи соли равон кормандони бахши таш­кили андозбандии шах­сони воқеии Нозироти ан­доз дар шаҳри Кӯлоб дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.09.2014 таҳти 262 «Оиди баҳисобгирии инвентари­затсияи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шах­сони воқеӣ ва ҳукуқӣ» корҳои зиедеро ба анҷом расониданд.

Муфассал ...

Натиҷаҳои назаррас

Дар асоси Амрномаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории Кумитаи андоз дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе санҷиши амалиётӣ анҷом доданд.

Муфассал ...

Пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ҳатмист

Доир ба пешбурди ҳатмии баҳисобгирии муҳосибӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти соҳибкории хурд, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти хариди мол, иҷрои кор, хизматрасониҳо ва мавриди амал қарор гирифтани анбори электронӣ бо сармутахассиси Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷомии Абдураҳмон суҳбате анҷом додем, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Муфассал ...

Таъмини шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ

Бо мақсади бақайдгирӣ ва назорати иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, Гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санҷиши амалиётӣ анҷом дод.

Хотиррасон мешавем, ки мақсади асосии фаъолияти Гурӯҳи корӣ таъмини иҷрои нақшаи воридоти андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфи­родии тибқи патент фаъоли­яткунанда ба ҳисоб мерафт ва аз ин рӯ, он фаъолияти худро бештар ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ирсол намудани огоҳиномаҳо ба суроғаи андозсупорандагони қарздор ва воридоти маблағи андозҳо аз ин ҳисоб равона намуда буд.

Тибқи иттилои мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандӣ аз рӯи низомҳои махсус ва амволи Раёсати ташкили андоз­бандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобир Садриддинов дар рафти фаъолият ба суроғаи зисти 1945 нафар соҳибкори бо патент фаъолияткунандаи қарздор, ба маблағи 7013,8 ҳазор сомонӣ огоҳиномаҳо ирсол ва аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 874,7 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳои патент ворид гардидааст.

Дар натиҷаи гузарони­дани корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ 145 адад субъ­екте, ки бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд , ба қайди давлатӣ гирифта шуданд ва аз ин 22 нафар соҳибкори ин­фиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 123 на­фар соҳибкори инфиродии дар асоси патент амалкунанда ме­бошанд, ки маблағи моҳонаи онҳо 53,6 ҳазор сомониро таш­кил дода, пурра ба буҷет руё­нида шуд.

Дар ин давра, барои риоя на­кардани талаботи қонунгузории андоз нисбати 27 нафар соҳибкор тибқи талаботи Ко­декси ҳуқуқвайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 43,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шуда, дар рафти фаъолияти Гурӯҳи корӣ воридоти 22,3 сомонии он ба буҷет таъмин гардид. Ғайр аз ин, дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратию таҳлилӣ бино бар мутобиқ набудани гурӯҳи фаъолият ва аз ҳисоби зиёд будани нуқтаи савдо нис­бати 8 нафар соҳибкори инфи­родии тибқи патент фаъолият­кунанда ба маблағи 97,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҳисоб ва пардохти 16,5 ҳазор сомонии он ба буҷет таъмин шуд.

Бо дарназардошти мутобиқ набудани гурӯҳи фаъолият ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда ҷиҳати гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ огоҳиномаҳо да­страс гардида, 12 адади он аз патент ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ гузаштанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар моҳи ноябри соли 2019 маблағи воридоти андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиро­дии тибқи патент фаъолият­кунанда дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ 3148,9 ҳазор сомонӣ буда, новобаста аз корҳои анҷомдодаи Гурӯҳи корӣ иҷрои нақшаи пешбини­шуда дар ҳаҷми 82,0 фоиз таъ­мин шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 566,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад

Масъалаи ташвишоваре, ки дар нозироти андози ноҳияи мазкур мушоҳида мешавад, ин давра ба давра зиёд гардидани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон мебошад. Мутобиқи махзани маълумот ба ҳолати 1 дека­бри соли 2019 бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи патент фа­ъолияткунанда 10791,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масалан, соҳибкори инфиродӣ Нормат Урунов ба­рои амалӣ кардани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби бахши бақайдгирии давлатии шах­сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Фирдавсӣ бо патент таъмин шудааст. Ном­бурда ҳангоми бақайдгирии давлатӣ намуди фаъолияти худро фурӯши молҳои омехта дар нуқта ва биноҳои алоҳидаи статсионарӣ аз 15 то 20 метри мураббаъ ба қайд гирифта, ба ҳолати 14 ноябри 2019 аз ҳисоби патент дар назди буҷет ба маблағи 7197,8 сомонӣ қарздор буд. Дар рафти гузаро­нидани корҳои назоратӣ муайян шуд, ки соҳибкори мазкур дар асл ба харидуфурӯши тамғаи молии ширкати “Total”, аз ҷумла асбобҳои гуногуни барқӣ ва лавозимоти рӯзғор (дрел, арраи пармакунӣ, калидҳо ва дигар асбобҳои рӯзғор) дар би­нои статсионарӣ, ки масоҳаташ 30 метри мураббаъро ташкил менамояд, машғул гардида, дидаю дониста ба хотири иваз накардани шакли ташкилию ҳуқуқии худ маблағҳои па­тентро сари вақт ба буҷети мамлакат пардохт накарда­аст. Дар натиҷаи гузаронида­ни корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ соҳибкор Н. Урунов бо таъсиррасонии Гурӯҳи корӣ маблағҳои патенти худро пур­ра ба буҷет пардохт намуда, фаъолияти худро аз рӯи па­тент қатъ кард. Ҳамзамон, ба номбурда ҷиҳати гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ огоҳинома дастрас шуд, ки айни замон дар марҳалаи гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ қарор дорад.

Ба ҳамин монанд, Бобона­зари Акмал аз санаи 6 июни соли 2018 дар биноҳои статси­онарии масоҳаташ то 10 метри мураббаъ аз рӯи патент ба қайди давлатӣ гирифта шуда­аст. Муайян шуд, ки номбурда дар асл дар бинои статсиона­рии зиёда аз 30 метри мураб­баъ ба харидуфурӯши либосҳои занона машғул гардида, бо мақсади пинҳон намудани ман­баи аслии андоз фаъолияти ху­дро дар низоми патентӣ ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ номбурда фа­ъолияти худро аз рӯи патент қатъ кард ва ӯ бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ ҳолатҳое муайян шудааст, ки баъзе аз соҳибкорон аз сабукиҳои андозӣ суистифода карда, бо гирифтани як патент ё якчанд варақаи патент амалиётҳои ка­лон анҷом дода, дар мавридҳои дигар бархилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргари кироя фаъолияти худро амалӣ менамоянд. Чунончи, ҳангоми азназаргузаронӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Абдурасул Ҳамдамов дар кӯчаи Круп­ская 94 (назди даромадгоҳи якуми Бозори Корвон) дар 2 нуқтаи сартарошӣ ва як нуқтаи истеҳсол ва фурӯши таоми тезтайёрро бо ҷалби 8 нафар коргари кироя фаъолияташро ба роҳ монда, бо мақсади канораҷӯӣ аз андозбандӣ ва гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ ба ҳар як коргари худ патентҳои алоҳида ба расмият даровардааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 15, замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тайёр ва фурӯши таомро бе ҷои нишаст ва ҷалби коргари кироя пешбинӣ менамояд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳрванд А. Ҳамдамов ҳамчун корфармо бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардид. Ин­чунин, патентҳои соҳибкории 8 коргари кирояи ӯ қатъ шуда, ба сифати коргари кироя бо шартномаҳои меҳнатӣ таъ­мин ва дар нозироти андози ноҳия ба қайд гирифта шу­данд. Ҳамзамон, дар фаъолия­ти номбурда ҷамъ ба маблағи 4700 сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб ва пардохти он ба буҷет таъмин гардид.

Ба ҳамин монанд, соҳибкори инфиродӣ Зафарҷон Ҳомидов, санаи 16 декабри соли 2016 аз бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андо­зи ноҳияи Фирдавсӣ барои фурӯши молҳои омехта дар нуқтаи статсионарӣ аз 10 – 15 метри мураббаъ патент ба даст овардааст. Ҳангоми азназаргузаронӣ дар маҳалли фаъолияти соҳибкор, воқеъ дар кӯчаи Абай – 1А муайян шуд , ки номбурда дар асл ба харидуфурӯши масолеҳи сохтмонӣ (аз ҷумла, гипсокар­тон, профил, ширеш барои тахтасанг (кафель) ва ғайра) дар бинои статсионарии зиёда аз 40 метри мураббаъ бо патент фаъо­лияти соҳибкории худро ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи гузаро­нидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баъд аз дастрас намудани огоҳинома ҷиҳати гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ мавсуф фаъолияти худро аз рӯи патент қатъ карда, ба шаҳодатнома гузашт.

Дар рафти фаъолияти Гурӯҳи корӣ як қатор ҳолатҳои ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ низ ошкор гардид. Чунон­чи, дар рафти фаъолият муайян шуд, ки шаҳрванд Миҷгона Зуҳурова дар кӯчаи Абай – 1А бе қайд дар мақомоти андоз ба фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда машғул гарди­дааст. Дар натиҷа, нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 617 Ко­декси ҳуқуқвайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1650 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шуда, бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин гардид.

Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Амриддин Ортуқов низ бе қайд дар мақомоти андоз ба фурӯши қоғазҳо машғул гардидааст. Дар натиҷа, нисбати соҳибкор ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 1650 сомонӣ татбиқ шуд ва ӯ бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардид.

Тавре аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, аз шумораи уму­мии 10667 нафар соҳибкори инфиродии бо патент фаъо­лияткунанда, 1087 нафари он соҳибкорони бефаъолияте ба ҳисоб мераванд, ки ҳуҷҷатҳои соҳибкориро қаблан ба даст оварда, аз ҳисоби мутобиқ накардани гурӯҳи фаъолият маблағи қарзи онҳо дар як моҳ ба ҳисоби миёна дар нозироти андоз 369,5 ҳазор сомонӣ аф­зоиш ёфта истодааст.

Гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар давраи фа­ъолияти худ тавонист то андозае пеши роҳи қонуншиканиҳои бархе аз андозсупорандаҳоро бигирад. Хуб мешуд, ки шаҳрвандон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти худро тибқи талаботи қонунгузории андоз ба роҳ монда, уҳдадориҳои андозии ху­дро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF