wrapper

Хабарҳо

ФАРҚИЯТ ДАР НИШОНДИҲАНДАҲО

   Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш-тироки сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз Нарзулло Маликзода, сардори шуъбаи ташкили андозбандӣ Собирҷон Исоев, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Додхудо Абдуллозода ва андозсупорандагоне, ки дар ошхона, тарабхона ва қаҳвахонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ба омода ва фурӯши таом машғуланд, семинар – машварат баргузор гардид.

Муфассал ...

Пешгирии қонунвайронкуниҳо

   Назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад.

Муфассал ...

Андозбандии воситаҳои нақлиёт

   Мутобиқи муқаррароти моддаи 28 ва 263 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва назорати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фа­ъолият менамоянд" аз 31.08.2012, №451, инчунин санҷиши дурустии ҳисоб ва пар­дохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳолати бақайдгирӣ ва андозбан­дии иҷораи воситаҳои нақлиёт ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаштани воситаҳои нақлиёт, дар асо­си Фармони муш­тараки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ва­зорати корҳои до­хилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2014 Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти андози вилояти Суғд барои гузаронидани санҷиши амалиётӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сафарбар карда шуданд.

Муфассал ...

ҲОЛАТИ НОСОЗ

   Бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳияи Қубодиён дар айни замон 6 миллиону 594 ҳазору 676 сомониро ташкил медиҳанд. Барои ба вазъи андозсупории якчанд хоҷагию корхона аз наздик ошно шудан аз онҳо дидан ба амал овардем.

   Ҳамроҳи сармутахассиси бах­ши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андоз Орзу Алимзода бо сардори хоҷагии деҳқонии «Бобои Сангин» Гулбаҳор Санги­нова, ки қарзи андозаш 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад , вохӯрдем. Раиси хоҷаги баҳона пеш овард, ки ҳоло маблағ надо­раду ҳамин,ки имконият пайдо шавад, қарзҳояшро мепардозад.

Муфассал ...

Назорат - кафили муваффақиятҳо

   Дар ҷаласаи навбатии ҳайати Мушовараи Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи дар эъломияҳои андоз дуруст ва мушаххас нишон додани шумораи воқеии коргарони кироя, пурра нишон додани музди меҳнати кормандони кироя, ба расмият даровар­дани шартномаҳои меҳнатӣ, тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра зиёд намудани музди меҳнат ва тақвият бахшида­ни чорабиниҳо оид ба сари вақт ҷамъоварӣ намудани андози даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ, на­зорати риояи қонунгузории андоз дар мавриди истифода аз кори кироя ва боз бисёр масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсу­сан, дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки нишондиҳандаҳои дар эъломияҳо пешниҳоднамудаи субъектҳои хоҷагидор воқеиятро дуруст ва объекти­вона иникос наменамоянд. Дар пешниҳоди эъломияҳои андоз андозсупорандагон ба таҳрифкорӣ роҳ дода, бо истифода аз роҳҳои гуногун мехоҳанд маблағҳои андозро пинҳон намоянд.

Муфассал ...

Таъмини фаъолияти шаффоф

   23 - юми ноябри соли 2018 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода, муовини сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андоз Абдусалом Раҳимзода, сардори шуъ­баи назорати фаврии Раёсати санҷиши андозҳо Маҳмадсаид Давлатзода ва намояндагони ҶДММ «Фароз-пардохт» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Муфассал ...

НИГАРОНӢ

   Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳуқуқу тартибот доир гардид. Дар ҷаласа дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани замин, бахусус заминҳои чарогоҳ ва фонди ҷангал, инчунин асоснокии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҷудо ва вобаста кардани қитъаҳои замин, масъалаҳои вобаста ба раванди иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, риояи қонунгузории андози кишвар дар соҳаи кишоварзӣ ва андозбандӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд.

Муфассал ...

Тадбир барои беҳдошт

   Ҳайати кормандони Нозироти андозсупорандагони калон бо андозсупорандагони соҳаи фаъолияти сохтмонӣ, вобаста ба кам гардидани шумораи коргарон, музди миёнаи моҳонаи коргарон, фонди музди меҳнат, паст будани вазни қиёсӣ, риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо семинар – машварат гузаронид. Дар семинар - машварат сардори андозсупорандагони калон Абдулқаюм Воҳидов, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Диловар Сангаков ва инчунин, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои соҳаи фаъолияти сохтмонии дар қайди Нозироти андозсупорандагони калонбуда иштирок доштанд.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF