
- Панҷшанбе, 13 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Мақсад - ислоҳи камбудиҳо
Мутобиқи маълумоти барномаҳои иттилоотии андоз, аз ҷумла шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Панҷ ба санаи 01.10.2018 6230 субъекти соҳибкорӣ (1067 соҳибкори тибқи патент амалкунанда, 95 соҳибкори дар асоси шаҳодатнома амалкунанда, 4899 хоҷагии деҳқонӣ ва 169 адад шахси ҳуқуқӣ) фаъолият менамоянд, ки на ҳамаи онҳо қонунгузории андозро риоя карда истодаанд. Аз ин рӯ, нисбати 27 нафар андозсупоранда тибқи талаботи моддаҳои 601, 614, 615, 617 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳо ба маблағи 65500 сомонӣ ҷарима шуданд.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 12 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Амвол меафзояду андоз не. Чаро?
Ҳанӯз 28 апрели соли 2017 баъди ба имзо расидани Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 192 «Оиди баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» дар яке аз ҷаласаҳои Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки муҳлати ниҳоии чорабинии мазкур то 1 январи соли 2019 муқаррар гардидааст.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 05 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Манбаъҳои нави андозбандӣ муайян шуд
Дар асоси Амрномаи сардори Нозироти андозсупорандагони калон аз 10.10.2018, №124 бо мақсади гузаронидани санҷиши амалиётии андозҳо нисбати андозсупорандагони калон Гурӯҳи корӣ ба шаҳри Ҳисор сафарбар гардид.
Тавре сардори Нозироти андозсупорандагони калон Абдулқаюм Воҳидов иброз дошт, бо вуҷуди он ки дар қонунгузории андоз як қатор имтиёзу сабукиҳо баҳри беҳтар сохтани муҳити корӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ роҳандозӣ гардидааст, вале аз ҷониби баъзе субъектҳо қонуншиканию пинҳонкориҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ин хотир гурӯҳҳои кории мақомоти андоз дар ин самт амалиёт мегузаронанд, ки дар натиҷа як қатор пинҳонкорию қонуншиканиҳо ошкор мешаванд.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 05 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Самараи корҳои фаҳмондадиҳӣ
Нозироти андози шаҳри Хоруғ нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллиро дар 10 моҳи соли равон 110 фоиз таъмин намуд. Илова бар нақша 320 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид шуд. Яке аз омилҳои сари вақт ва барзиёд иҷро кардани нақшаи қисми даромади буҷет ин самаранок ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотӣ ва мулоқоти мустақим бо андозсупорандагон мебошад. Бо сардори Нозироти андоз дар шаҳри Хоруғ Фахриддин Муҳиддинов суҳбате анҷом додем, ки онро пешкаш мекунем.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 05 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Фаъолият таҳти назорат
Мувофиқи маълумот иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда дар вилояти Суғд дар 9 моҳи соли ҷорӣ 104,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 219,9 млн. сомонӣ ворид шуд. Нақшаи ин намуди андоз дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов таъмин нашуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 8 млн. сомонӣ ворид нагардид.
Муфассал ...
- Сешанбе, 04 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Имтиёзҳо ва фаъолияти эҳсонкорӣ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар саросари кишвар, алҳол, корҳои созандагиву ободонӣ ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки дар робита ба Кумитаи андоз шаҳрвандону андозсупорандагон вобаста ба мавҷудияти имтиёзҳои андозӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти эҳсонкорӣ оид ба сохтмон ва азнавсозии объектҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва тариқи ройгон ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ супоридани онҳо ба мақомоти андоз пайваста муроҷиат менамоянд. Дар атрофи ин масъала мо суҳбате доштем бо Завқибек Шодиён, сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нарзулло Маликзода, сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муфассал ...
- Сешанбе, 04 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Камбудиҳо ошкор ва пешгирӣ гардиданд
Санҷишҳои андоз, асосан, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини воридоти саривақтии маблағи андози дар рафти санҷиш ошкоршуда ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни андозсупорандагон ҷиҳати минбаъд ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надодани андозсупорандагон гузаронида мешавад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 04 Декабри 2018
- Андозу андозбандӣ
- Муаллиф: Боҷу Хироҷ
Пешгирии қонунвайронкуниҳо
Андешидани тадбирҳои судманд дар самти ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва сари вақт гирифтани пеши роҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо яке аз он омилҳоест, ки интизоми пардохти андозҳоро таъмин намуда, ба ҷорӣ гардидани тартиботи ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад ва дар баланд бардоштани фарҳанги андозсупории андозсупорандагон мусоидат мекунад.
Муфассал ...