wrapper

Хабарҳо

Ташаккули сармояи оинномавӣ

   Дар натиҷаи амалиёти Гурӯҳи корӣ, ки дар асоси фармоиши сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2018 бо мақсади ташаккул додани сармояи оинномавӣ ва баррасии аризаҳое, ки муддатҳои тулонӣ дар марҳалаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ сафарбар гардид, сармояи оинномавии 52 шахси ҳуқуқӣ ба маблағи 17735214 сомонӣ ташаккул дода шуд.

Муфассал ...

Чаро қарзи андоз меафзояд?

   Бо вуҷуди андешидани як қатор чораҳои мушаххас ҳоло ҳам дар мақомоти андози вилояти Хатлон бақияи қарзи андозҳо ба маблағи зиёд боқӣ мондааст. Онҳо то 01.10.2018- ум 174 миллиону 274 ҳазору 703 сомонро ташкил медиҳанд. Дуруст, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз маблағи 184 миллиону 506 ҳазору 139 сомонӣ 10 миллиону 231 ҳазору 436 сомонии он кам шудааст, вале ин ҳанӯз қатрае аз баҳр аст.

Муфассал ...

Камбудиҳо ҳанӯз ҷой доранд

   Раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи маъмурикунонии андоз аз фоида, пешниҳоди эъломия ва тавозуни муҳосибиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои бартараф кардани нуқсу камбудиҳо аз чораҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотӣ истифода мекунанд.

Муфассал ...

ВОҚЕИЯТ ВА ВАЗЪИЯТ

        Ҳолати бақайдгирӣ ва воридоти андозҳо

   Дар мақомоти ҳудудии андоз ба ҳолати 1 октябри соли 2018-ум 33417 нафар соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда (бе дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ) ба қайди давлатӣ гирифта шудаву аз ин ҳисоб ба буҷет 245,8 миллион сомонӣ андозҳо ворид гардидаанд. Аммо, чуноне, ки аз маълумоти мақомоти ҳудудии андоз бармеояд, дар фаъолияти соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома амалкунанда камбудҳо ҷой доранд.

   Чуноне ки аз таҳлили ҳисобот бармеояд, дар баъзе мақомоти ҳудудии андоз камшавии шумора ва маблағи воридоти андозҳо ба назар мерасад. Камшавии бештари маблағи андозҳо, асосан, ба шаҳру ноҳияҳои Рушон (21 хазор сомонӣ), Шуғнон (17,5 ҳазор сомонӣ), Ишкошим (14,8 ҳазор сомонӣ), Мурғоб (2,6 ҳазор сомонӣ), Муъминобод (49,6 ҳазор сомонӣ) ва Ваҳдат (207,4 ҳазор сомонӣ) рост меояд.

Муфассал ...

Манбаи маблағҳои иловагии андоз

   Яке аз манбаъҳои асосии ғанӣ гардондани буҷаи ҷумҳурӣ ин пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани молу мулки ғайриманқул ва қитъаҳои замини шахсони воқеӣ мебошад. Бояд иброз намуд, ки дар масъалаи андозбандии объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ камбудиҳои зиёд ҷой доранд.

Муфассал ...

Мақсад - пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз

   Яке аз самтҳои асосии корҳои назоратии мақомоти андоз гузаронидани назорати камералӣ дар фаъолияти андозсупорандагон ба ҳисоб меравад. Назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақомоти ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз гузаронида мешавад.

   Назорати камералӣ аз рӯи масъалаҳои мутобиқат кардани маълумоту ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда ва маълумоту ҳуҷҷатҳое, ки дар мақомоти андоз мавҷуданд, бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, қонунӣ будани истифодаи низомҳои андоз ва дуруст истифода намудани имтиёзҳои андоз анҷом дода мешавад.

Муфассал ...

Робитаи мустақим бо андозсупорандагон

   Таҷрибаи маъмурикунонии андоз ва муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон, аз ҷумла гузаронидани семинар машварату вохӯриҳо ва таҳияи намоишҳо бояд самти афзалиятноки фаъолияти соҳа боқӣ монда, ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

   Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияи иттилоотии муосир шароит фароҳам шудааст, ки шаҳрвандон аз хизматрасониҳои мақомоти андоз, аз ҷумла тавассути Бахши иттилоотӣ (Контакт – сентр) бо рақамҳои телефонии 151 ва 152, сомонаи Кумитаи андоз (http:// andoz.tj) ва почтаи электронӣ (This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.) бемонеа истифода намоянд.

Муфассал ...

Ҳолати иҷрои андози ягона

   Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат соҳаи кишоварзӣ вусъати тоза пайдо кард.

   Воқеан, кишоварзӣ муҳимтарин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки муносибатҳои бисёрҷонибаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб ба роҳ монда, заминаи ҳамбастагӣ дар минтақаҳо мегардад. Ин соҳа сарчашмаи неъматҳои моддию истеъмолӣ буда, талаботи аҳолӣ ва соҳаи саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад.

   Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии интихоби парвариши ин ё он намуди зироат ва андози ягона ҳамчун як шакли муҳими дотатсияи давлатӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намудааст.

   Андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пардохти андози ягона, алхол, дар кадом ҳолат қарор дорад?

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF