wrapper

Хабарҳо

   Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, консептсияи сиёсати андоз ва буҷет, инчунин лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2019 тасдиқ намуд.

   Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки аз соли 2019 сар карда дар Ӯзбекистон бори нахуст фишанги банақшагирии миёнамуҳлати буҷет бо роҳи тасдиқсозии буҷети давлатӣ дар соли дарпешистода ва дурнамои буҷетӣ барои солҳои минбаъдаро амалӣ мегардонад.

   Тибқи консептсияи мукаммалсозии сиёсати андоз, онро президенти кишвар бо фармони худ 29 июн тасдиқ намудааст, дар соли 2019 имтиёзҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

  1. паст кардани бори андоз ба фонди пардохти музди меҳнат бо роҳи:
  • ҷорӣ намудани меъёри ягонаи андоз аз даромадҳои шахсони вокеӣ дар ҳаҷми 12% ва барҳам додани пардохти суғуртапулиҳои шаҳрвандон (8% аз музди меҳнат). Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳаҷми музди меҳнат ба ҳисоби миёна 6,5% баланд шавад.
  • то 12% кам кардани меъёри пардохти ягонаи иҷтимоӣ аз фонди пардохти меҳнат;
  1. Барҳам додани пардохтҳои ҳатмӣ ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз гардиш дар ҳаҷми 3,2% рӯёнида мешаванд;
  2. Паст кардани меъёрҳо: андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 14% то 12%; андоз аз фоидаи бонкҳои тиҷоратӣ – аз 22% то 20%; андоз аз манбаи пардохти даромад дар намуди дивидендҳо ва фоизҳо – аз 10% то 5%; андоз аз молу мулки шахсони ҳуқуқӣ – аз 5% то 2%.

   Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ қариб 10 триллион сум боқӣ мемонад.

Манбаъ: https://news.mail.ru/ economics/35283530/

 

45 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав scenoub Ҷумъа, 18 Октябри 2019 15:03 навиштааст scenoub

    (Health News) - Basic ingredient of over the counter anxiety medication is unaltered as that of brand medications i.e. Sildenafil Citrate. over the counter viagra substitute is a outcome of Ajanta Pharmaceuticals Ltd. It is the most renowned order of generic medications. The apogee demand of this physic is in U.K. June 26, 2019 1:26

  • Навиштани шарҳи нав Ugopappy Сешанбе, 15 Октябри 2019 10:25 навиштааст Ugopappy

    levitra 20mg price in usa

  • Навиштани шарҳи нав government healthcare Душанбе, 14 Октябри 2019 03:46 навиштааст government healthcare

    Did you hark to connected with the elementary annihilation from an overdose of buy viagra with a doctor prescription list, which was bought from an online pharmacy? A fetter took twelve pills and his better half died. How many doses of physician list does it take to novelty a brighten bulb? One paltry plaque, and it's a more often than not contemporary bulb.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF