wrapper

Хабарҳо

   Думаи давлатии Россия лоиҳаи қонун дар бораи ҷорӣ намудани имтиёзҳои андоз барои шахсони воқеиеро тасдиқ намуд, ки ба муассисаҳои давлатии фарҳангӣ кӯмак мерасонанд. Лоиҳаи қонун ҳанӯз соли 2015 аз ҷониби як қатор намояндагони мардумӣ таҳти роҳбарии раиси собиқи Думаи давлатӣ Сергей Наришкин таҳия шуда буд.

   Дар лоиҳаи нави қонун як қатор тағйирот ворид карда шудааст. Аз ҷумла, минбаъд ба субъектҳо ҳуқуқи баланд бардоштани ан­дозаи тарҳи андози иҷтимоӣ барои корҳои хайриявӣ – барои андоз аз даромади шах­сони воқеӣ аз 25% то 30% дода мешавад. Ҳукуматҳои минтақаҳо худашон ҳадди аксари маблағи умумиро муқаррар мекунанд, инчу­нин худашон чунин категорияҳои муассисаҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва фондҳоро таъсис медиҳанд.

   Илова бар он, дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки ширкатҳо хароҷоташонро барои корҳои хайриявӣ барои 100% тарҳ кардани андоз аз фоида ворид кунанд.

   Агар лоиҳаи қонун дар ҳамин шакл қабул гардад, пас аз як моҳи ба имзо расиданаш амал мекунад.

Манбаъ: http://taxpravo.ru/novosti

2086 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF