wrapper

Хабарҳо

   Комиссияи Аврупо анде­ша дорад, ки барои маҷмӯи даромадҳои ширкатҳои ази­ми иттилоотии дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо фаъолияткунанда «андози рақамии» 3-фоиза ҷорӣ карда шавад. Дар рӯихати чунин ширкатҳо Apple, Google ва Facebook номбар шу­даанд.

   Бо чунин пешниҳод раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон иқдом кард. Пешниҳодашро Ма­крон дар ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо оид ба технологияҳои иттилоотӣ ҳанӯз соли 2017 иброз намуда буд. Ҳамон вақт пешниҳоди раисиҷумҳури Фаронсаро аз 28 давлати узви Иттиҳоди Аврупо 19 давлат дастгирӣ карда буданд. Ҳоло Комиссияи Аврупо ба таҳияи пешниҳоди Макрон машғул аст.

Манбаъ: ИТАР ТАСС

516 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF