Нусхаи чопи

   Тули шаш соли наздик Белоруссия метавонад бо сабаби робитаҳои молиявӣ дар соҳаи нафт бо Россия, агар ҷуброн накунад, 10 миллиард долларро аз даст диҳад, гуфтааст муовини вазири молияи Белоруссия Андрей Белковетс.

   Тавре ӯ гуфтааст, дар маҷмӯъ, ду сенарияи рушди вазъ мавҷуд аст, ки яке аз онҳо ба Россия пардохт кардани ҷуброни пулиро пешбинӣ мекунад.

   «Агар ҳолати бадтаринро дар назар дошта бошем, ки ҳангоми он ҷонибҳо ба ягон қарори мушаххас нарасида бошанд, он гоҳ мо зиён ме­бинем. Ҳам аз ҷиҳати воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ, ҳам аз ҷиҳати бад шудани иқтисодиёти ду заводи нафткоркунӣ», - гуфтааст муовини вазири молияи Белоруссия.

   «Агар ба ягон қарор омада чизеро тағйир надиҳем, дар тули шаш соли минбаъда ҳангоми татбиқи муомилоти нафтӣ ба зарари фарогир рӯ ба рӯ мешавем, ки баробари 10 миллиард сомонӣ аст», - изҳор доштааст ӯ.

Манбаъ: http://taxpravo.ru/novosti

1324 Шарҳҳо