wrapper

Хабарҳо

   Суди федералии шаҳри Ню-Йорк Майкл Коэн, ҳуқуқшиноси собиқи президенти ИМА-ро, ки қаблан айбашро оид ба найрангҳои молиявӣ ва ҷиноятҳои дигари содиркардааш ба зимма гирифта буд, ба мӯҳлати се сол равони зиндон намуд. Дар ин бора хабаргу­зории CNN хабар додааст.

   Ҳукми судии Коэн мӯҳлати 36 моҳро ташкил медиҳад. Қаблан собиқ ҳуқуқшиноси Трамп айбашро дар бораи пинҳон кар­дани андозҳо, вайрон кардани қоидаҳои маблағгузории маъракаи пешазинтихоботӣ, найрангбозиҳо дар соҳаи бонкдорӣ, ба ташкилотҳои молиявии ИМА пешниҳод наму­дани маълумоти бардурӯғ ва ба Конгресс до­дани нишондодҳои дурӯғро ба зимма гирифт.

   Дар мурофиаи пеш аз ҳукми судӣ Коэн гуфт: «Ман ҳам барои содир кардани амалҳои ғайриқонунии ба манфиати худам ва ҳам ба манфиати дигарон нигарондашудаи содиркардаам ҷавобгарии пурра доштанамро ба зимма мегирам». Коэн инчунин қайд намуд, ки ӯро «ба роҳи хато» «боварии кӯр-кӯрона ба Трамп равона кардааст. «Ман гумон доштам, ки пинҳон кардани амалҳои ифлоси вай қарзи ман аст», - гуфтааст ҳуқуқшинос.

Манбаъ: https://news.mail.ru/politics/35682234/

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF