wrapper

Хабарҳо

   Сарояндаи маъруф Шакираро дар Испания ба пинҳонкунии андозҳояш дар ҳаҷми 14,5 миллион евро дар солҳои 2012-2014 гумон­бар донистаанд.

   Тавре нашрияҳои испанӣ навиштаанд, сароянда андоз аз даромад ва андози молу мулкашро пардохт накардааст. Прокуратура ният до­рад аз болои сароянда ба суд даъво пешниҳод кунад.

   Шакираи 41-сола дар олам ҳамчун сароянда, муаллифи сурудҳо, раққоса, продюссери мусиқӣ, хореограф ва мо­дел маъруф аст. Ӯ панҷ маротиба бо ҷоизаи МTV Video Music Awards, му­кофоти Grammy, ҳафт ҷоизаи Billboard Music Awards қадр шудааст.

Манбаъ: http://taxpravo.ru/novosti

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF