wrapper

Хабарҳо

      Дар Россия 7,2% кормандони корхонаҳои калон ва миёна дар як моҳ зиёда аз 100 ҳазор рубл маош мегиранд. Асосан мутахассисони шаш соҳаи иқтисод миқдори мазкури маошро мегиранд. Ҳангоми ташаккул додани рейтингҳо коршиносон маоши миёнаи меҳнати соҳаҳоро дар 12 моҳ (аз 1 майи соли 2019 то 1 майи соли 2020) ба ҳисоб гирифтаанд. Маълумот бо дарназардошти пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ тартиб дода шудааст.

     Дар кадом соҳаҳо маоши баланд медиҳанд?

     Тибқи тадқиқот, корманди миёнаҳол дар Россия соли 2020 ҳар моҳ ба андозаи 35 ҳазор рубл маош гирифтааст. Дар 14 соҳа музди ҳисобии маош аз нишондиҳандаи миёнаи маош баланд будааст.

     Музди баландтарини заминавии меҳнат дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (64,8 ҳазор рубл), моҳипарварӣ ва шикори моҳӣ (63,6 ҳазор рубл), фаъолияти молиявӣ (61,5 ҳазор рубл), тадқиқоти илмӣ (56,7 ҳазор рубл) муқаррар шудааст. Ба қатори панҷ соҳаи дорои маоши баланд кормандоне дохил шудаанд, ки дар соҳаҳои касбӣ ва техникӣ (консалтинг, аудит, ҳуқуқ, муҳосибот, меъморӣ, истифодаи замин, озмоишҳои техникӣ, сертификатсия ва амсоли инҳо) фаъолият доранд. Маоши заминавии онҳо 51,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

     Дар кадом соҳаҳо кормандон маоши аз ҳама баланд мегиранд?

     Муаллифони тадқиқот инчунин ба масъалаи дар кадом соҳаҳо баланд будани ҳиссаи кормандоне таваҷҷуҳ кардаанд, ки онҳо дар як моҳ аз 100 ҳазор рубл маоши зиёдтар мегиранд. Кормандони соҳаи моҳипарварӣ ва шикори моҳӣ аз ин ҷиҳат мақоми аввалро ишғол намудаанд. 20 фоизи кормандони соҳаи мазкур аз 100 ҳазор рубл зиёдтар маош мегирифтаанд. Тавре таҳлилгарон шарҳ додаанд, сабаби чунин баланд будани маош хусусияти ҷубронӣ доштани он мебошад: моҳипарварон ва шикорчиёни моҳӣ дар шароити мушкили иқлимӣ, дар обҳои кушод ва дур аз манзил кор мекунанд. Илова бар он, дар соҳаи моҳипарварӣ ва шикори моҳӣ ҳамагӣ 0,2 фоизи аҳолии Россия машғули кор мебошанд.

     Дар мақоми дуюм аз рӯи ҳиссаи кормандоне, ки дар як моҳ зиёда аз 100 ҳазор рубл маош мегиранд (27,3%), кормандони соҳаи молия қарор гирифтаанд. Дар соҳаи мазкур кормандони бонкҳо нисбатан муваффақ будаанд, зеро ба кормандони бонкҳо бо сабаби масъулияти калони молиявӣ доштан музди калони меҳнат пардохт мекардаанд, шарҳ додаанд коршиносон. Аз ҷиҳати дигар, соҳаи мазкур бо он сабаб сердаромад аст, ки бонкҳо дар ҳамаи минтақаҳои кишвар фаъол буда, пешравии мансабии корманди бонк кафолат дода мешавад.

     Соҳаи сеюм, ки дар он ҳиссаи ходимони ҳаҷми маошашон баланд нисбатан калон аст, соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок мебошад. Дар соҳаи мазкур 24,1 фоизи кормандон ҳар моҳ бештар аз 100 ҳазор рубл маош мегиранд. Сабаби асосии баланд будани андозаи маоши кормандони соҳаи мазкур боз ба он алоқаманд аст, ки маоши соҳа бо сабаби кор дар шароити вазнин хусусияти ҷубронӣ дорад: аксари кормандон тибқи усули вахтагӣ дар маҳалҳои шароиташон вазнин кор мекунанд.

     Ба қатори пешсафони рейтинг соҳаҳои фаъолияти касбӣ ва техникӣ (22,2%), ширкатҳои IT, алоқа ва иртибототи омма (22%), тадқиқот ва таҳияи илмӣ (19,2%) ҳам дохил шудаанд. Сабаби андозаи баланди маош дар соҳаҳои мазкур дар он аст, ки дар соҳаҳои номбурда фаъолияти зеҳнӣ бартарӣ дорад.

     Муаллифони тадқиқот шарҳ медиҳанд, ки дар шаш соҳаи мазкур на танҳо роҳбарони корхонаҳо, инчунин ҳиссаи муайяни мутахассисон ва коргарони пешқадам ҳам ҳар моҳ зиёда аз 100 ҳазор рубл маош мегиранд.

     Соҳаҳое, ки музди аз ҳама кам медиҳанд

     Дар сафи охири рейтинги мазкур оид ба ҳиссаи ходимоне, ки ҳар моҳ бештар аз 100 ҳазор рубл маош мегиранд соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва саноати сабук қарор гирифтаанд. Дар соҳаҳои мазкур ҳамагӣ 1,2 фоизи кормандон маоши калон мегиранд. Дар тадқиқот зикр шудааст, ки дар ду соҳаи мазкур маъмулан музди меҳнат паст аст.

     Тибқи тадқиқот, маоши заминавии меҳнати пасттарин дар соҳаи саноати сабук (20,5 ҳазор рубл), хизматрасонии шахсӣ ва маишӣ – толорҳои ҳусн, ҳаммомҳо, хушкашуиҳо, таъмири асбобу ашёи маишӣ, хизматрасониҳои маросимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва амсоли онҳо (23,9 ҳазор рубл), кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал (24,6 ҳазор рубл), меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо (24,7 ҳазор рубл), маориф (25,4 ҳазор рубл) ба қайд гирифта шудааст.

     Коршиносон соҳаҳоеро низ муқаррар намудаанд, ки дар онҳо ҳиссаи калони кормандон барои заҳмати худ дар як моҳ ҳамагӣ камтар аз 15 ҳазор рубл маош мегиранд. 28,7 фоизи кормандони соҳаи хизматрасониҳои шахсӣ ва маишӣ, 25,6 фоизи кормандони саноати сабук ва 20,7 фоизи кормандони муассисаҳои таҳсилотӣ дар як моҳ аз 15 ҳазор рубл камтар маош мегиранд. Ба панҷгонаи соҳаҳои маошашон ночиз соҳаҳои бизнеси меҳмонхона ва тарабхонаҳо (19%), истеҳсоли мебел, ҷавоҳирот, молҳо барои кӯдакон ва молҳои варзишӣ (18,2%) тааллуқ дошта, кормандони соҳаҳои мазкур дар як моҳ камтар аз 15 ҳазор рубл маош мегиранд.

Манбаъ: https://aif.ru/ money/mymoney

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF