Дар масъалаи табодули иттилооти андоз байни кишварҳои узви ИДМ аз моҳи август оғоз карда Ҷумҳурии Беларус низ ҳамроҳ мешавад, хабар додааст оҷонсии иттилоотии БЕЛТА.
Тавре дар хабар омадааст, протоколи номбурдаро дар шаҳри Остона ду сол пеш сарвазирони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида буданд.
Татбиқи амалии ҳуҷҷати мазкур, тавре коршиносон мегӯянд, ба кӯмаки муштараки давлатҳои аъзо дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромадҳо ва сармоя, кӯмаки муштарак дар масъалаи андозҳо, пурзӯр намудани назорат аз болои риояи қонунгузории андоз равона гардидааст.
Илова бар он, дар чорчӯбаи протокол табодули иттилоот дар бораи намудҳои алоҳидаи даромадҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, намудҳои алоҳидаи амвол ва соҳибмулкони онҳо пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: https://rg.ru